Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарди "заминфурӯшӣ" давое ёфтааст? Таҳқиқи Радиои Озодӣ


Нишонагузории тақсими замин дар ноҳияи Рӯдакӣ, 11 ноябри соли 2020.

Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се самт оғӯш гирифтааст, дар панҷ соли охир бо хабарҳои тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин шӯҳрат ёфтааст. Инро бори аввал соли 2017 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард ва бо дастури ӯ он вақт дар ин ҷо ситоди муштараки Додситонии кулли кишвар ва Кумитаи замин таъсис дода шуд то аз фасод дар тақсими замин пешгирӣ шавад. Як сол баъдаш, Раҳмон ҳангоми ба мақоми раиси ноҳия таъйин кардани Рустам Акрамзода, аз ӯ хост, ба ин «дард» даво ёбад.

АВВАЛ ХЕШ, БАЪД ДАРВЕШ?

Абдукарим Сӯфиев, сармеъмори ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло наздики 300 нафар барои қитъаи замин навбат мепоянд. Бархе аз аризадодагон мегӯянд, солҳост, навбати онҳо намерасад, вале шахсоне, ки аслан аз ин ноҳия нестанд, дар муддати кутоҳ соҳиби замин мешаванд. Ҳуҷҷатҳои тақсими замин, аз ҷумла дар деҳаи Заркамари ҷамоати Чоргултеппаи ноҳия, ин шикоятҳоро тасдиқ мекунанд.

Барои намуна, хонум Ф. Д. (ном ва номи хонаводагии ин зан ба Озодӣ маълум аст) дар зарфи дуюним моҳ дар ин ҷо соҳиби замин шудааст. Ӯ рӯзи 26 июни соли 2020 ба Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, мактуб навиштааст, ки барояш замини наздиҳавлигӣ ҷудо шавад. Ин ариза, ки бар хилофи муқаррароти мавҷуда дар он суроғаи муаллиф мавҷуд нест ва нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз раиси ҷамоат зам нашудаанд, бо суръат дар тамоми зинаҳои поёнӣ посухи мусбат ёфта, 15‑уми сентябр қарори соҳиби 0,6 гектар замин шудани ин занро Рустам Акрамзода имзо кардааст.

Рӯзи 11-уми ноябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ин қитъа дар деҳаи Заркамар дидан карданд. Дар онҷо аллакай нишонаҳои тақсими замини наздиҳавлигӣ гузошта шудаанд. Дида шуд, ки чанде пеш ҳосили онҷоро, ки зоҳиран гандум буд, ҷамъоварӣ кардаанд. Сокинони деҳаи Заркамар низ гуфтанд, дар инҷо то ҳамин сол гандуми лалмӣ кишт мешуд. Бино бар муқаррарот тақсими заминҳои кишоварзӣ барои бунёди манзил манъ аст.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Ф. Д, ҳамсари яке аз наздикони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аст ва маҳз барои ҳамин хеле зуд ва бо нақзи муқаррарот соҳиби замин гашт.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода ба дар шарҳи ин масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҳолатҳое, ки дар мактуб омадааст, дар ҳайрат мондааст”. Ва афзуд, “баъзан чизҳое мешавад, ки мо умуман бехабар мемонем”.

Акрамзода робитаи хешутаборияшро бо Ф. Д. рад кард, вале хешу табор будан ё набудани Саъидмӯъмин, шавҳари ин занро тасдиқ ё инкор накард. Дар посух ба суоли мо, ки Саидмӯъмин хеши шумо нест, гуфт, “ин масъаларо дидан даркор”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Саидмуъмин, шавҳари Ф. Д. тамос гирифт. Ӯ хешутабори раиси ноҳия буданашро рад кард ва гуфт, ки бинобар бемор будани ҳамсараш ба ӯ зуд қитъаи замин додаанд.

“Оилаам касалманд аст. Ман ниёз доштам ба ин ҳолат. Оилаам дар қайди духтур аст,”- гуфт Саидмуъмин. Нуктаи муҳим ин буд, ки вай тасдиқ кард, ки онҳо дарвоқеъ сокини ноҳияи Рӯдакӣ нестанд.

"ҲАМСАРИ РОНАНДАИ РАИС ДАР ЯК ҲАФТА ЗАМИН ГИРИФТ"

Ин зан танҳо нафаре нест, ки хеле зуд дар ноҳияи наздик ба пойтахти Тоҷикистон соҳиби қитъаи замин шудааст. Санадҳое, ки дастраси мо шуд, нишон медиҳад, ки ҳамсари Умар Гулов -- ронандаи Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, дар муддати ҳамагӣ як ҳафта пас аз навиштани ариза соҳиби замин шудааст.

Рӯзи 13‑уми январи соли равон Рустам Акрамзода қарор баровард, ки ба А. М. (аввали ному насаб) дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ин ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад. А. М, ҳамагӣ як ҳафта пеш аз қарори раиси ноҳия дар санаи 7‑уми январ барои гирифтани замин муроҷиат карда буд. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ як рӯз баъди ин муроҷиат аллакай барои ҷудо кардани замин ба раиси ноҳия пешниҳод дод. Санадҳо нишон медиҳанд, ки А. М. сокини ноҳияи Рӯдакӣ нест ва аз рӯйи қонунҳои Тоҷикистон шаҳрванд танҳо дар маҳалли зисташ бояд барои дастрас кардани замин ариза нависад. Бар асоси санадҳо А. М., сокини деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат аст.

Таҳқиқи Радиои Озодӣ маълум кард, ки ба А. М. дар рӯзҳое замин ҷудо шудааст, ки шавҳари ӯ, Умар Гулов, ронандаи раиси ноҳия буд.

Умар Гулов ҳоло ронандаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ нест. Хабарнигори мо Гуловро пайдо кард ва ба ӯ занг зад. Ӯ ба назди дафтари Радиои Озодӣ омад, вале бо далели номаълум аз гуфтани назараш дар ин бора худдорӣ кард. Вале ӯ ва наздиконаш рад накарданд, ки ӯ то ним сол пеш вай ронандаи раиси ноҳия буд.

Як нуктаи норӯшан дар қазияи ҷудо шудани замин ба номи ҳамсари ронандаи собиқи раиси ноҳияи Рӯдакӣ ин аст, ки ин замин баъди чанд моҳи гирифтани қарор ҳамчун хонаи истиқоматӣ барои истифода ба фарде бо номи Диловаршо Талибов дода шудааст. Ба ин нафар дар шартномае тариқи нотариуси давлатии ноҳия Рӯдакӣ ҳақ дода шудааст, ки метавонад “хонаро бо нарх ва шартҳои ба худаш мувофиқ фурӯшад”. Аслан дар Тоҷикистон фурӯхтани замин манъ аст, вале дар санадҳо аз ин қитъаи замини холӣ ҳамчун “манзили истиқоматӣ” ёд мешавад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 11‑уми ноябр ба ин маҳал рафтанд ва он ҷо ҳанӯз ҳам замин холист ва ҳеҷ биное сохта нашудааст. Он рӯз ду нафар сохтмончӣ тоза ба сохтмон оғоз кардаанд. Онҳо гуфтанд, танҳо нафареро бо номи Хисрав мешиносанд, ки ҳамчун соҳиби замин бо онҳо сӯҳбат мекунад. наздики як моҳ пеш пойдевори манзилро рехта, акнун девор месозанд. Ҳол онки ваколат барои фурӯши ин хонаро, ки нест ҳанӯз дар моҳи июн ҳамсари собиқ ронандаи раиси ноҳия ба Диловаршо Талибов дода буд. Сохтмончиён гуфтанд, танҳо нафареро бо номи Хисрав мешиносанд, ки ҳамчун соҳиби замин бо онҳо сӯҳбат мекунад.

Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ кард, ки Умар Гулов ронандаи ӯ буд, вале чанд моҳ пеш “бо ихтиёри худ” корро қатъ кард. Раиси ноҳия гуфт, намедонад, ки ҳамсари ронандаи собиқаш “аз куҷо ва чӣ хел соҳиби замин шудааст”. Ӯ гуфт, вақте ин ҳолатро дар мактуби Радиои Озодӣ хонд, дар ҳайрат монд.

Ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин қарори замин имзои шумо гузошта шудааст, Рустам Акрамзода гуфт: “Баъзан вақт мешавад, ки ҳуҷҷатҳоро аз сатҳи поёнӣ, аз ҷамоат сар карда, аз Кумитаи замин сар карда пешниҳод мекунанд, комиссия дида меояд, дар он ҳолат, ҳар як ҳуҷҷатро рафта дар ҷояш раиси ноҳия дида наметавонад, комиссияро бовар мекунад”.

ШАРҲИ ҲУҚУҚӢ:

Қоидаи дастраси кардани замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ чунин аст:

Шаҳрванд ба раиси шаҳр ё ноҳияи маҳали зисташ барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ариза менависад. Ариза ҳамроҳ бо нусхаи шиносномаи аҳли хонаводаи ниёзманд ва маълумотнома аз ҷамоат ба Шӯъбаи умумии ҳукумати шаҳр ё ноҳия супорида мешавад. Маъмулан ин ариза аз шӯъбаи умумӣ то назди раиси ноҳия аз се рӯз то як ҳафта мерасад.


Раис аризаи сокинро бо навиштаи “дида бароед”, ё “баррасӣ кунед” дубора ба раиси ҷамоат ирсол мекунад.

Бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ
Бинои ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ

Раиси ҷамоат бо тасдиқи ин ки воқеан ин сокини ҷамоат ниёзманд аст, ба раиси Кумитаи заминсозӣ равон мекунад. Маъмулан, муддате (моҳ ё солҳо) ин аризаҳо дар Фонди манзил нигаҳ дошта мешаванд. Ин ба он хотир аст, ки қитаъе замине дар генплан ё нақшаи умумӣ барои тақсим ба сокинон ҷудо шавад. Дар сурати омода будани замин комиссияи вижа ташкил мешавад ва аъзои комиссия пас аз омӯхтан ба раиси ноҳия пешниҳоди хаттӣ менависанд, ки воқеан ин сокин ё гурӯҳи сокинон ба замин ниёз доранд ва аз маҳаллӣ муайяне имкони додани замин вуҷуд дорад. Комиссия, ки аъзои он аз сармеъмор, кумитаи заминсозӣ, кормандони идораи экология, барқ, идораи обрасонӣ, Шӯъбаи почта, Идораи хоҷагии комуналӣ, Идораи санитарӣ‑эпидимиологӣ, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти оташнишонӣ иборат аст, хулоса медиҳанд, ки ин қитъаи замин барои сохтмони замин мувофиқ аст. Дар сурате, ки гурӯҳи сокинон набошад, худи шаҳрванд бояд аз ҳамаи идораҳои масъул хулоса ба даст биорад. Дар сурати зери хатти барқ Идораи барқ тавсия намедиҳад ё агар ҷойи хатарнок бошад, Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ризояит намедиҳад. Дар сурати ризоият надодани яке аз ин кумитаҳо шаҳрванд ҳақи истифодаи қитъаи муайяни заминро пайдо намекунад. Дар сурати ҳама ниҳод хулоса ё ризоият додан, пешниҳод бо ҷузъиёт ба раиси шаҳр ё ноҳия ирсол мешавад. Раис ҳуҷҷатҳоро меомӯзад ва дар сурати дуруст будани пешниҳод раис қарор барои “вобаста намудани қитъаи замин ба шаҳрванд” қабул мекунад. Барои оғози бунёди манзили зист ва ё сертификат кардани он ба шеваи дигар шаҳрванд як марҳилаи тӯлониро пушти сар мекунад. Аксари мусоҳибони мо гуфтанд, ки барои гузаштани ҳамаи марҳилаҳо барои як шаҳрвандӣ одӣ на камтар аз як сол лозим аст.

Замине, ки ба ҳамсари ронандаи акнун собиқи раиси ноҳия дода шудааст, зери хатти барқ ва дар ҷойи заҳбури пешин аст.

ЧӢ ГУНА ВАРЗИШГОҲИ МАКТАБ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУД?

Дар як бахши таҳқиқот ба мо маълум шуд, ки худи раиси ноҳия расман ба нодуруст тақсим шудани ҳудуди варзишгоҳи мактаби шумораи 105 дар ноҳияи Рӯдакӣ иқрор кардааст.

Бар асоси иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як қисми варзишгоҳи мактаби рақами 105 моҳи апрели соли 2020 ба нафаре бо насаби Норов Т.А. барои бунёди манзили зист дода шудааст. Вале моҳи июл Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ин қарорро бекор кардааст. Сабаби бекор кардани қарори раиси ноҳия аз ҷониби худи ӯ маълум нест.

Мактаби шумораи 105 дар ҳудуди деҳаи Фалакони ҷамоати Россия ҷойгир шудааст. Рӯзи 11-уми ноябр, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба назди мактаби 105 рафтанд, директори мактаб бо шунидани суоли мо аз наздамон дур шуд. Ӯ нахост, дар ин бора суҳбат кунад. Масъулони ҷамоати «Россия», ки зоҳиран бо даъвати директори мактаб ба он ҷо омада буданд ваъда доданд, ки дертар қазияро шарҳ медиҳанд, аммо баъдан аз суҳбат худдорӣ карданд. Дар замони ҳузур хабарнигорони Радиои Озодӣ мушоҳида карданд, ки як қисми варзишгоҳи мактаб девор кашида шудааст, аммо баъдан онро чаппа кардаанд. Як масъули ҷамоати «Россия» ин ҳолатро ба бекор шудани қарори раиси ноҳия рабт дод. Чун Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ санаи 7 июл қарори додани замин ба Норов Т.А.-ро бекор кардааст.

Рустам Акрамзода дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, ки “он майдони варзишӣ аз маҳалли аҳолинишин ҷудо шудааст”. Ӯ гуфт, ки варзишгоҳи ин мактаб дигар аст ва дар ин ҷо сохтмон мавқуф гузошта шудааст.

ЧАРО ЗАҲКАШРО МАҲКАМ КАРДАНД?

Дар ҷараёни таҳқиқ хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳид гаштанд, ки дар бархе аз деҳаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба шаҳри Душанбе наздик ҳастанд, ҳатто ҷуйҳои обгузар ва заҳбурҳо, ки бештар барои ҷорӣ шудани об аз барфу борон пешбинӣ шудаанд, пӯшонда шуда, ҳамчун замин тақсим шудаанд.

Аз ҷумла, яке аз чунин ҳолатҳо дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати Мирзо Турсунзода ба мушоҳида расид. Дар инҷо мо шоҳид шудем, ки ҷуйборро пӯшонда, хок оварда холӣ кардаанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ дар инҷо ба чанд нафар замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Сокинон гуфтанд, то се-чаҳор сол пеш ба инҷо об меомад ва онҳо барои корҳои обчакорӣ аз он истифода мекарданд. Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо далели серкорӣ дар ин бахш ба саволи Радиои Озодӣ посух надод, вале гуфт, ки ба саволҳои хаттии Радиои Озодӣ пас аз мувофиқа бо “боло” посух менависанд.

Ноҳияи Рӯдакӣ аз калонтарин ноҳияҳо дар Тоҷикистон буда, дар канори Душанбе ҷойгир шудааст. Наздикӣ ба пойтахт ангезаи ҷазби сокинон барои соҳиби замин шудан дар ин ноҳия шудааст.

Чунин вазъ, ба гуфтаи коршиносон, ба густариши бештари фасод дар бахши тақсими замин дар ноҳияи Рӯдакӣ доман задааст. Дар солҳои қабл чандин нафар аз мақомдорони ноҳия ва раисони ҷамоатҳо бо гумони фасодкорӣ ҳангоми тақсими замин муттаҳам шуданд.

Ба унвони мисол, Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ моҳи октябри соли 2017 як гурӯҳи панҷ нафариро барои заминфурӯшӣ ва гирифтани пора аз панҷ то 25 сол зиндон карда буд.

Аз ҷумла, дар миёни маҳкумшудаҳо С.Раҳимов, ки аз охири соли 1995 дар мақоми директори Муассисаи давлатии стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон - сохтори тобеи вазорати кишоварзӣ фаъолият мекард, низ буд, ки додгоҳ ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард

Раҳимов ба он муттаҳам мешуд, ки бо истифода аз мақоми хизматии худ дар 73 ҳолат ҳудуди 247 ҳазор доллар аз ҳисоби заминҳои корами обии ин муассиса ва ҳамчунин Кооперативи тиҷоратии “Озмоиш”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҷмӯъ 7,43 гектар заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ фурӯхтааст.

ДАВОЕ ЁФТ МЕШАВАД?

Моҳи марти соли гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Давлатбек Шодиев, муовини раиси ҷамоати Чортеппаи ҳамин ноҳия Ҷумъа Мардонов, коргузор Аҳлиддин Баҳриев, заминсоз Фаридун Норов ва капитани милитсияи маҳаллӣ Азиз Файзов аз ҷониби Агентии зиддифасод бароиба боварии сокини маҳаллӣ Диловар Маҳмудов даромада, барои ҷудо кардани 3 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ дар маҷмӯъ 72 ҳазор сомонӣ пора гирифтаан боздошт карда буд.

Дар аксар ҳолат пайвандони боздоштшудаҳо аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ карда буданд, аз ин рӯ назари онҳо ба ин ҳолат номаълум боқӣ монд.

Ҷустуҷӯи ҷумлаи “заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ” 26 ҳазор пайванди сомонаҳоро дар Гугл ба мо пешниҳод кард, ки аксари онҳо аз боздошти афроде бо гумони фурӯши замин ё ҷинояти наздик ба он буданд.

Баҳси тақсими ноодилонаи замин дар ин ноҳияи пурҷамъияттарини Тоҷикистон, ки дар атрофи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст, бештар аз даҳ сол боз мавзуи баҳс дар сутӯҳи болоии сатҳи болотарини ҳукумат аст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон оли 2017 дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст”.

Соле баъд, Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд ва огоҳон мегӯянд, президент ба ӯ гуфтааст, “ба дарди заминфурӯшӣ дар ноҳия даво пайдо кунад”.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар дар қиёс бо дигар навоҳии Тоҷикистон шаҳрвандон талоши зиндагӣ дар ин ноҳияро мекунанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир аҳолии ин ноҳия 125 ҳазор нафар зиёд шудааст. Шумораи он ба ҳудуди ним миллион нафар расидааст.

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG