Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дастур дод, ки ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо осонтар шавад


Яке аз сохтонҳо дар Русия, ки шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар он кор мекарданд.
Яке аз сохтонҳо дар Русия, ки шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар он кор мекарданд.

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумати ин кишвар дастур додааст, ки то моҳи марти имсол роҳҳои содда кардани ҷалби муҳоҷирони кориро ба сохтмон баррасӣ кунанд. Ба навиштаи сомонаи Кремл, ин дастур дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои рушди стратегӣ ва лоиҳаҳои миллии назди президенти Русия садо додааст.

Бино ба навиштаи манбаъ, сухан дар бораи муҳоҷирон аз "баъзе кишварҳои алоҳидаи узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меравад". Гуфта мешавад, ҷалби муҳоҷирони корӣ ба сохтмон дар Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ амалӣ мешавад.

Ҳукумати Русия муваззаф шудааст, то 1-уми марти имсол пешниҳодҳои худро ба раиси ҷумҳурӣ фиристад.

Андрей Белоусов, муовини сарвазири Русия ба расонаҳо гуфтааст, соҳаи сохтмон дар ин кишвар феълан ба камбуди ҷиддии коргарон рӯ ба рӯ аст. Чун, ба гуфтаи Белоусов, ба хотири пандемияи коронавирус ва баста шудани роҳҳо, муҳоҷирони зиёде натавонистанд вориди Русия шаванд.

Рустам Минниханов, роҳбари Тотористон низ ба масъалаи камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо ишора карда, гуфтааст, чунин вазъ ба хотири маҳдудияти ҷоришуда ба миён омад. Раиси ҷумҳури Русия ваъда додааст, ки масъалаи мазкурро бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ баррасӣ мекунад.

Дастури Владимир Путин барои содда кардани роҳи коргарон дар сохтмонҳои ин кишвар метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷир дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон хабари хуш бошад. Чун бештари муҳоҷирон дар Русия асосан дар сохтмонҳо кор мекунанд ва содда шудани раванди ҷалби коргарон дар сохтмонҳо метавонад роҳи онҳоро ба Русия боз кунад. Ҳарчанд ҳоло дақиқ нест, ки ин кор кай сурат мегирад.

Айни замон дар хадамоти матбуоти Вазорати сохтмони Русия гуфтаанд, вуруди коргарон ба қаламрави он кишвар танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд.

Бо сабаби баста будани роҳҳо, соли гузашта бахши калони муҳоҷирони тоҷик натавонистанд ба Русия раванд. Суоли асосии ин гуруҳи муҳоҷирон ҳам ин аст, ки кай роҳҳо ба Русия кушода мешавад.

Бори аввал нест, ки мақомоти Русия аз камбуди коргарон дар сохтмонҳо нигаронӣ мекунанд. Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия моҳи декабри соли гузашта хоҳони содда ё сабук кардани вуруди муҳоҷирон ба Русия шуда буд.

XS
SM
MD
LG