Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 4000 кас ба COVID-19 ва илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд


Нишасти матбуотии мақомот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Нишасти матбуотии мақомот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Соли гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор кас ба бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш ё пневмония мубтало шудаанд.

Масъулони идораи беҳдоштии ноҳия гуфтанд, омори гирифторони ду бемориро якҷо сабт карданд, вале шумораи ҷонбохтагон аз коронавирусро як кас ва аз илтиҳоби шушро 86 нафар гуфтанд.

Малика Қосимова, як масъули идораи беҳдоштӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 10-уми феврал гуфт, дар гузашта илтиҳоби шуш "намуди бактериологӣ" дошт, вале навъи соли 2020 "вирусиологӣ" буд.

"Гирифторони COVID-19 бо нишонаҳои дигар буданд. Мубталоёни ин беморӣ бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" низ сабт шудааст, ки номи онро вируси SARS мегӯянд. Барои ҳамин, ҳардуи бемориро дар як радиф ҳисоб кардем", -- шарҳ дод ӯ.

Ин масъули идораи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афзуд, дар соли 2019 шумораи гирифторони "илтиҳоби шуши намуди бактериологӣ" ҳамагӣ 56 нафар буд.

Дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон COVID-19 ва илтиҳоби шушро ду бемории ҷудогона медонанд ва омори онро аз ҳам ҷудо зикр мекунанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 380 ҳазор аҳолӣ калонтарин ноҳия дар шимоли Тоҷикистон аст. Ду ҷамоати ин ноҳия бо Қирғизистон марз доранд.

Мақомоти Тоҷикистон дар эълони рақамҳои вобаста ба бемории ҳамагир боэҳтиёт суҳбат мекунанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад, вале дар ҷомеа шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (охири моҳи апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.

XS
SM
MD
LG