Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони ду донишгоҳи муҳими Тоҷикистонро иваз карданд


Ҳамидуллохон Фақеров
Ҳамидуллохон Фақеров

Рӯзи 20-уми ноябр раҳбарони чанде аз донишгоҳҳоро дар Душанбе иваз карданд. Ҳайдар Одиназода аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озод шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ бознишаста аст. Ба ҷойи ӯ Қудрат Давлатзода, раиси пешини Оҷонси стандартизатсияро таъин карданд. Темурҷон Абдулваҳҳобзода раиси нави Оҷонси стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо шуд. Ҳамин гуна, Ҳамидуллохон Фақеров аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Маҳмадалӣ Қурбонзода омадааст. Пас аз интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр, ки ба иттилои Кумисюни марказии интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум баранда шудааст, ҳайати ҳукумат ба истеъфо рафта, дар ҳукумати нав ба истиснои се вазир дигарон курсиҳои худро ҳифз карданд. Мухолифон ҳамвора тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид мекунанд ва онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна меноманд, аммо хадамоти матбуоти президент гуфтааст, афроди тозатаъин аксаран ҷавону донандаи забонҳои хориҷӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG