Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯрезии 15 хона ва 100 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. ВИДЕО


Макони фурӯрезии замин дар Абдураҳмони Ҷомӣ. Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода
Макони фурӯрезии замин дар Абдураҳмони Ҷомӣ. Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар пайи боронҳои шадид замин фурӯ рафта, 15 хонаи сокинон ва 100 гектар киштаи кишоварзон хароб шудааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 8-уми май хабар дод, ки ҳодиса деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ рух додааст. Кумита ба хотири пешгирӣ аз фалокат ва марги одамон, тасмим гирифтааст аъзои 167 оиларо «ба маконҳои амн» кӯчонанд.

Майор Мурод Муйиддинов, масъули бахши иттилооти Раёсати Куимитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Хатлон рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар мактаби №5 дар деҳаи Навобод 20 хайма задем. Ҳоло сокинон ба ин хаймаҳо омада истодаанд. Ба ин шарҳчаи хаймаҳо хати барқ гузаронида шуд, нуқтаи тиббӣ ҳам фаъол гашт. Кормандони шӯъбаи корҳои дохила ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шабонарӯзи навбатдорӣ хоҳанд кард»,

Ба гуфтаи Муйиддинов, дар пайи ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва чорвои мардум ҳам ба ҷойи амну бехатар кӯчонида шуд. Ба иддаои мақомот зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин шудаанд.

Навор аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса:

Фурӯрезии 100 гектар замин ва 15 хона дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил ва Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини нахуствазир раиси он таъин шудааст.

Ҷаласаи нахустини ситод дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз доир шудааст, Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мансабдорони дигар ширкат доштаанд. Ситод қарор кардааст, барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо кунад. Мақомот мегӯянд, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва заминшиносон вазъи ба амаломадаро шабонарӯзӣ назорат доранд.

Боронгарии зиёд ва селхезӣ дар чанд рӯзи ахир, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Ашту Деваштич боиси тахриби хонаву роҳ ва пулҳои одамгузар шудааст. Селоби рӯзи 6-уми май, дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, ба сокинони ин русто хисороти ҷиддӣ расонидааст.

Корбарони Озодӣ бо ирсоли навору акс мегӯянд, дар пайи омадани сел, роҳу хонаҳои мардум тахриб шудааст. Бинобар иттилои расмӣ, селоб беш аз 8 километр роҳ ва 10 пулро дар ноҳияи Аштр хароб кардааст. Сокинон мегӯянд, селоби зиёновар, онҳоро аз оби нӯшокӣ ҳам маҳрум сохт. Ба далели вайрону пур аз лойу санг шудани роҳҳои пиёдагарду мошингард бархе сокинони деҳ аз хонаи худ баромада наметавонистаанд.

Дар ноҳияи Деваштич ҳам борони шадид ва селоба дар 3 рӯзи ахир роҳу заминҳои кишти мардумро шуставу валангор кардааст. Сокинон мегӯянд, боғу заминдорӣ манбаи аслии пешбурди зиндагияшон буд, ҳоло намедонанд аз кадом ҳисоб рӯзгори худро пеш мебаранд. Харобкориҳои сел дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯлчашмаи вилояти Хатлон сел 15 манзили зист ва ду пулро вайрон кардааст. Ҳамин тавр дар деҳаи Бобониёз Тошеви шаҳри Турсунзода селоб таҳхонаи 14 хонаи истиқоматӣ, ҳамчунин 4 гектар хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти деҳононро хароб намудааст. Ҳаҷми умумии хисороти офати табии дар минтақаҳо ҳоло дақиқ нашудааст.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то соли 2016 дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон тахминан 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён дидааст ва ин фалокатҳо ба мисли обхезиву, заминларзаву ярч ва тарма, ба 7 миллион нафар асари манфӣ гузоштаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG