Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди дубора шумурдани овозҳо пирӯзии Байденро дар Ҷорҷия тасдиқ карданд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Баъди дубора шумурдани овозҳо дар Ҷорҷия, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, барандаи ин иёлат дар интихоботи президентии 3-юми ноябр тасдиқ шуд.

Як узви кумисюни интихоботӣ дар Ҷорҷия 20-уми ноябр гуфт, "бешак” пирӯзии Байденро таъйид мекунанд.

Натиҷаҳои ғайрирасмӣ дар Ҷорҷия нишон дода буд, ки Ҷо Байден бо ихтилофи андак (ҳудуди 14 ҳазор раъй) аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп пеш аст. Бар асоси қонуни иёлат, ҳудуди 5 миллион овозро дастӣ мешумурданд.

Ҷо Байден ҳафтуми ноябр ва пас аз он ки марзи 270 раъйи интихоботиро гузашт, тавассути расонаҳо ҳамчун барандаи интихоботи Амрико эълом шуд.

Пирӯзӣ дар иёлати Ҷорҷия як муваффақияти бузург барои демократҳост. Онҳо пас аз пирӯзии Билл Клинтон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1992 то кунун ройи ин сангари муҳими Ҷумҳурихоҳонро ба даст наоварда буданд.

XS
SM
MD
LG