Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъво сари хона дар Хуҷанд. Яке то қасди худкушӣ дар назди додгоҳ расид. ВИДЕО


Баҳси хона

Духтари як марди исроилитабор, ки замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро ҳамроҳи оилааш тарк карда ва хонаашро дар ихтиёри сокинони ҳозира гузоштааст, баъд аз 26 сол баргашта мехоҳад, хонаи падариашро бозпас гирад.

Муқаддас Шамсиддинова, сокини маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд 25 сол аст, дар ин хона зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, барои он 1000 доллари амрикоӣ дода, вале натавонистааст, худро ба ҳайси соҳибмулк дар идораҳои давлатӣ сабт кунад. Ба гуфтаи ӯ, соҳиби пешина бо ваъдаи фиристодани санадҳои лозима барои сабти расмӣ ба Исроил рафта ва дигар барнагаштааст.

Муқаддас Шамсиддинова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Азбаски хонаводаи мо бо Гринберг Аркадий қудо (хешутабор) будем бовар карда, бе забонхат маблағи хонаро додем. Ӯ он замон гуфта буд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ҳамсарам бо худ ба Исроил бурдааст ва ман ба Исроил мераваму бо почта ба Шумо мефиристам”.

Даъво сари хона дар Хуҷанд то қасди худкушӣ дар назди додгоҳ расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:52 0:00

Муқаддас афзуд, 8 соли интизор шуд, вале санадҳо наомаданд ва ӯ соли 2003 аз идораҳои шаҳр барои хона шиносномаи фаннӣ гирифт. Баъд аз вафоти Аркадий Гринберг, духтараш Елена Гринберг соли 2016 барои пас гирифтани хона ҳамчун мероси падар ба додгоҳи Хуҷанд арз кардааст.

Вакили мудофеи ӯ дар додгоҳ Равшаной Маҳкамова ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи санадҳои додгоҳӣ, Муқаддас Шамсиддинова аз аввал ҳамчун сокини муваққатӣ ба ин хона ворид шуда, вале то ҳол намехоҳад, хонаро ба соҳибаш баргардонад. Дар санадҳои додгоҳӣ ҳолатҳое низ тасдиқ карда шудааст, ки Муқаддас Шамсиддинова на ба давлат ва на ба соҳибхона Аркадий Гринберг маблағ насупоридааст”.

Чаҳор сол аст, баҳси ҷонибҳо дар додгоҳ идома дорад ва борҳо мақомоти додгоҳӣ ба хонаводаи Муқаддас ҳушдор додаанд, ки хонаро ба соҳибони аслияш баргардонанд. Баъди онки шавҳари ӯ дар назди Додгоҳи Олӣ қасди худкушӣ кард, иҷрои амри додгоҳ ва баррасии парванда муваққатан боздошта шудааст.

Даъво пас аз фавти як тарафи муомила

Хонаводаи Насибахон Раҳматова, сокини дигари шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 19-ум низ айни чунин баҳси хонаро бо моликони пешинааш дорад. Онҳо мегӯянд, соли 2001 дар бинои сеюми ҳамин маҳалла хонаи чорҳуҷрагиеро хариданд, аммо натавонистаанд, муомиларо саривақт ҳуҷҷатӣ кунанд.

Насибахон Раҳматова, сокини Хуҷанд: “Хонаро бо истгоҳи нақлиёташ ба нархи 4 ҳазору 500 доллари амрикоӣ харида будем. Мо ҳуҷҷатҳои хонаро дар дасти Абдурашид Абидов дида гирифтем, ки вай аз соҳиби пешинааш тавассути ваколатнома харида будааст. Аз нафаре, ки мо хонаро харидем ваъда дода буд, ки ба зудӣ ҳуҷҷатгузориҳои хонаро анҷом дода ба номи мо мегузаронад”.

Вале пас аз чанде фурӯшандаи ин манзил Абдурашид Абидов дар садамае ба ҳалокат расид ва аҳли хонаводаи ӯ мегӯяд, ҳангоми садама ҳуҷҷатҳои хона низ аз дохили нақлиёт гум шудаанд. Нафароне ки барои харидории хона маблағ дода буданд, соли 2016 ба идораҳои бақайдгирии манзил муроҷиат карданд. Дар посух масъулон ба онҳо хабар доданд, ки хонаи мазкур ба номи шахси дигар сабт шудааст.

Насибахон Раҳматова, сокини Хуҷанд: “Вақте мо шиносномаи техникии хонаро дидем, он ба номи соҳиби пешинааш Хуршед Акбаров будааст ва мо ӯро пайдо намуда, барои ҳуҷҷатгузорӣ муроҷиат кардем. Вай аз забони мо фаҳмид, ки шахси хонаро фурӯхтааш фавтидааст, гуфт он хонаи ман аст ва ман ба номи шумо гузаштан ризоият намедиҳам”.

Додгоҳи Хуҷанд соли 2016 дар ҳалномааш тасдиқ кард, ки байни Абдурашид Абидов ва Хуршед Акбаров муомила сурат гирифтааст. Бар асоси ин ҳалнома ба номи Абдурашид Абидов шиносномаи техникӣ дода шуд. Вале Хуршед Акбаров мегӯяд, ҳоло низ тибқи ҳуҷҷатгузориҳо соҳиби аслии манзил вай аст ва талош дорад, ин хонаводаро аз хона берун ронад.

Хуршед Акбаров, сокини Душанбе: “Ман дар вақташ аз Абдурашид Абидов бо фоиз қарз гирифта ва баъд баргардонида будам. Модарам, ки ҳоло дар Маскав аст, шоҳиди ин ҳолат буд. Ман хонаро ба ягон нафар бо номи Абидов ё каси дигар нафурӯхтаам. Хона аз падарам ба ман меросӣ омадааст. Вақте ҳуҷҷатро мебинад, ки ба номи ман аст, чӣ гуна аз дигар шахс онро мехарад? Ман то соли 2004 дар дигар хонаи худам зиндагӣ мекардам ва то он вақт касе маро суроғ карда наомад”.

Қонун чӣ мегӯяд?

Вакилони мудофе мегӯянд, ки додгоҳ бояд шахсеро соҳибмулк шуморад, ки муддати муайян дар он манзил зиста, харҷи онро додааст. Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ: “Қонун дар моддаи 258-и Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар ҳолате шахс амволи ғайриманқул, яъне хона ё биноеро бештар аз 15 сол кушоду равшан ва озодонаю доимӣ истифода барад, хароҷоти андозу комуналиро диҳаду дар онҷо ихтиёрдорию соҳибӣ кунад. Дар ин сурат ҳангоми ба додгоҳ муроҷиат кардан ҳамчун соҳибмулк эътироф карда бояд шаванд.”

Баҳсу даъвоҳо сари хона ва соҳибмулкӣ дар Тоҷикистон мероси ҷанги дохилии солҳои 1992 то 1997 аст. Ба иллати ҷанг садҳо нафар ба кишварҳои дигар кӯчиданд, ё паноҳанда шуданд ва маскани онҳоро дигарон ишғол карданд. Бархе аз онҳо солҳои баъд тавонистанд, манзилҳои худро пас гиранд, аммо шумори онҳое низ кам нест, ки ба баҳсҳои дарози додгоҳӣ печидаанд.

XS
SM
MD
LG