Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод аз нақши Тоҷикистон барои поён додан ба ҷанги Афғонистон гуфт. ВИДЕО


Залмай Халилзод гуфт, ки аз сафараш ба Тоҷикистон розист.

Залмай Хализод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон зимни сафар ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳҳои поён додан ба ҷанги тӯлонӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон гуфтугу кард. Залмай Халилзод, яке аз миёнҷигарони асосӣ барои сари мизи музокирот овардани Толибон ва ҳукумати Афғонистон аст. Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми октябр бо Залмай Халилзод гуфтугуе анҷом дод ва аз роҳҳои хатми ҷанг дар Афғонистон пурсид.

Радиои Озодӣ: Шумо чаҳор рӯз қабл дар Қатар будед ва бо ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон мулоқот доштед. Мехостем пурсем, ки ҳоло дар Қатар чӣ мегузарад?

Залмай Халилзод: Аввалан ташаккур аз шумо ва хушҳолам, ки ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳастам ва маҷлисҳои хубе доштам. Дар бораи саволи шумо бояд бигӯям, як қадами бисёр мусбат сурат гирифта, ки дар Доҳа тимҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Толибон бо ҳам музокира, баҳс ва табодули назар мекунанд. Ин як қадами бисёр хубе аст, дар чиҳил соли ҷанг дар Афғонистон. Гуруҳҳое, ки дар ҷанг бо ҳам ҳастанд, мехоҳанд, аз роҳи сулҳ ва аз роҳи пайдо кардани як роҳи сиёсӣ ҷангро дар Афғонистон поён диҳанд. Дар Доҳа музокираҳо, баҳсҳо ва тамосҳо байни гуруҳҳо давом дорад.

Халилзод аз нақши Тоҷикистон барои поён додан ба ҷанг дар Афғонистон гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:54 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба куҷо расидааст музокирот? Оё то ин лаҳза чизе ба даст омадааст?

Залмай Халилзод: “Мисле, ки дар матбуот гуфта шуда, дар бораи тарзи амал барои музокира баҳсҳо давом дорад ва аз 20 масъалае, ки матраҳ шуда буд, дар бораи 18 масъала мувофиқа сурат гирифтааст. Танҳо 2 масъала то ҳанӯз такмил нашудааст ва мо умедворем, ки пешрафт сурат гирад, такмил шавад ва боз баҳс бар сари аҷендо (дастури кор) сурат бигирад.

Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки 2 масъалае, ки сараш мувофиқа ҳосил нашудааст, чӣ ҳаст?

Залмай Халилзод: “Хуб аст, ки аз худи онҳо бишнавед, дар ин бора. Чаро ки ин баҳсҳо чунин ҳастанд, ки соҳибаш ҳам афғонҳо ҳастанд ва ба роҳбарии афғонҳо сурат мегирад ва дар утоқи музокира ҳеч кадом хориҷие вуҷуд надорад. Мо тарафдори он ҳастем, ки афғонҳо ҳарчӣ зудтар ба мувофиқа расанд, рӯи ин масоиле ки ҳоло рӯяш баҳс аст ва ба дастури кор бирасанд ва роҳи ҳал барои масоили сиёсӣ, ки сабаби ҷанг аст, онҳоро ҳал кунанд.

Радиои Озодӣ: Оқои Халилзод, сулҳ дар ояндаи наздик ба Афғонистон омаданист ва чӣ монеаҳое барои расидан ба сулҳ вуҷуд дорад?

Залмай Халилзод: “Аввал инки ҳама бояд ҳавсала кунем, дар ин қисмат, гарчи мардуми Афғонистон мисли ҷомеаи байналмилмалилӣ аҷала доранд, барои расидан ба сулҳ ва мехоҳанд, ки ҳарчӣ зудтар ҷанг хатм шавад. Ин қобили фаҳм аст, чун ин ҷанг муддати тулонӣ давом дошт. Вале чун ҷанг тӯлонӣ буда, печидагиҳое ҳатман ҳаст ва он вақт хоҳад гирифт. Мо тарафдори хатми ҷанг дар ояндаи наздик ҳастем, аммо бояд ҳама ҳавсала дошта бошанд. Намешавад, пешбинӣ кард, ки дар чанд рӯз ё чанд ҳафта як ҷанги 42-сола хатм шавад. Аммо ҳарчӣ зудтар беҳтар, ва сабру ҳавсала, якдигарро пазируфтан, як формулаеро пайдо кардан, ки қобили қабули ҳарду тараф бошад ва ҳам амалӣ шуда тавонад. Кор кор аст, ҳарду тараф бояд омода бошанд ва як роҳеро пайдо кунанд, ки на касе баранда ва на касе бозанда бошад, аммо баранда мардуми Афғонистон бошанд. Ҷанги тӯлонӣ, ки ҳамарӯза теъдоди зиёди афғонҳо бадбахтона кушта ё захмӣ мешаванд, хатм шавад.

Радиои Озодӣ: Аммо ҷаноби Сафир дар роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон худи шумо чӣ монеаҳоеро мебинед?

Залмай Халилзод: “Як монеаи бузург хушунат аст ва ин хушунат, ки ҳанӯз хеле зиёд аст, кумак мекунад, ба зиёди адами эътимод байни ду тараф, ки ҷиддӣ ҳастанд, дар масъалаи сулҳ ё на? Мо тарафдори кам шудани хушунати ҷанг ҳастем ва дар баҳсҳое, ки дар Доҳа доштем, ташвиқ кардем, ки бояд хушунати ҷанг поён дода шавад. Хуб фосилаҳое ҳам ҳаст, агар фосила намебуд, ихтилофи назар намебуд, ҷанг намебуд. Инҳо бояд ҳарчӣ зуд ба мавзӯоте, ки сабаби ҷанг аст бирасанд. Ҳоло нарасидаанд ва руйи масоили тарзи кор суҳбат мекунанд.

Радиои Озодӣ: Дар пасманзари гуфтугӯҳои сулҳ ва ҳамроҳ шудани Толибон дар қудрат, нигарониҳо дар мавриди ҳуқуқи занон, озодии баён ва ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ ва этникӣ вуҷуд дорад. Ин нигарониҳо то куҷо метавонад, асос дошта бошанд?

Залмай Халилзод: “Нигарониҳо баҷост ва барои инки як роҳи ҳал пайдо шавад, ки кор диҳанд, он роҳи ҳал тарафдории васеъ дар дохили Афғонистон, минтақа ва ҳатто дар ҷаҳон дошта бошад. Дар масоили дохилӣ табъан низоми сиёсӣ, ки дар он ихтилори назар аст, ҳуқуқи мардум зану мард, ақвом ва қабоили мухталиф, гуруҳҳое ки дар таърихи Афғонистон роли муҳим доштанд ва гуруҳҳои ҷадиде, ки рӯи кор омаданд. Бояд инҳо ҳама худро дар ин формуле барои ояндаи сиёсии Афғонистон бубинанд. Мо ҳам рӯшан сохтем, ба атрофи мухталиф, ки сиёсати ояндаи Амрико дар муқобили Афғонистон рабт хоҳад дошт, ба он чӣ файсалае мешавад аз тарафи ду тараф барои сохтмони сиёсии ояндаи Афғонистон ва эҳтиром ба ҳуқуқи ҳама мардум. Файсалаи онҳо таъсир хоҳад дошт, ба файсалаи Амрико барои кӯмакҳо ва робитаи хубе, ки Амрико мехоҳад, ба Афғонистон дошта бошад.»

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Сафир, агар суоламро ошкортар бипурсам дар ҷомеаи Афғонистон бархеҳо метарсанд, ки бо ҳамроҳ шудани Толибон ба қудрат боз ҳам вазъи соли 2001 пеш наояд, занон аз ҳуқуқи таҳсил маҳрум нашаванд, озодии баён боз ҳам маҳдуд нашавад.

Залмай Халилзод: “Ман гуфтам, ки аз як нигоҳ нигаронӣ баҷост. Ҳама афғонҳо чӣ зан ва чӣ мард хатми ҷангро мехоҳанд. Ин хуб нахоҳад буд, агар ин эҳсос шавад, ки хонумҳо мехоҳанд, ҷанг ва ё шароити феълӣ давом кунад. На. Аммо нигаронӣ ҳам дар бораи эҳтиром ба ҳуқуқи занҳо ва пешрафтҳое, ки сурат гирифта ҳам баҷо аст. Гарчи ин масоил масоили дохили Афғонистон аст, мо бо Толибон суҳбат кардем, ки эҳтиром ба ҳуқуқи ҳама шаҳрвандони Афғонистон, чӣ марду зан ва чӣ аққалиятҳои мазҳабӣ ва ақвоми мухталиф муҳим аст. Барои кор додани формул муҳим аст, чун арз кардам, ки бояд ин формули сиёсӣ тарафдории васеъ дар Афғонистон дошта бошад. Дар айни замон Афғонистон ба кумаки ҷаҳон зарурат хоҳад дошт ва бахусус дар қисмати ИМА, ки тарзуламали ҳукумати оянда, ҳукумате ки мавриди тавофуқи атбои мухталиф бошад, мо мебинем, ки онҳо чӣ файсала мекунанд ва мо дар муқобили он файсала мекунем. Толибон ба ман гуфтаанд, ки намехоҳанд, ба шароити соли 2001 баргарданд, ки хонумҳо Афғонистон ҳаққи таҳсил ва кор хоҳанд дошт, инҳо тарафдори он ҳастанд. Бар илова Толибон ҳукуматро намегиранд, Толибон шарик мебошанд ва аносири мухталиф дар ин ҳукумат бояд бошад. Ҳукумат бояд ҳукумати ҳамашумул бошад, барои онки кор диҳад.»

Радиои Озодӣ: Амрико дар авохири моҳи феврал бо Толибон тавофуқи сулҳ ба имзо расонд. Оё ин созишнома амалӣ шуданд?

Залмай Халилзод: “Пешрафт сурат гирифта дар иҷрои кор, аммо мукаммал нашуда. Мо ҳам гуфтем, чизе ки марбут ба Амрико аст, барои амалӣ сохтан рабт дорад бо корҳо, ваъда ва шароите ки он тараф қабул карда, мо то ҷое, ки марбут ба Амрикост ва қадамҳое, ки лозим буд мо бигирем, гирифтем. Тарафи муқобил ҳам боз қадамҳоеро гирифта. Аммо ҳанӯз такмил нест ва мо мунтазири такмил шудани қадамҳое ҳастем, ки аз тарафи муқобил ваъда шуда буд. «

Радиои Озодӣ: Оқои Халилзод, дар оғози суҳбат гуфтед, ки ду рӯз дар Тоҷикистон ҳастед ва бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доштед. Гуфтугуҳои шумо бо мақомоти Тоҷикистон сари чӣ масоиле буданд?

Залмай Халилзод: “Сари масоили сулҳ дар Афғонистон буд. Хушҳолам, ки бо ҷаноби раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки таҷрибаи зиёде дар масоили ҷангу сулҳ доранд, чун Тоҷикистон ҳам як муддат аз ҷанг садама дид ва билохира як мувофиқаи сиёсӣ сурат гирифт. Хостем аз он таҷрибаҳои Тоҷикистон истифода кунем. Дуввум инки пештар ҳам ишора кардам, барои расидан ба сулҳ ва амалӣ кардани нақшаи сулҳ на танҳо ҳамкории афғонҳо лозим аст, балки кишварҳои ҳамсоя ҳам ҳамкорӣ кунанд. Мо дар ҷустуҷӯи як формуле ҳастем, ки кишварҳои минтақа ва кишварҳои муҳими дунё, ки таъсиргузоранд болои шароит дар Афғонистон бо афғонҳо дар бораи расидан ба мувофиқаи сулҳ ва амалӣ кардани он мувофиқа ҳамкорӣ кунанд. Ҳамчунон, ки омадани сулҳ ба Афғонистон таъсир хоҳад дошт болои минтақа, имконоти онки иртибототи иқтисодӣ, тиҷоратӣ зиёдтар шавад, бояд омодагӣ сурат гирад барои истифода аз он шароит.»

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон чӣ нақше метавонад дошта бошад?

Залмай Халилзод: “Тоҷикистон як кишвари муҳим ва ҳамсояи Афғонистон аст. Равобити қавии мардумӣ, таърихи динӣ фарҳагӣ аст ва дар гузашта ҳам Тоҷикистон рол дошта. Дар вақти муқовимат теъдоде аз афғонҳо ба Тоҷикистон омада мерафтанд. Як теъдоде аз афғонҳо ҳоло ҳам ҳастанд дар Тоҷикистон дар донишгоҳ ва мактабҳо дарс мехонанд. Дар сулҳи Тоҷикистон ҳам баъзе афғонҳо нақш доштанд, дӯстиҳои шахсӣ ҳам ҳаст байни мақомот. Тоҷикистон нақши муҳиме дорад ва ман аз сафар ба Тоҷикистон розиам. Тоҷикистон мехоҳад, мумид (кӯмакрасон)-и сулҳ дар Афғонистон бошад ва ҳам омода аст, ки дар шароити лозим аз шонсе, ки сулҳро ба минтақа меорад, истифода кунад.»

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамвора нигарониҳо аз таҷаммуи гурӯҳҳои ҷангӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдидҳо аз ҷануб вуҷуд доштааст. Ҳоло то кадом андоза ин кишварҳо метавонанд мутмаин бошанд, ки баъд аз тавофуқи сулҳ хатари дигаре онҳоро таҳдид намекунад?

Залмай Халилзод: “Ин нигаронии на танҳо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст, балки нигаронии кулли дунё аст. Чизе, ки дунё мехоҳад, бо шумули Тоҷикистон ин аст, ки афғонҳо сулҳ дошта бошанд ва дар Афғонистон хатари дигаре барои кишвари дигаре набошад. Дар мувофиқаи мо бо Толибон ва дар эъломияи муштараке, ки дар Кобул пахш шуд, ин принсип аз ҷониби ҳарду тараф қабул шудааст, ки аз Афғонистон хатаре ба Амрико, дӯстони Амрико ва мо мегӯем, ба ҳеч кишваре сурат нагирад. Аммо барои инки ин кор амалӣ шавад, натанҳо сулҳ дар Афғонистон лозим аст, балки қадамҳое ҳам лозим аст, ки барои муқобила бо ифротияту террор бардошта шаванд. Баъд аз сулҳ мувофиқаи сулҳ ҳам Амрико як робитаи давомдоре бар зидди террор дошта бошад ва ҳамчунон мо мехоҳем, ки бо ҳамкории мнитақавӣ, ҳамкории Амрико бо минтақа ва ҳамкории байналмилалӣ барои муқобили бо террор бо ифрорият давом кунад.

Радиои Озодӣ: Қадамҳое ки шумо мегӯед баъд аз мувофиқаи сулҳ бояд аз ҷониби кӣ бардошта шаванд?

Залмай Халилзод: “Ҳарду, ҳам ҳукумате ки дар Афғонистон бар асоси мувофиқаи ақвоми мухталиф ба вуҷуд меояд, ҳам мо ва ҳам кишварҳои дунё бо он ҳукумат дар бораи ҳамкории оянда баҳс кунанд ва ба мувофиқае расанд. Афғонистони оянда ҳам ба кӯмакҳои ҷаҳон ниёз хоҳад дошт ва Амрико ҳозир аст, ки бо Афғонистони баъд аз мувофиқаи сулҳ ҳамкор бошад, кумак кунад. Амрико мехоҳад, як мероси хуб дар Афғонистон бигзорад. Ҳамчунон Амрико ҳозир аст бо минтақа ҳамкор бошад, на танҳо барои муқобила бо террор дар он замон, балки дар масоили иқтисодӣ, дар сохтани зербиноҳое, ки тиҷоратро осон байни Афғонистону Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон осон мекунад ва бозорҳои дунё наздиктару бозтар шаванд. Ҳамчунин дар пешрафтҳое, ки зарур аст аз нигоҳи мардум дар Афғонистон, мо файсала кардем, ки як робитаи хуб на инки зидди ин кишвар ё кадом кишвари дигаре бошад. Аммо ҳамкорӣ бо мардуми Афғонистон, бо ҳукумати баъд аз сулҳ дар Афғонистон ва минтақа дошта бошем.

Радиои Озодӣ: Дар Афғонистон ба ҷуз Толибон, дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯ низ вуҷуд доранд. Дар сурати тавофуқ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, тақдири дигар гурӯҳҳои ҷангӣ, ки бархе аз онҳо решаи хориҷӣ доранд чӣ мешавад?

Залмай Халилзод: ”Афғонистон дар як мавқеи қавитар қарор хоҳад гирифт, барои муқобили бо гуруҳҳои террористие мисли ДОИШ. Толиб душманди ДОИШ аст ва бо ДОИШ дар ҷанг будааст. Толибон мувофиқа кардаанд, ки аз минтақае, ки ҳоло зери назари онҳо аст ва агар ҷузъи ҳукумати оянда мешаванд, дар тамоми Афғонистон ба ҳеч гуруҳе, ки хатар дошта бошанд, аз Афғонистон бо онҳо иҷозат нахоҳанд дошт то ба Амрико, кишварҳои дӯсти Амрико ва ҳатто ба ҳеч кишваре аз Афғонистон хатар вуҷуд надошта бошад.»

Радиои Озодӣ: Афғонистон баъд аз ҳамроҳ шудани Толибон ба қудрат чи гуна кишваре хоҳанд буд?

Залмай Халилзод: “Аввал, як кишвари ором, ки ҷанг дар он тамом мешавад. Мардуми Афғонистон мисли мардуми дигар вақте фарзандонашон ба мактаб мераванд, итминон дошта бошанд, ки онҳо бармегарданд. На инки дар тарс бошанд, ки писар ё духтарам, ки ба мактаб рафтааст, бармегардад ё не. Ин зарурати ҳаётии ҳар оила ва инсон аст. Ин муҳим аст. Касоне, ки дар ҷанг нестанд, ба ин масъала аҳамияти лозим намедиҳанд. Фикр кунед, ки бештар аз 40 сол аст дар Афғонистон ҷанг аст. Ин дастоварди бузурге хоҳад буд, ки ҷанг дар Афғонистон анҷом меёбад. Дуввум инки аз Афғонистон хатар ба дунё нахоҳад буд ва ин ҳам пешрафти бузурге аст.

Ин ҷанги 20 соли гузашта бо сабаби ин мушкил ба вуҷуд омад ва умедворам, ки аз ин пешрафтҳое, ки дар ин 20 сол сурат гирифта, ба ҳайси таҳдоб (зербино Р.О.) истифода шуда ва Афғонистон тавонад ҳарчи бештар пешрафт кунад. Ҳама манотиқи Афғонистон, ҳама мардум аз ин пешрафтҳо истифода кунанд. Манотиқе, ки ҷанг шиддат дорад ва Толибон дар онҷо зиёдтар ҳастанд, мумкин он қадар пешрафт накарда бошанд. Чун дар он манотиқ ҷанг буд. Шонс ба вуҷуд меояд, ки дар он минтақа ҳам пешрафти иқтисодӣ ва башарӣ сурат гирад.

Чӣ толиб ва чӣ дигар афғонҳо дар сулҳу амону дар қабулии якдигар барои беҳтар сохтани зиндагии мардум бар асоси файсалаҳои худи мардуми Афғонистон як кишвари мустақил, як кишваре ки ваҳдати милии қавӣ дошта бошад, бо ҳама кишварҳо робитаи хуб дошта бошад, пешрафт кунад ба чунин кишваре табдил шавад.»

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG