Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Додситонии ҳарбӣ ба Радиои Озодӣ: Ҷавони бемор аз хидмат озод шуд


Дар Тоҷикистон соле ду бор ҷавонон ба артиш даъват мешаванд.

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷавони беморе, ки барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхис, аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод шудааст.

Абдувоҳид Юсупов, як сокини шаҳри Ваҳдат рӯзи 1-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писари 19-солаи беморашро бо зур барои хидмат дар артиш ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Ӯ гуфта буд, ки писараш бемории "гепатити С" дорад, вале "кормандони комиссариати ҳарбӣ талаб карданд, ки ба хидмат равад”.

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон дар вокуниши худ навиштааст, ки ташхиси иловагӣ “ба бемории сироятии “Гепатит С” гирифтор будан”-и ин ҷавонро тасдиқ кард ва ӯ “аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудааст.”

Посухи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ
Посухи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ
Посухи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ
Посухи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ

Ба гуфтаи Додситонӣ, тафтиш маълум кард, ки ин ҷавон на маҷбур, балки ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудааст ва кормандони ин ниҳод “ягон амалҳои ғайриқонунӣ” накардаанд.

Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ Абдувоҳид Юсупов гуфта буд, ки писарашро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд. Ӯ гуфта буд, ки агар писараш солим бошад, мухолифи рафтанаш ба артиш нест. "Вале бачаҳои беморро ба куҷо мебаранд? Онҳо чӣ хидмат карда метавонанд? Ҳамаашон дар "госпитал" хоб мераванд, моро ҳимоят карда наметавонанд", -- гуфт ӯ.

Дар гузашта мақомот мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавононро ба артиш тасдиқ мекарданд, вале солҳои охир мегӯянд, сафи ихтиёриён ва ё довталабон афзудааст.

Ҳарчанд даҳҳо наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ки дар онҳо саҳнаҳои боздошти ҷавонон дида мешавад. Сокинон мегӯянд, ошкоро боздошт ва бо зур ба хидмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон бештар шудааст.

Ин наворро сокинон “облава” меноманд.

Рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд, вале мақомот ҳанӯз нархи ба артиш нарафтанро эълон накардаанд. Дар Вазорати мудофиа гуфтанд, ба зудӣ ба ин масъала нуқта мегузоранд.

Дар чанд ноҳия, аз ҷумла Рашту Тоҷикобод ва Нуробод гуфтанд, нақшаи гусели ҷавононро ба артиш иҷро карданд ва аксари онҳо ихтиёрӣ ҳастанд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфта буд, ки бар асоси маълумоти гирифтаи онҳо то 19-уми март ҳудуди 70 дарсади ҷавононе, ки ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мешаванд, омода буданд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад.

Вакилони порлумон дар охири моҳи январи имсол тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбиро қабул карданд. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.

Қонуне, ки “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон10 сол пеш ба мақомот пешниҳод карда буданд, вале он замон қабул нашуда буд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, дар бораи тарҳҳои мухталиф чизе намедонанд, вале мунтазири он ҳастанд, ки маблағи халосӣ аз артиш ва тартиби пардохти он зудтар маълум шавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, бадрафторӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “сарбозшикор” бурдани ҷавонон ба артиш низ расонаӣ мешавад.

Се нуктаи муҳим:

  • Ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
  • Магистрантҳо ва аспирантҳо, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, "имтиёз" надоранд. Мувофиқи қонуни пешина, онҳо ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро ҳангоми таҳсил доштанд. Мақомот мегӯянд бар асоси тарҳи нав танҳо ҷавононе, ки дар риштаи докторантура таҳсил мекунанд, аз хизмат озод ҳастанд.
  • Минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд.
Даъват ба маҷлис ё даъват ба артиш?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG