Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар Тоҷикистон боло рафтааст. ВИДЕО


Нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз марзи 8 сомонӣ гузашта, боис ба нороҳатии ронандаҳо шудааст. Ду ҳафта пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди 7 сомониву 20 дирам буд. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол дувоздаҳ дарсад гарон шудааст.

Дар ҳоле ки иддае гаронии нархи сӯзишвориро ба хостҳои монополистони соҳа рабт медиҳанд, мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, "болоравии нарх бесабаб нест".

"Хароҷотро намепӯшонад"

Ронанда Хуршед Сафаровро рӯзи 4-уми март дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт вохӯрдем. Ӯ гуфт, таҳаммули гаронии нархи сӯзишворӣ дар ин шабу рӯз сахт аст, вале аксарият ночоранд. "Ҷойи кори ман дур аст ва бояд бо мошин равам. Кор кардан даркор. Дар он сурат ночор бензин мегирем", -- нақл кард ӯ.

Нарзулло Табаров, ронанадаи таксӣ дар Душанбе, мегӯяд, акнун ҳар метри гаштаи худро ҳисоб мекунад, то бензин беҳуда сарф нагардад. Ба қавли ӯ, "ҳар муштариро ба куҷое бурдам, дар ҳамонҷо мунтазир меистам, то як мусофири нав гирам. Холӣ баргаштан дигар ба манфиат нест ҳоло. Хароҷотро намепӯшонад."

Ронандаи дигари таксӣ дар Душанбе, Алишер Суюнов, мегӯяд, "агар пештар муҳаррикро ба кор дароварда, каме мунтазири гарм шудан меистодем, ҳоло дар хунукияш меронем, ки бензин сарфа шавад. Зиндагиро пеш бурда наметавонем гӯем ҳам, мешавад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як литр бензин аз 8 сомонӣ гаронтар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Хадамоти зиддимонополӣ: Бесабаб нест

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабаби афзоиши якбораи нархро дақиқ шарҳ надода, таъкид карданд, ки пасту болоравии қимати газу бензин аз онҳо вобаста нест. Ба қавли тоҷирон, сӯзишворӣ аз хориҷ меояд ва арзониву гаронияш ба интиқол ва нархи он дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дорад.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, далели афзоиши қимати сӯзишвориро ба коҳиши интиқоли он аз Қазоқистон пайванд доданд.

Раҷабалӣ Маҳсиддинзода, як мансабдори Хадамот, рӯзи 3-юми март гуфт: "Аз аввали моҳ баландшавии нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ба мушоҳида мерасад. Яке аз сабабҳои баландшавияш манъи содироти бензин аз ҷумҳурии Қазоқистон аст. Бино бар ин, воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ айни замон маҳсулотро аз Русия бо нархҳои гарон меоранд." Ҳарчанд Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфта буд, Русия соли 2021 ба кишвар 830 ҳазор тонна сӯзишвориро бе боҷи гумрукӣ интиқол хоҳад дод.

Маҳсиддинзода дар идомаи суҳбат сабаби дигари афзоиши нархро чунин шарҳ дод: “Агар муқоиса кунем, 1-уми январ нархи як бушка нафт 51,72 доллар буд, 1-уми март ба 65,65 доллар расид."

"Чаро?"-и мардум

Сокинон дар посух ба ин гуна назар мепурсанд, чаро вақте нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ баланд шуд, қимати он дар Тоҷикистон зуд боло меравад, вале ҳеч гоҳ поин намеояд?

Азбаски интиқоли тамоми молу маҳсулоти тоҷирон дар Тоҷикистон бо нақлиёт сурат мегирад, мардум аз эҳтимоли "сироят"-и болоравии нарх ба маҳсулот дар бозорҳо нигаронанд.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.

Тиҷорати сӯзишворӣ ба уҳдаи чанд ширкат, аз ҷумла "Газпронефт Тоҷикистон" аст, ки аз онҳо монополисти соҳа ном мебаранд. Дар гузашта дар ин феҳрист номи "Фароз", ширкати мутааллиқ ба домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ зикр мешуд, ки ҳоло ба иддаои масъулонаш "барҳам хӯрдааст".

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG