Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Бадахшон аз санҷиши мактабҳо пуштибонӣ кард, идораи маориф "дахолат" номид


Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Тафтишҳои пай дар пайи маъмурони додситонӣ дар мактабҳои шаҳри Хоруғ боис ба баҳсу вокунишҳои зиёд шуд.

Парвиз Орифзода, додситони вилояти Бадахшон, рӯзи 18-уми март дар номае ба Радиои Озодӣ аз санҷиши кормандонаш пуштибонӣ карда, онро қонунӣ донист. Дар ҳоле ки масъулони Раёсати маориф онро "дахолати бемаврид" номидаанд.

Баҳс аз куҷо шуруъ шуд?

Рӯзи 13-уми март сомонаи "PamirDaily" дар гузорише навишт, омӯзгорони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз тафтишҳои зиёди кормандони додситонӣ норозӣ ҳастанд. Чанде аз омӯзгорон аз Хоруғ ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ низ гуфтанд, ки маъмурони додситонӣ зуд-зуд ба мактабҳо “меҳмон” шуда, боис ба нороҳатии онҳо мегарданд.

Парвиз Орифзода дар номааш ба Радиои Озодӣ нигоштааст, ҳадафи онҳо аз санҷиш ҳимоят аз хонандагон ва ифшои қонуншиканиҳо аст: "Ҳангоми гузарондани санҷишҳои прокурорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ... раванди таълиму тарбияи хонандагон халалдор нагардида, санҷишҳо тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда шудаанд."

Матни ҷавоби додситони Бадахшонро ба матлаби Озодӣ дар инҷо хонед

Парвиз Орифзода
Парвиз Орифзода

Ӯ иддаои як омӯзгорро аз шаҳри Хоруғ, ки гуфтааст, “вақте муфаттишон меоянд, муаллим даступо мехӯрад ва наметавонад дуруст дарс диҳад”, нишонаи “ба дарс омода набудани баъзе аз омӯзгорон” донистааст.

Нома ба шаҳрдор

Ин дар ҳолест, ки масъулони Раёсати маорифи вилояти Бадахшон дар номае ба раиси шаҳри Хоруғ гуфтаанд, “солҳои охир санҷишҳои бамавриду бемаврид ва дахолат ба фаъолияти муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби сохторҳои дигар ба низоми таълиму тарбия халали ҷиддӣ расонида, ба пешрафту беҳбудии соҳаи маориф монеа эҷод мекунанд.” Нусхаи номаро хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 17-уми март нашр кард.

Додситони вилояти Бадахшон гуфтааст, ҳамагуна дахолат ба кори онҳо манъ аст ва афзудааст, "Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ фаъолияти худро дар самти назорати прокурорӣ идома дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чораҳои муассир меандешад.”

Тарафдорону мухолифон

Чанде аз корбарон дар сомонаи Радиои Озодӣ тафтишҳоро барои, ба гуфтаи онҳо, кашидани ҷилави муаллимон ва пешгирӣ аз фасод хуб арзёбӣ кардаанд, аммо гуруҳи дигар ғайриқонунӣ донистаанд.

Корбаре бо номи "Шогирд" навиштааст: “Дар умри худ нав фаҳмидам, ки прокурор ба мактаби миёна рафта, раванди дарсро назорат кунад ва муаллимонро таҳти истинтоқ қарор диҳад. Сатҳи донишу малакаи устодро танҳо хадамоти маориф санҷида ва муайян карда метавонад. Ҳатто Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ва Ким Чен Ин аз ин амали прокуратураи Тоҷикистон дар ҳайрат афтоданд.”

Шахсе бо номи “Муаллим” дар ҷавоб гуфтааст, “ҳамаи ин барои бехатарии давлат ва ҳукумат ҳаст.”

Шикоятҳо аз гӯшаҳои дигар низ мерасанд

Шикояти омӯзгорон аз тафтишҳои зиёд танҳо ба вилояти Бадахшон маҳдуд намешавад. Чанд омӯзгор аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тафтишҳои паёпайи кормандони ниҳодҳои қудратӣ "хаста шудаанд".

Омӯзгорон мегӯянд, солҳои пеш асосан Хадамоти назорат дар соҳаи маориф кори онҳоро тафтиш мекард, аммо акнун санҷиши додситонӣ ва милиса ҳам ба он илова шуд. Дар Вазоарти маориф гуфтанд, ки ниҳодҳои интизомӣ танҳо аз рӯйи нақша метавонанд дар мактабҳо санҷиш гузаронанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо зиёда аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд, аммо бархӯрд ба кори муаллимону вазъи таҳсил дар мактабҳо яксон нест.

XS
SM
MD
LG