Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мушкили сарҳадҳоро баҳс карданд. Лемон: "СПАД наметавонад ҳал кунад". ВИДЕО


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони умури хориҷии СПАД мулоқот кард. Шаҳри Душанбе, 19-уми майи 2021

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ОДКБ) дар нишасти Душанбе вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷонро ташвишовар хонданд. Баррасии масъала дар посух ба муроҷиати Арманистон ҷараён гирифт, ки ба фарқ аз Озарбойҷон узви созмон аст.

Дар нишаст даргирии ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ баррасӣ шуд. Ба қавли Станислав Зас, дабири кулли СПАД, риояи созишҳои ду кишвар дар пасманзари дурнамои вазъи Афғонистон хеле муҳим аст.

Ӯ рӯзи 19-уми май дар Душанбе гуфт: "Мо аз созишҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон ва ором шудани вазъ дар марзи ду кишвар истиқбол мекунем. Дар ин масъала тавофуқи байни ду раиси ҷумҳуриро ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ бояд махсус зикр кард."

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанг муттаҳам мекунанд ва барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона боз кардаанд.

Даргириҳои марзии миёни кишварҳои узви СПАД дар пешорӯи берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таҳдиде ба сарҳадҳои ҷанубии ин созмон унвон карда шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май гуфт, “дар умум, мо ба андешаи муштараке расидем, ки тақвияти марзҳои ҷанубии СПАД хеле муҳим аст. Дар ин росто чораҳои зарурӣ андешида истодаем."

Бо вуҷуди хушбинӣ ва эъломияҳо, коршиносон саҳми паймонро дар ҳалли низоъҳои байни аъзои он номуассир хонда, мегӯянд, ин созмон борҳо сустии худро дар чунин ҳолатҳо ба намоиш гузоштааст.

Эдвард Лемон, коршиноси масоили минтақаи Осиёи Марказӣ, гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ нишон дод, ки вақте дар кишварҳои узв буҳрон пеш меояд, наметавонад расидагӣ кунад.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон
"Аз ҷумла, дар соли 2010 созмон натавонист, ба муноқишаи қавмӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон мудохила кунад. Гузашта аз ин, моҳи апрели соли ҷорӣ СПАД ба низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳардуи ин кишвар узви созмон ҳастанд, чорае наандешид. Ҳамчунон дидем, ки Арманистон, кишвари узви СПАД, дар моҳи ноябри соли гузашта бо Озарбойҷон вориди даргирӣ шуд ва ин ниҳод натавонист, коре кунад", -- шарҳ дод ӯ.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро кишварҳои пасошӯравӣ дар соли 1992 таъсис дода, ҳоло Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.

СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст". Чанд вақт пеш ин ниҳод изҳор дошт, ки дар ҳалли низои миёни Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст.

Дар ин созмон нақши асосӣ ба Русия нисбат дода мешавад ва ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ доштани нуфузи Маскав дар қаламрави пасошӯравӣ аст.

Навори суҳбати Эдвард Лемон:

Эдвард Лемон: "СПАД собит кард, ки наметавонад мушкили марзии кишварҳои собиқ шӯравиро ҳал кунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG