Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маршировка" ба ҷойи таътил. Донишҷӯёни Душанбе боз ба роҳпаймоиҳои ҷашнӣ даъват шуданд


Бархе аз донишҷӯёни макотиби олӣ дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки масъулини донишгоҳҳо мехоҳанд онҳоро маҷбурӣ ба “маршировка” ё роҳпаймоӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолият баранд. Мақомот даъвати донишҷӯён ба “маршировка”-ро рад намекунанд, вале мегӯянд, ширкат дар роҳпаймоии идона ихтиёрӣ аст, на маҷбурӣ. Ҷалби донишҷӯён барои таҷлили иду ҷашнҳо солҳо боз дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад, вале мақомот аз ин таҷриба даст намекашанд.

“Ё ширкат мекунӣ ё аз донишгоҳ хориҷ мешавӣ”

Ҳаддиақал панҷ донишҷӯ аз донишгоҳҳои омӯзгорӣ, миллӣ ва техникӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз раёсати донишгоҳ ба наздашон омада фаҳмондаанд, ки бояд дар роҳпаймоӣ ё “маршировка” ба муносибати 30-солагии истиқлолият иштирок кунанд.

Ба гуфтаи донишҷӯён, ба онҳо ваъда додаанд, ки барои ширкат дар “маршировка” онҳоро бо хобгоҳ таъмин карда, барояшон стипендия ҳам медиҳанд. Дар сурати саркашӣ ба донишҷӯён ҳушдор додаанд, ки онҳоро аз стипендия маҳрум шуда, ҳатто аз донишгоҳ хориҷ мекунанд.

"Моро маҷбур доранд, ки дар истироҳат маршировка равем. Гуфтам, ки ҷойи зист надорам ва квартираамонро месупорем. Ваъда доданд, ки хобгоҳ медиҳем ва бояд иштирок кунед. Ман нафстангӣ дорам ва дар гармӣ дар берун зиёд истода наметавонам. Маълумотнома пешниҳод кардам, қабул накарданд. Таҳдид доранд, ки агар иштирок накунед, аз донишгоҳ ихроҷ мекунем,»-гуфт яке аз донишҷӯён бо шарти зикр нашудани номаш.

Ба ин монанд чанд донишҷӯи дигар гуфтанд, имкони ширкат дар «маршировка»-ро надоранд. Яке аз донишҷӯёни дигар гуфт, шартномавӣ таҳсил мекунад ва дар таҳсили тобистона бояд ҷойе кор кунад. «Агар маршировка равам соли оянда пули шартномаро аз куҷо месупорам»?

Мақомот: ширкат дар маршировка ихтиёрӣ аст

Мақомот чунин шикояти донишҷӯёнро рад мекунанд. Ҷамила Мусоҷонова, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иштирок дар “маршировка” ихтиёрӣ аст ва барои ширкат накарданд донишҷӯён ҷазо намегиранд. Хонум Мусоҷонова афзуд, ба онҳо хабар додаанд, ки донишҷӯён барои ширкат дар чорабинии идона омода шаванд, вале феълан маълум нест, ки чанд нафар дар он ширкат мекунанд.

Дар Вазорати маориф ва илм низ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки донишҷӯён барои ширкат дар чорабиниҳои 30-солагии истиқлолият ҷалб мешаванд. Масъулини дафтари матбуоти вазорат гуфтанд, теъдоди донишҷӯёни ширкаткунанда ва имтиёз барои онҳо баъди тасдиқи барномаи ҷашн эълон мешавад.

Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон 30-солагии мустақилияти худро ҷашн мегирад. Дар назар аст, ки ба ин муносибат дар кишвар чорабиниҳои зиёде баргузор шавад.

Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чорабиниҳои асосӣ дар Кохи Борбад ва Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки донишҷӯён барои ширкат дар чорабинии асосӣ дар Наврӯзгоҳ ҷалб шаванд.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг афзуд, сенарияи ҷашнро пешниҳод карда, мунтазири тасдиқ шудани он ҳастанд. “Сенария тасдиқ шавад, баъд мо расман гуфта метавонем, ки чанд донишҷӯ ва чанд нафар аз ҳунармандон ҷалб мешаванд,”-гуфт Мирзоолим Саидов.

“Ҷавонон дар маршировка ошиқ мешаванд?”

Ҳамасола дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашнҳое ба монанди "Наврӯз", рӯзи Ваҳдат ва Истиқлол, ҷашни қабули Қонуни Асосӣ ва ғайра даҳҳо ҳазор донишҷӯ ва шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.

Маъмулан, ҷавонон зери офтобу борон саҳнаҳои таҳияшударо тамрин мекунанд. Дар гузашта аз ҳолатҳои зиёди бемориву аз ҳуш рафтани донишҷӯён ҳангоми машқҳои дастҷамъона гузориш шуда буд. Мақомот ин хабарҳоро таъйид намекунанд.

Мунтақидон “маршировка”-ро аз таҷрибаҳои бозмонда аз Шӯравӣ медонанд ва мегӯянд, бояд аз он даст кашид. Баъзе волидон ҳам аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи таълими онҳо халал мерасонад. Мақомот мегӯянд, чунин нест ва донишҷӯён дар вақти берун аз дарс ба тамрин ҷалб мешаванд.

Аз изҳороти баҳсбарангези мақомоти тоҷик дар бораи “маршировка” сухани Обидҷон Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон аст, ки соли гузашта садо дод. Назариён он вақт гуфта буд, худи ҷавонон хостори иштирок дар ин чорабиниҳо ҳастанд.

"Бовар кунед, ҷавонон бо майли худ меоянд. Мехоҳанд! Ҳеч яке аз онҳо аз иштирок дар ин маросим изҳори норизоиятӣ накарданд. Хурсандиовар буд, ки ҳатто дар ҳамон чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ду ҷавон ба ман миннатдорӣ карданд, ки ҳангоми ширкат дар "маршировка" бо якдигар шинос ва ошиқ шуда, оила барпо кардаанд," -- афзуд ӯ.

Шарҳҳоро бинед (30)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG