Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ нозири андозро дар вилояти Суғд аз кор рондаанд


Ин акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде барангехта буд.
Ин акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде барангехта буд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, панҷ нозири андоз дар вилояти Суғд соли гузашта аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд дар як нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд рӯзи 11-уми феврал хабар дод. Танҳо се нафари онҳо аз Идораи нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон будаанд.

Дар гузашта бархе аз соҳибкорони ин шаҳр аз амалкарди масъулони Идораи андоз эътироз карда буданд. Фарҳод Юлдошев, молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар дарвозаи корхонааш навишта буд, ки корманди андоз аз ӯ "ҳақ" металабад ва ба ин хотир коргоҳашро мефурӯшад. Аммо масъулони идораи андози шаҳри Бӯстон он замон ин иддаоро рад карданд ва дар нишасти хабарӣ низ аз он ҳолат ном набурданд.

Айни замон Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд гуфт: “Бобоев Даврон Мухторҷонович, мудири бахши нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон, гумонбар бар содир кардани ҷиноят буд, вале то охир тасдиқ нашудааст. Аммо баъди ду рӯзи гумонбар шуданаш аз кор сабукдӯш кардем. Ғаффоров Парвизҷон, сармутахассиси нозироти андози шаҳри Бӯстон, Шарифов Орифҷон, мутахассиси нозироти андози шаҳри Бӯстон, як ҳолат қати се нафар ва боқимонда ду нафараш дигар ҳолат аст. Муродов Мирзобек Баҳруллоевич, сармутахассиси нозироти андози ноҳияи Зафаробод. Ҷӯмъаев Олимхон Муродхонович, муовини нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов”.

Шикояти соҳибкорон дар вилояти Суғд ба ниҳодҳои интизомӣ аз кори андозситонҳо ҳарчанд кам нест, аммо норозигиҳо аз низоми андозбандӣ тақрибан ҳар моҳ садо медиҳад.

Ба намунаи мисол оҳангарон дар Истаравшан мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ 3 сол пеш косибонро аз пардохти андоз ё молиёт озод кард, вале онҳо аз ин имтиёз бенасиб мондаанд. Онҳо гуфтанд, ба мисли гузашта пули патенту иҷораи дӯконҳоро мепардозанд.

Бархе аз соҳибкорон низоми феълии андозро “миёншикан” меноманд, ки ба гуфтаи онҳо имкони софдилона кор карданро намедиҳад. Мақомот баръакс тоҷирону моликони корхонаҳоро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ва кам нишон додани даромадҳояшон муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG