Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нафақа – 100 сомонӣ, гӯшт – 65 сомонӣ." Рамазон дар Тоҷикистон бо баҳси нарх оғоз шуд. ВИДЕО


Назди бозори "Меҳргон"

Рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз шуд, аммо сокинон мегӯянд, дар ин моҳи барои мусулмонон муқаддас нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт.

Онҳо шикоят доранд, ки чунин вазъ ҳар сол мушоҳида мешавад ва зоҳиран ба одат табдил ёфтааст. Савдогарон мегӯянд, ҷилави пасту болоравии қиматҳо дар дасти онҳо нест.

Қиёси нархи маҳсулот бо пули ҷайби Мавлуда

Ҳоло нархи як кило гӯшт дар бозорҳои кишвар то 65 сомонӣ расида, қимати як халта орди навъи аъло 250 сомонӣ аст. Мавлуда, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамагӣ сад сомонӣ нафақа мегирад ва нархи маҳсулот бо пули ҷайби ӯ қобили муқоиса нест.

"Ҳама чиз гарон шудаст. Равған, гӯшт... Ҳамааш. Чӣ кор кунем. Як қуттии тухми мурғро ба 35 сомонӣ харидем. Пештар аз 24 то 26 сомонӣ буд. Дар моҳи Рамазон бояд нархҳоро каме арзон кунанд, вале баръакс гарон мекунанд", -- гуфт ӯ рӯзи 12-уми апрел.

Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд, дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои муқаввӣ ва гӯштӣ истифода кунанд.

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Боз Рамазон меояду боз нархи ғизо боло меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Чора чист?

Аммо танҳо болоравии нархи гӯшту орду равған нест, ки сокинонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин шабу рӯз талабот ба сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор ҳам бештар ва ба афзоиши қимати онҳо сабаб шудааст.

Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, сабзавот асосан аз хориҷ оварда мешавад ва эҳтимол ба ин сабаб нархаш гарон аст. Наргиза Охунова, фурӯшандаи бозори “Меҳргон” дар Душанбе, гуфт, баъди ба бозор ворид шудани помидору бодиринги кишорварзони тоҷик, мумкин аст, қимати он поин биояд.

Як кило нархи помидор аз 20 то 25 сомонӣ, бодиринг аз 13 то 15 сомонӣ аст.

Дар гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо иддаеро боздошту ҷарима ва гуруҳеро ба инсоф даъват карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон “ин иқдом муассир набуд".

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон
Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Имсол маъмурияти бозори “Меҳргон” бо роҳандозии ярмаркаҳо мехоҳанд, нархро дар як сатҳ нигоҳ доранд. Аз ҷумла, барои танзими нархи гӯшт, дар моҳи Рамазон, онҳо дар дӯконҳои алоҳида ба харидорон маҳсулоти арзон пешниҳод кардаанд. Нархи гӯшт дар он ҷо 52 сомонӣ муқаррар шудааст, вале баъзе аз харидорон аз сифат ва устухону чарбуи зиёдаш розӣ нестанд.

Фахриддин Холов, як масъули бозори “Меҳргон”, гуфт: “Маъмурияти бозор тасмим гирифт, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт, орд, равған, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал боло наравад. Аз ҳисоби захираҳое, ки аз тарафи шаҳрдорӣ ва ҳукумати кишвар ба бозорҳо бароварда шуд, кӯшиш мекунем, монеи афзоиши нарх шавем”.

"Кӣ мехоҳад, дуои баду дашном шунавад?"

Иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши нархҳо бо ҳар баҳона дар остонаи моҳи Рамазон беш аз даҳ сол боз миёни соҳибкорони тоҷик ба "анъана" табдил шудааст. Ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи онҳо, “бо истифода аз фурсат, дарёфти даромади бештар аст”.

Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, пасту болоравии қимати маҳсулот дар бозорҳо дар ихтиёри онҳо нест, чун маҳсулотро аз дигарон бо нархи баланд мегиранду бо каме фоида мефурӯшанд.

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон
Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Яке аз тоҷирон бе зикри ном гуфт: "Мушкилро дар дигар ҷой ҷуст. Кӣ мехоҳад, дар ин моҳ дуои баду дашном шунавад? Шояд мақомот дар ин моҳ соҳибкоронро аз андозу иҷораи бозор озод кунанд ва он вақт нарх дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад. Аз мо намепурсанд, ки чӣ гуна ва бо кадом пул кор мекунед, фақат мегӯянд, арзон кунед. Аз мо вобаста нест."

Як рӯз пеш аз оғози Рамазон, раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз тоҷирон хост, "молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд".

Даъвате, ки ҳар сол садо медиҳад, аммо ба қавли баъзе аз тоҷирон "сабабҳои гарон шудани маҳсулот амиқ решаёбӣ ва барои ҳалли он расидагӣ намешавад".

Шарҳҳоро бинед (29)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG