Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисме аз "Нассоҷи Хуҷанд"-ро фурӯхтанду андози давлатро гирифтанд.ВИДЕО


Нассоҷӣ

Нозирони Идораи андоз дар вилояти Суғд қисме аз биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилоятро ба дигар соҳибкорон фурӯхтаанд.

Тибқи қарори Кумитаи андоз, шаш бинои мутааллиқ ба ин ширкатро аз 17-уми ноябри соли 2020 ба ҳабс гирифта, "барои рӯёнидани бақияи қарзи андоз" барои фурӯш дар музояда гузоштанд. Масъулони ин идора рӯзи 11 -уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки фурӯш охири соли гузашта сурат гирифт.

Исроил Наимов, сардори шуъбаи ситонидани қарзҳои андоз дар вилояти Суғд: “Дар асоси ҳамон эълони музояда 8 соҳибкор муроҷиат кард ва баъди пардохти 105 ҳазору 198 сомонӣ кафолатпулӣ 3 нафари онҳо иштирок намуданд. Ҳамин амволро ба онҳо ба маблағи 2 милиону 209 ҳазору 148 сомонӣ фурӯхтем ва ба буҷет ворид шуд. Ҳамин тариқ бақияи қарзи андози ширкати "Нассоҷи Хуҷанд" аз байн рафт”.

Қисме аз "Нассоҷи Хуҷанд"-ро фурӯхтанду андози давлатро гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Амволи фурухташуда ду бинои маъмурӣ, сехи дӯзандагии ғайриистеҳсолӣ, анбор ва айвончаро ҳамроҳ бо саҳни биноҳо дар бар мегирад. Масъулони идораи андоз мегӯянд, нархгузорӣ тибқи ташхиси ниҳодҳои тобеъи вазорати адлия муайян шуда, биноҳои фурухташуда дар ҳолати истеҳсолӣ қарор надоштанд ва аксаран биноҳои куҳнаи сохти солҳои 40-уми замони Шӯравӣ буданд.

Холис Исломиддинов, Сардори шуъбаи хизматрасонии андоз дар вилояти Суғд: “Соҳибкор азм дорад, дар ин биноҳо таҷҳизоти нави коркарди нахи пахтаро биёрад ва истеҳсоли маҳсулотро дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монад. Вай соҳибкор аз шаҳри Конибодом аст ва солҳост дар истеҳсоли пахта кор мекунад. Мо ин биноҳоро барои ягон ширкатҳои сохтмонӣ барои сохтани бинои истиқоматӣ нафурӯхтаем”.

Пардохт карда натавонистани қарзи андоз аз сӯи як ширкати азим дар шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта ба сабаи хуруҷи пандемия аксари корхонаҳо вазъи ногувор доштанд. Қаблан намояндагони ширкати "Нассоҷи Хуҷанд" гуфта буд, ки то замони ҳабси биноҳо, ҳатто дар оғози пандемия, талош карданд, корхона фаъол бошад ва ба тавлиди ниқоб шуруъ карданд.

Аммо ба гуфтаи Инъомҷон Почоев, раҳбари ҳамин ширкат бисёре аз харидорон пули матоъҳои истеҳсолшударо надоданд ва дар натиҷа вазъи молии ширкат бад шуд. Ин дар ҳолест "Нассоҷи Хуҷанд" то соли 2020 дар пардохти андоз имтиёз дошт, чун соли 2014 таҷҳизоти нави хориҷиро ворид карда буд.

Ширкати "Нассоҷи Хуҷанд" аз корхонаҳои бузурги маркази вилояти Суғд ба шумор меояд, ки соли 1932 фаъол шуда, дар он беш аз ҳазор бофандаву муҳандисон кор мекардаанд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ корхона хусусӣ шуда, дар заминаи он ҶДММ "Абрешим" ва баъдан ширкати "Текстил сити" таъсис ёфтааст. Соли 2013 ширкат ба "Нассоҷи Хуҷанд" тағйири ном кард. То замони дучор шудан ба мушкил 300 коргар дорад.

Бино ба омори идораи андози дар вилояти суғд Шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи иҷрои нақшаи даромади андоз дар соли гузашта набаромадааст ва онро дар сатҳи 95 дарсад иҷро кардааст.

XS
SM
MD
LG