Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси домод барои "ба худкушӣ расондан"-и наварӯс. Модар ба худкушии духтараш бовар надорад. ВИДЕО


Ҳангоми видоъ ва дафни Насима Додова

Додгоҳи минтақаи Рашт як ҷавонро барои "ба худкушӣ расонидан"-и ҳамсари ҳаждаҳсолааш 5,6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 28-уми апрел содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Наздикони арӯс гуфтанд, аз ҳукм розӣ нестанд, чун духтари онҳо худкушӣ накардааст ва парвандаи домод, Искандаршоҳ Саидмаҳмадов, бояд аз рӯйи моддаи "куштор" баррасӣ шавад. Пайвандони ҷавон гуфтанд, ин иддао дуруст нест, чун ташхиси тиббиву додгоҳӣ ду дафъа худкушӣ будани ҳодисаро тасдиқ кард.

Барои келин кардани ин духтар ду сол интизор шудем, то мактабро хатм кунад. Миёни онҳо ягон ҷангу ҷанҷол ё арзу дод набуд, то бигӯем ин сабаб шудааст.
Нуралӣ Саидаҳмадов

Марг баъд аз чанд моҳи издивоҷ

Искандаршоҳ Саидмаҳмадов 24-сола аст. Ӯ ва Насима Додова ҳашт моҳ пеш бо хости волидон издивоҷ карданд ва арӯс обистан будааст.

Аслбӣ Хуҷандиева, модари Насима Додова, мегӯяд, ҷасади духтарашро ду моҳ пеш аз манзили шавҳараш гирифтанд ва аз мақомоти додгоҳӣ талаб доранд, ки қазияро ҷиддӣ баррасӣ кунанд. Онҳо ба худкушӣ будани ҳодиса бовар надоранд.

Хонаводаи домод мегӯянд, ки арӯс дар манзили онҳо мушкили хос надошт ва сабаби худкушияш ба онҳо маълум нест.

Хуҷандиева рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш барои ҳифзи хонавода ҳама "дарду азобро пинҳон медошт". Вай бовар дорад, ҳодисаи як рӯз қабл аз марги духтараш ба чунин ранг гирифтани воқеа сабаб шудааст.

Аслбӣ Хуҷандиева
Аслбӣ Хуҷандиева

"Як рӯз пеш ба хонаи мо омада буд. Баъд аз чанд соати он яке аз наздикони шавҳараш омад ва гуфт, ки тез ба хона равад, чун хушдоманаш мунтазир аст. Пас аз ин чӣ гузашт, ба мо номаълум аст. Танҳо субҳи рӯзи дигар ба мо занг заданд, ки духтар бемор аст ва омада бинед. Вақте рафтем, алакай бо мошин ба бемористон мебурданд. Духтур гуфт, ки кайҳо ҷон додааст", -- нақл кард Аслбӣ Хуҷандиева.

“Ду сол интизор шудем..."

Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Искандаршоҳ Саидмаҳмадов мегӯянд, арӯс дар хонаи он ҳеч мушкил надошт ва то ҳанӯз намедонанд, ки чаро ӯ даст ба худкушӣ задааст.

Нуралӣ Саидмаҳмадов, хусури Насима Додова, дар суҳбати телефонӣ рӯзи 27-уми апрел гуфт: “Барои келин кардани ин духтар ду сол интизор шудем, то мактабро хатм кунад. Миёни онҳо ягон ҷангу ҷанҷол ё арзу дод набуд, то бигӯем ин сабаб шудааст. Рости гап, ҳамон шабу рӯз дар хона набудам. Ба ман гуфтанд, ки саҳар ба намозхонӣ баромада, ҳамин корро кардааст. Ташхис низ ҳаминро гуфтааст."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Модар ба худкушии духтари наварӯсаш бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Мақомот мегӯянд, парвандаро бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ба худкушӣ расондан, дуруст кардаанд ва мурофиаи аввал рӯзи 27-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Рашт баргузор шуда, ҳукм рӯзи 28-уми апрел содир шуд. Мурофиаро додрас Ҳусейн Баротзода раҳбарӣ кард.

Вақте додситон дар назди ман аз шавҳараш пурсид, ки чаро латукӯб кардӣ, гуфт, ки ба хонаи модараш рафт ва маро напурсид. Лекин дар шаш моҳи хонадорӣ духтари ман аз хатти кашидаи онҳо берун намебаромад.
Аслбӣ Хуҷандиева

Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки парванда аз рӯйи моддаи “Ба худкушӣ расондан” баррасӣ шудааст, вале аз ин бештар ҷузъиёт надод. Ин дар ҳолест, ки волидони Насима Додова рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Искандаршоҳ Саидмаҳмадов дар мурофиаи додгоҳӣ "қисман гуноҳро ба гардан гирифта, тасдиқ кардааст, ки ҳамсарашро задааст". Наздикони Саидаҳмадов дар ин бора чизе нагуфтанд.

Ҷанҷолҳои оилавӣ, вазъи рӯҳӣ...

Пайдо кардани ҷасади арӯс дар хонаи шавҳар дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Мақомот мегӯянд, дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо сабт шудаанд ва сабаби аксари фоҷиаҳо "ҷанҷолҳои оилавӣ аст".

Дигар сабаб, ба гуфтаи равоншиносон, бемории равонӣ ва афсурдагии аз ҳад зиёди арӯсони ҷавон аст, ки бисёр вақт атрофиён ё нодида мегиранд ва ё ҳеч аҳамияте намедиҳанд.

Аслбӣ Хуҷандиева иддао дорад, ки духтари онҳо ҳеч беморӣ надошт ва ҳамеша мекӯшид, аз мушкил дар хонаводаи шавҳараш лаб накушояд: "Ӯ мактабро бо баҳои хуб тамом кард. Агар ягон беморӣ медошт, ҳама медонист. Вақте додситон дар назди ман аз шавҳараш пурсид, ки чаро латукӯб кардӣ, гуфт, ки ба хонаи модараш рафт ва маро напурсид. Лекин дар шаш моҳи хонадорӣ духтари ман аз хатти кашидаи онҳо берун намебаромад."

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон "Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ дар оила"-ро қабул кардааст ва Барномаи давлатии пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 низ вуҷуд дорад, хушунат ба зидди занон дар баъзе аз оилаҳо "расми маъмул" мемонад.

Роҳи ҳал кадом аст?

Иддае дар Тоҷикистон ба ин ақидаанд, ки "хушунати хонаводагӣ масъалаи хусусӣ аст ва бояд дар доираи оила ҳал шавад". Чанд сол пеш як таҳқиқи Кумитаи кор бо занон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ низ рӯшан карда буд, ки 97 дар сади мардон ва 72 дар сади занон ба ин назаранд, "барои ҳифзи оила занҳо бояд ҳаргуна ҷабрро ба ҷонашон таҳаммул кунанд".

Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ дар бораи мавридҳои худкушии занон гуфт, набояд бо оилаҳои ҷавон, бо насли имрӯза бо меъёрҳои қадима муносибат кард.

Ӯ гуфт: “Масалан, як зани ҷавон ба як мушкил гирифтор шуд, ба назди модару модаркалонаш ё холааш меравад ва мегӯяд, ман ҳамин мушкилро дорам. Маъмулан одамони калон мегӯянд, дар давраи мо ҳам ҳамин хел буд, тоқат кардам, ту ҳам тоқат кун. Вақте мо ингуна маслиҳат медиҳем, дараҷаи тоқати ҳар нафарро намедонем. Агар андозаи тоқати як нафар 50 грамм аст, ин мисоли хеле содда аст, андозаи сабри нафари дигар хеле камтар аст".

Худкушии занон дар Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш аст. Соли 2019 ва 2020 танҳо дар вилояти Суғд 44 зан бо сабаби хушунати хонаводагӣ қасд ба ҷони худ кардаанд.

Дар чанд мавриди ангуштшумор шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) соли 2018 Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва панҷуним сол зиндонӣ кард. Фаризаи Хӯҷаназар, келини 21-солаи ӯ, моҳи феврали ҳамон сол худкушӣ карда буд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG