Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ин ҷо дар бораи роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва таъину аломатгузории марз гуфтугу карданд. Акс аз рӯзи якуми май аз вилояти Ботканди Қирғизистон.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ин ҷо дар бораи роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва таъину аломатгузории марз гуфтугу карданд. Акс аз рӯзи якуми май аз вилояти Ботканди Қирғизистон.

Бо гузашти чаҳор рӯз аз даргирии хунин дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон мақомоти расмӣ мегӯянд, ки вазъ ором аст ва ҳеч тирандозие дар шаби гузашта сурат нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарии ду кишвар ва ҳамчунин корбароне дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тирандозиҳои нав пас аз се соати имзои созишнома хабарҳои дурӯғ паҳн карданд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ, гуфт, ки “вазъ дар тамоми ноҳияву деҳоти вилояти Ботканд дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон муътадил аст ва ором аст.”

Ба гуфтаи вазорат, шаби гузашта ягон тирандозӣ сурат нагирифтааст ва маъмурони милиса дар байни мардуми деҳоти марзии Қирғизистон суҳбат мегузаронанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳеч баёнияи наве дар бораи вазъ дар деҳоти ин тарафи марз нашр накардаанд, вале хабарнигороне, ки дар маҳалли ҳодиса ҳастанд, мегӯянд, оромист.

Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҳоло дар Чоркуҳ қарор дорад, аз дидаву мушоҳидаҳояш гуфт: “Пас аз тавофуқи дирӯза вазъ дар минтақаҳои марзӣ амалан ором аст. Мақомоти маҳаллӣ ва манбаъҳои боварбахш дар пайи сару садоҳои дишаб, ки гуфта мешуд дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара садои тирро шунидаанд, тасдиқ накарданд. Субҳ роҳи Хуҷанд-Исфара боз буд ва сокинони ҷамоати Чоркуҳу Ворух бе монеа равуо мекарданд. Мақомоти ҳукуматӣ барои мулоқоту аёдат ба назди сокинон омадаанд. Низомиёни тоҷик ва мошинҳои ҳарбӣ дар марз дида намешаванд. Сокинони ҷамоати Ворух ва деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониён мегӯянд, хатти барқи вайроншуда қисман барқарор шуда ва пас аз ду рӯз барқашон рӯшан шудааст.”

Дирӯз гузориш расид, ки қисме аз мардуми ҷамоати Хистеварзи Бобоҷон Ғафуров ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баъд аз шунидани садои тир хонаҳои худро тарк кардаанд. Ҳарчанд баъдан гузориш шуд, ки тирандозӣ тасодуфӣ буда ва дар он тарафи марз дар Қирғизистон сурат гирифтааст.

Мулоқот бо сокинони Ворух ва "Ҳар чӣ буд, гузашт"

Рӯзи 2-уми май мақомоти Тоҷикистон бо шумули Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати Ворух дар қасри фарҳанг мулоқот карданд. Ҳадафи сафари онҳо шиносоӣ бо вазъи деҳаҳои наздисарҳадӣ ва мулоқот бо сокинон будааст.

Саймумин Ятимов баъд аз анҷоми мулоқот дар суҳбати ҳузурӣ ва бидуни сабт гуфт: "Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад".

Муноқиша дар сарҳад рӯзи 28-уми апрел ва барои як маркази тақсими обе сар зад, ки ду тараф сари он даъво доранд ва аз они худ мешуморанд. Тоҷикон хостанд, дар ин ҷо дурбини назоратӣ насб кунанд, вале қирғизҳо монеъ шуданд ва кашокаши лафзӣ ба сангандозии тарафи ҳамдигар табил ёфт. Дақиқ нест, кадом тараф нахустин шуда, оташ кушод, аммо ин сабаб гашт марзбонону неруҳои амниятии ду кишвар ба он ҳамроҳ шуданд. Ғайриинтизор ва якбора аланга гирифтани оташи ҷанг бо истифода аз силоҳҳои вазнин ва чархбол, ду тарафро маҷбур кард, ки рӯзе баъд созиши оташбас эълон кунанд ва ба мувофиқа бирасанд, ки неруҳои мусаллаҳи худро аз марз ду карда, ба ҷойҳои доимиаашон баргардонанд.

Талафот бо омори пароканда

Доир ба талафот дар муноқишае, ки то ҳол ба ин ҳад нарасида буд, гузоришҳо гуногунанд. Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки дар натиҷаи даргириҳо 34 нафар кушта шудаанд ва 178 нафар осеб дидаанд. Мақомоти Тоҷикистон иттиллои расмие доир ба ҳалокшудагон нашр накардаанд, вале Радиои Озодӣ то кунун номи 16 кушташуда аз ҷумла афсарон ва сокинони одиро маълум кардааст. Дар рузи аввали муноқиша хабарнигори Радиои Озодӣ танҳо дар як шифохона дар шаҳри Исфара шоҳиди ба бемористон овардани чандин захмӣ шуд, вале ҳеҷ омори расмие аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора нашр нашудааст.

Дар бораи харобиҳо дар деҳоте, ки муноқиша ба онҳо осеб расонд, аз Қирғизистон гузориш расидааст, ки онҷо даҳҳо хона осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар гуфт, ки то рӯзи 1-уми май, 78 хона, 2 мактаб, як кӯдакистон, қароргоҳи шуъбаи умури дохилӣ, 3 посгоҳи марзӣ, 10 бензинфурӯшӣ ва 8 мағоза осеб дидаанд.” Дар байни кушташудагон Мадина Раҳматҷонова духтараки 12-солаи қирғиз низ ҳаст. Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин гуфтаанд, ки 30 ҳазор нафарро аз минтақаҳои даргирӣ ва осебдида ба ҷойҳои амн кӯчонидаанд.

Аз тарафи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи осеб дидани хонаву амволи мардум ва ё иншооти давлатӣ гузорише нашр накардаанд, вале хабарнигороне, ки ба деҳоти осебдида рафтаанд, аксҳое аз вайрониҳои зиёду хонаҳои сӯхта дар деҳаи Хоҷаи Аълоро нашр карданд. Дар бораи интиқоли мардум ба ҷойҳои амн низ баёнияи расмие нашр нашудааст.

Ваъда барои ҳалли зуди масъалаи марз

Дар охирин таҳаввулот, дар рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар таҳти раҳбарии Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев ҳамтои қирғизи ӯ дар вилояти Ботканд мулоқот карданд ва қавл доданд, ки дигар ба “такрори чунин фоҷиаҳо роҳ намедиҳанд.” Айни замон онҳо гуфтанд: “Ба гурӯҳҳои кории топографӣ (харитасоз) супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар ба тасвири сарҳади давлатӣ дар қисматҳои боқимонда шурӯъ кунанд.”

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Раҳбарони ду кишвар сари минтақаҳои боқимонда, ки аҳолии зиёд доранду баҳсбарангез ҳастанд, натавонистаанд, ба мувофиқа нарасидаанд. Баҳс сари обу замину чарогоҳ дар ин минтақаҳо дар солҳои гузашта вуҷуд дошт ва бо хунрезиву талафоти кам поён ёфтааст. Чунин муноқишаи ҷиддӣ, ки бо ҷалби неруҳои мусаллаҳи ду тараф ва бо чунин талафоту хисорот сурат гирифта бошад, то кунун дида нашуда буд.

Коршиносон бим доранд, ки баъди ингуна муноқиша таъйину аломатгузории сарҳад мушкилтар мешавад ва ин эҳтимол низ ҳаст, ки ду тараф, аз тарси такрори хунрезӣ, ҷиддан аз пайи ҳалли масъалае шаванд, ки даҳсолаҳо натавонистаанд, онро ҳал кунанд.

Гузоришу иттилои бештар дар бораи ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайвандҳои зер аст.

https://www.ozodi.org/a/31233514.html

https://www.ozodi.org/a/31232873.html

https://www.ozodi.org/a/31233306.html

https://www.ozodi.org/a/31231901.html

https://www.ozodi.org/a/31229976.html

https://www.ozodi.org/a/31231062.html

Агар дар ҷойи ҳодиса ҳастед ва мехоҳед, ончиро ки дидед, бигӯед, пас ба ин рақамҳо занг занед бо Вайбер, Вотсапп ва ё Телеграму ИМО.

(+992) 980 15 10 10

(+420) 607 900 808;

(+420) 724056681;

(+420) 724053959

Ё ба ин почтаи электронӣ бинависед: Tajik@rferl.org

XS
SM
MD
LG