Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз "қосиди сулҳ"-и Тоҷикистон ва дар рӯзҳои пуртаниш. ВИДЕО


Мирзо Турсунзода бо Чингиз Айтматов, адиби маъруфи қирғиз

Ортиқи Қодир:

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо ,халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

Агар умраш вафо мекард, моҳи майи имсол қосиди сулҳ, шоири ширинкалом ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 110-сола мешуд. Ӯ аз он шоирони тоҷик аст, ки шуҳраташ бештар ба муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар дунё рабт мегирад. Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ӯ чунин ёд мекунад:

“Медонед, устод Турсунзода ин қадар бузург буданду ин қадар хокӣ буданд. Худо назар кард, ки ҳамин одам, ҳамчун тоҷик, ҳамчун инсон дар тамоми дунё шинохта шуд. Устод Турсунзода ҳамчун Айнӣ, Ғафуров, Лоҳутӣ бо пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек, дар тамоми дунё тоҷикро нишон дода тавонистанд. “

Роҳи зиндагиву шуҳрати ин шоиру таблиғгари фарҳанги тоҷик аз деҳаи хурде дар дараи Қаратоғи Ҳисор оғоз мешавад. Баъди таъсиси мактаби шӯравӣ дар деҳаи Қаратоғ нахустин муҳассили ин мактаб шуд. Баъдан таҳсилро дар Душанбеву Тошканд давом додааст. Корро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар соли 1930 шуруъ карда, нахустин шеърҳои худро эҷод кардааст. Фаъоли ҷамъиятиву давлатӣ буд. Дар мақомҳои мухталифи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистони шуравӣ кор кардааст.

Ёде аз қосиди сулҳи тоҷикон Мирзо Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:41 0:00

Шоир дар хона, қосиди сулҳ дар берун

Дар ҳоле дар Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба унвони як шоир, драмматург ва донишманд маъруф аст, дар хориҷ аз марзҳои кишвар исми ӯ ҳамчун як чеҳраи сиёсӣ ва "қосиди сулҳ" ошно буд. Раёсаташ дар Кумитаи шӯравии ҳамгироии кишварҳои Осиёву Африқо ва узвияташ дар Кумитаи шӯравии ҳифзи сулҳ ба ин мусоидат кард. Аксарияти мавзуъҳои эҷодиёти Турсунзода низ ба ҳамин рисолаташ пайванд мегирад, ки бештар тарғибгари сулҳу дустӣ ва ватанпарварӣ ҳастанд. Руҳуллоҳи Ҷурабой, мардумшинос, сокини деҳаи Қаратоғ: “Агар вай бузург намешуд, ашъори вай бо 60 забон тарҷума намешуд. Дар даврони шӯравӣ ба 34 давлати ҷаҳон сафар кардан, роҳбари Кумитаи якдилии Осиёву Африқо будан бисёр мушкил буд ва ба ҳама муяссар намешуд.

Ҷурабек Муродов, овозхони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ: “Вақте дар Маскав намояндагони 15 ҷумҳурӣ ҷамъ мешуданд, вақте устод Турсунзода меомаданд, шоирони маъруфи 15 ҷумҳурӣ ҳама устодро пешвоз мегирифтанд. Устод гули сари сабад буданд. Устод роҳбар буданд. Ҳам дар Иттиҳодӣ шуравӣ ва ҳам дар тамоми ҷумҳурӣ ба ҳар кас чунин обру ёфтан муяссар нашудаст.”

Бо вуҷуди шуҳрату маҳбубият Мирзо Турунзода мисли ҳамеша заминиву хоксор монд. Ба хусус пас аз сафарҳои хориҷӣ ҳамеша ёди зодгоҳу ҳамсояҳо ва пайвандон мекард. Духтараш Фирӯза Турсунзода чунин мегӯяд: “Ё моро гирифта мерафтанд, ё рафиқонашро гирифта мерафтанд, албатта ба тарафи Ҳисор, ба Қаратоғ мерафтанд. Мегуфтанд, ки духтарам аз ҳама чизи бамаззатар барои ман азизтар ин як луқмаи нон аст, ки дар дарёи Қаратоғ тар карда мехӯрам. Ҳар ҷо ки бошам, доимо маззаи ҳамон нон дар даҳонам.”

"Дар фазо парвоз кардам, гарчӣ аз рӯи замин"

Мирзо Турсунзода аз соли 1949 то рӯзи фавт дар соли 1977 раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистони шуравӣ ва аз соли 1959 то охири умр котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Эҷодиёти Турсунзода, ки бо забони содаву шевои тоҷикӣ иншо шудааст, марзҳои шӯравиро шикаставу таблиғгари обу хоки ватанаш гашта буд. Достонҳои «Писари Ватан»,«Ман аз Шарқи озод» «Қиссаи Ҳиндустон» «Садои Осиё» «Чароғи абадӣ» «Ҷони ширин» «Аз Ганг то Кремл» ва теъдоди дигар ба шуҳрати Турсунзода берун аз марзҳои шуравӣ афзуд. Ҷурабек Муродов:

“Эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро ягон кас мисли ман нахондааст. То ҳамина дар бораи ватан, сулҳ, нон, модар, об ҳамин чизҳоба сурудҳо набуд, мақом буд, фалак буд, аз Бадахшон, рубоиётҳои Зарафшон буд. Якум оҳангро кардем, “Он қадар дар дилписандӣ, дилписанд аст ин Ватан.

Якум оҳанга кардам нишон додам. Дуюм оҳанг рафтан гирифт. Баъд суруди Рудакӣ суруди шиносоии миллати тоҷик шуд. Дар тамоми ҷаҳон ман хондам.

Ва дар фазо парвоз кардам, гарчӣ аз рӯи замин.

Бисёр маъруф шуд. Баъд пай дар пай сурудҳо шуд. Мо эҷод мекардем. Фақат ҳамон “Нонреза, “Дили модар”-ро вақте хондам, ашкашон рехт."

Ҷӯрабек Муродов аз дӯстони наздики Мирзо Турсунзода буданд. Вақте Турсунзода сахт бемор шудааст, ба наздиконаш васият кардааст, ки ҷасади ӯро Ҷӯрабек Муродов ба гӯр гузорад, ки ҳамин кор ҳам кардааст. Ӯ 25-уми сентябри соли 1977 дар 66-солагӣ чашм аз олам пӯшид.

Ортиқи Қодир, ҳунарпеша:

Он ки мепурсад маро, он шоири мумтоз ку?

То ҷавобашро бигардонам варо овоз ку?

Ман намегуям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG