Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ду вазири Русия бо нахуствазири Арманистон дар бораи Қаробоғи Кӯҳӣ


Сергей Лавров ва Никол Пашинян. 21-уми ноябри 2020
Сергей Лавров ва Никол Пашинян. 21-уми ноябри 2020

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон мулоқот карда ва барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро баррасӣ намудаанд. Мулоқот рӯзи 21-уми ноябр дар Ереван баргузор шуд. Дафтари нахуствазири Арманистон бо нашри эъломияе гуфт, дар мулоқот мақомҳои Русия гуфтаанд, нерӯҳои ҳофизи сулҳи ин кишвар пас аз имзои барқарории оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамаи минтақаро фаро гирифтаанд. Барқарории оташбас миёни Арманистону Озарбойҷон рӯзи 10-уми ноябр ва бо миёнравии Русия сурат гирифт. Даргирӣ миёни ду тараф шаш ҳафта идома кард. Аз кушта шудани ҳазорҳо кас гузориш шудааст. Русия бо фиристодани нерӯҳои ҳофизи сулҳаш дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтааст, ин нерӯҳо барқарории оташбасро назорат хоҳанд кард. Қаробоғи Кӯҳӣ ҳамчун бахше аз Озарбойҷон ба расмият шинохта шуда, аммо бахши зиёди аҳолии он арманиҳо ҳастанд ва ҳокимияти Озарбойҷонро дар онҷо напазируфтаанд.

XS
SM
MD
LG