Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо аробача бурда меоранд." ҲСДТ ва ҳамсари Маҳмурод Одинаев аз саломатии ӯ дар зиндон нигаронанд. ВИДЕО


Дар акс: Маҳмурод Одинаев, Меҳрнигор Ризоева ва Раҳматилло Зойиров

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъи саломати Маҳмурод Одинаев, муовини пешини раиси ҳизб дар боздоштгоҳ бад шудааст. Як намояндаи боздоштгоҳ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, "Одинаев зери назорати пизишкон аст".

Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январи имсол ба 14 сол зиндон маҳкум шуд ва дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Ба хотири бад будани вазъи саломатиаш, наметавонад дар мурофиаи додгоҳии зинаи кассатсионӣ ширкат кунад. Ҳозир дар СИЗО аст, ба беморхона бурда меоранд.
Раиси ҲСДТ

"Роҳ гашта наметавонад"

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари собиқи Маҳмурод Одинаев, мегӯяд, се моҳ боз аз вазъи ӯ ва писараш дар боздоштгоҳ хабар надорад.

Ӯ ягона шахсе будааст, ки ба гуфтаи худаш барои Маҳмурод Одинаев ба боздоштгоҳ ғизо мебарад. Мегӯяд, кормандони боздоштгоҳ ғизоро мегиранд, вале на шавҳари собиқ ва на писарашро ба ӯ нишон намедиҳанд. Дар бораи саломатии Маҳмурод Одинаев танҳо аз хабарҳои пароканда шунидааст.

"Мегӯянд, ки саломатиаш он қадар хуб нест. Дар аробача бурда меоранд. Мо ҳам фаҳмидем, ки саломатиаш хуб нест, сари бачаамро зада кафондаанд. Мегӯянд, аз Суди олӣ иҷозатнома гиред, баъд метавонед онҳоро бинед", -- афзуд Меҳрнигор Ризоева.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Нигаронӣ аз вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ гуфт, ба маълумоти дарёфтии онҳо вазъи саломатии муовинаш дар боздоштгоҳ "бад аст". Ҳам ӯ ва ҳам наздикони Одинаев дар посух ба ин суол, ки ба ӯ чӣ шудааст, гуфтанд, "наметавонад роҳ гардад."

Ба қавли Зойиров, "Одинаевро аз ҳуҷраи хоб то назди пизишкон бо аробачаи маъюбӣ бурда меоранд".

"Ба хотири бад будани вазъи саломатиаш, наметавонад дар мурофиаи додгоҳии зинаи кассатсионӣ ширкат кунад. Ҳозир дар СИЗО аст, ба беморхона бурда меоранд. Мурофиаи судӣ дар Суди олӣ нашуд, ӯро ба табобат бурданд."

Мақомот шарҳ надоданд

Мақомот расман дар бораи вазъи саломати Маҳмурод Одинаев чизе намегӯянд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари роҳбарияти Идораи зиндонҳо дар ин замина бенатиҷа анҷомид.

Танҳо як намояндаи Боздоштгоҳи рақами 1 бо шарти зикр накардани номаш гуфт, аз ин ки саломатии Маҳмурод Одинаев дар рӯзҳои охир вазнин шуда бошад, хабар надорад. Вале, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "саломатии Одинаев аз рӯзи аввал, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) қарор дорад, барқарор нашудааст."

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Худи Маҳмурод Одинаев дар вақти эълони ҳукм дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рост истода наметавонист ва гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа сутунмуҳрааш сахт осеб дидааст. Он Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, шиканҷа шудани Одинаевро рад кард.

Мақомот муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократро ба "авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳокимият" айбдор карданд. Маҳмурод Одинаев ва пайвандонаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, қазияи ӯ сиёсӣ аст.

Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев писари ӯ Шайх Ризоев ҳам дар боздоштгоҳи Душанбе аст. Ризоев бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "талоши таҷовуз ба номус" ба 6 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳарчанд пайвандонаш иттиҳомро бепоя хонда мегӯянд, ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.

Дар шароите ки мақомот расман вазъи саломатии Маҳмурод Одинаевро шарҳ намедиҳанд, дақиқ нест, муовини раиси ҲСДТ дар боздоштгоҳ чӣ аҳвол дорад. Пайвандонаш мегӯянд, аҳволи онҳо низ дар озодӣ чандон хуб нест ва таъмини ду нафар дар зиндон барояшон рӯз то рӯз мушкилтар мешавад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG