Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд. Ронандагон аз вазъи тоқатфарсо шикоят доранд. ВИДЕО


Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, 25-уми феврал, 2021.

Масъулини ширкати IRS -- масъули нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мегӯянд, баъди ҳашт соат ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ дубора оғоз шудааст. Ронандагон аз вазъи тоқатфарсои худ дар сардӣ шикоят доранд, ҳарчанд масъулини ширкати IRS гуфтанд, талош доранд роҳ ҳарчӣ зудтар боз шавад.

Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона масир ба шимоли кишвар аз нимашаби гузашта то нисфирӯзи 25-уми феврал баста буд. Дар ин муддат даҳҳо мошини боркаш дар ду тарафи роҳ дармонданд ва ронандагон аз сардӣ ва набудани кӯмак шикоят доранд.

Тинчтек Аданов, ронандаи қирғиз бояд тариқи вилояти Суғд ба кишвараш баргардад. Ӯ ду рӯз аст, ки дар назди тарозуи ширкати IRS дар Варзоб дармондааст. Адаев мегӯяд, онҳо барои гузаштан аз ин роҳ пул медиҳанд ва бояд ҳаракат дар он ҳамеша боз бошад.

"Хуб, агар роҳ хеле барф зиёд аст ва роҳро маҳкам мекунанд, бояд ба назар гиранд, ки барои ронандагон шароит фароҳам овардан даркор. Бояд назди ин тарозуҳо ошхона ё қаҳвахонае бунёд шавад, то мардум гурусна намонанда",-мегӯяд ин ронанда.

Ронандагони дигари мошинҳои боркаш гуфтанд, нигоҳ доштани онҳо барои бехатарӣ эҳтимол кори дуруст аст, вале масъулини ширкат набояд онҳоро дар сардӣ ба ҳоли худ гузоранд.

Як масъули ширкати IRS ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мусофирони нақлиётҳои сабукрав, аз ҷумла занону кӯдакон, ки дар километри 81-ум дармонда буданд, хӯроки гарм бурданд. Аммо даҳҳо ронандае, ки дар канори тарозуи ширкат дар Варзоб буданд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кормандони ширкати IRS ба суроғашон наомадаанд.

Баъди таваққуфи ҳаштсоата шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба таври маҳдуд боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Масъулони ширкати IRS дар хабарномае гуфтанд, сабаби пеш омадани мушкил ва банд мондани мошинҳо зиёд будани хатари тарма аст. Ширкати IRS аз шаҳрвандон хост, "моҳият ва аҳамияти ин иқдомро дарк ва бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд.”

Ишораи ширкат ба он аст, ки бисёре аз сокинон гуфтаанд, ширкати IRS барои нигоҳдории роҳ аз ронандагон пул мегирад ва бояд 24 соат ҳаракати нақлиётро дар ин роҳ таъмин кунад. Масъулини ширкат дар посух ба чунин назарҳо гуфтанд, қисмати асосии роҳи Душанбе-Чаноқ дар минтақаи куҳӣ аст ва дар фасли зимистон барои бехатарии сокинон маҷбуранд ҳаракатро муваққатан манъ кунанд.

Ҳамасола дар фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе Чаноқ ягона масир аз пойтахт ба шимоли кишвар мушкил мешавад. Ин роҳ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст ва ширкат барои нигоҳдории роҳ аз ронандагон пул мегирад. Бо вуҷуди баҳсҳои зиёд дар ҷомеа то ҳанӯз молики ширкат эълон нашудааст.

Роҳи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дарсад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Дар ин шабу рӯз ба ҷуз аз роҳи Душанбе-Чаноқ, дар чанд шоҳроҳи дигари кишвар низ тармафароӣ зиёд шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 23-юми феврал дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ ҳафт ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе барои муддате баста гардид. Тармафароӣ ба гуфтаи мақомот, то ин дам талафоти ҷонӣ ва харобӣ дар пай надоштааст. Тасдиқи дурусии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан дастрас нест.

Мутахассисони обуҳавошиносӣ мегӯянд, сардиҳо дар кишвар то охири ҳафта идома мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз сокинон хостааст, то аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи куҳӣ худдорӣ кунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG