Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Короновирус сиркҳои Фаронсаро касод кардааст. ВИДЕО


Вилям Карвич соҳиби сирки оилавӣ
Вилям Карвич соҳиби сирки оилавӣ

Сирки оилавии Вилям Карвич сар аз моҳи марти соли 2020-ум ҳунарнамоиро мутаваққиф намуда, дар як пора замини ҷануби Фаронса лангар задааст. Шеру бабр ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ дар қафасҳои танг рӯзашонро сипарӣ мекунанду хаймаи бузург боз нашудааст.
Карвич интизор дорад, ки гӯшанишинӣ ба зудӣ хотима ёфта, ҳунарнамоӣ дар сиркаш аз сар гирифта мешавад.

Карвич мегӯяд, сиря як пояи фарҳанг аст ва аввалин намоише, ки фард дар ҳаёти худ мебинад аз сирк аст. Ӯ афзуд, барномаҳои сиркӣ “анъанаи Фаронса аст, ки бояд идома ёбад. Инсон ибтидо на ба театр ва ё кино, балки ба сирк меравад."

Оё коронавирус сиркҳои оилавии Фаронсаро аз байн мебарад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Дар давраи пандемия давлати Фаронса барои дастгирии соҳибкорон миллиардҳо евро кумакпулӣ тахсис дод, вале Карвич худро аз ин ёриҳо бенасиб мешуморад. Дар давраи карантини баҳорӣ ӯ барои ҳар ҳайвон рӯзона ду евро ба даст меовард, ки кофӣ набуд. Ҳоло аз он ду евро ҳам дараке нест.
Бар илова порлумони Фаронса пешниҳоди гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи ҳайвонотро баррасӣ дорад, ки дар ҳоли тасвиб қадам ба қадам дар давоми панҷ сол истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сикрҳоро манъ хоҳад кард.

Ба қавли Карвич ин пешниҳод касбӣ ӯ, ҳайвонҳояш, сохтор ва аслан сиркҳои сайёри Фаронсаро аз байн мебарад.
Духтари Карвич- Касандра, тамоми ҳаёташро дар сирк гузаронадааст. Ӯ иттиҳоми муомилаи нораво бо ҳайвонҳои ваҳширо қабул надорад ва таъкид мекунад, ки ин ҳайвонҳо мисли узви оила ҳастанд ва акнун гуруҳе мехоҳад онҳоро пароканда кунад.

XS
SM
MD
LG