Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ODIHR даъватномаи назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистонро дарёфт кард


Соли 2013 аз интихоботи президентии Тоҷикистон як ҳайати дарозмуддати ODIHR назорат карда буд
Соли 2013 аз интихоботи президентии Тоҷикистон як ҳайати дарозмуддати ODIHR назорат карда буд

25 рӯз пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон ниҳоят Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки барои ирсоли ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе даъватнома дарёфт намуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми сентябр огоҳонида шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 10-уми сентябр як масъули ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ODIHR интизори даъватнома аст, то мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ба назорат шуруъ кунад.” Лорен Барановска, ноиби сухангӯи ODIHR он замон гуфт, ки ин ниҳод танҳо бар асоси даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон метавонад фаъолияташро ҷиҳати назорати интихобот ба роҳ бимонад. Феълан маълум нест, ки тасмими ҳайати ODIHR барои назорат аз интихоботи Тоҷикистон чӣ мешавад. Чун аввалин бор дар соли 2020 ин созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон худдорӣ карда, танҳо ҳайати хурди коршиносонашро фиристода буд.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро нашр ва гуфтанд, ки интихоботи порлумонӣ дар як муҳите баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.” Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардум дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд.

Баҳои ин ниҳод аз интихоботҳои президентӣ дар давоми солҳои истиқлолият ғолибан интиқодӣ буда, ҳама овоздиҳиҳо дар ихтилоф бо меъёрҳои интихоботи демократии САҲА арзёбӣ шудаанд. Дар интихоботи президентии имсола қарор аст панҷ номзад иштирок кунанд, ки яке аз онҳо президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон аст. Мунаққидону мухолифон мегӯянд, ки ширкати президенти 68-солаи Тоҷикистон, ки аз соли 1994 дар интихобот ҳамеша баранда эълон шудааст, натиҷаҳои онро аз ҳоло пешгӯишаванда мекунад. Дар тасмими ахири Комиссиюни марказии интихоботҳои Тоҷикистон ду довталаб – Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократ ва Фаромуз Иргашев, хостори ширкат аз роҳи худпешбарӣ сабтином нашуданд.

XS
SM
MD
LG