Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нӯҳ моҳ наздики 650 мансабдор ба фасодкорӣ гумонбар шудаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар нӯҳ моҳи имсол дар Узбекистон 647 мансабдор бо айби содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба фасоди молӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон хабар дод. Ин оҷонс гуфт, аз моҳи январ то сентябри имсол дар маҷмуъ 838 парвандаи ҷиноии марбут ба фасодкорӣ кушода шудааст, ки аз ин шумор дар доираи 454 парванда 647 мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст. Ба иттилои мақомот, чаҳор нафар аз ин афрод мансабдорони сатҳи ҷумҳурӣ, 15 тан сатҳи минтақа ва 626 тан сатҳи шаҳру ноҳия ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар миёни гумонбарон ба фасодк 34 роҳбари бонкҳои тиҷорӣ ва 184 роҳбари ширкатҳое ҳастанд, ки давлат дар онҳо саҳм дорад. "Зараре, ки дар нӯҳ моҳ ба давлат расонидаанд, бештар аз 200 миллиард сӯмро ташкил медиҳад", - хабар додааст Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон.

XS
SM
MD
LG