Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишке, ки дар бораи гумонбарони КОВИД-19 дар Суғд хабар дод, аз мақом барканор шуд


Абдумавлон Абдуллозода, сардори собиқи Маркази беҳдоштии вилояти Суғд
Абдумавлон Абдуллозода, сардори собиқи Маркази беҳдоштии вилояти Суғд

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, ки ҳафтаи гузашта аз бистарӣ шудани чанд нафар бо гумони сироят ба коронавирус хабар дода буд, аз мақомаш барканор шудааст.

Ба ҷойи ӯ, Тахмина Усмонова, ки то ин замон мудири бахши Маркази беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд буд, таъин шудааст.

Рӯзи 19-уми май намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд. Аз ҷумла, Абдумавлон Абдуллозода гуфта буд, ки шаҳрванди 47-солаи Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд ба карантин гирифтанд ва се корманди меҳмонхона низ, ки бо ӯ дар тамос буданд, ба гушанишинӣ фиристодаанд.

Тасдиқи чунин хабар дар ҳоле буд, ки аз аввали моҳи январ то кунун Вазорати тандурустии Тоҷикистон вуҷуди коронавирус дар кишварро рад мекунад. Аз ин рӯ, барканории ин мақоми соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғдро бисёриҳо ба ин изҳори назараш рабт доданд.

Абдумавлон Абдуллозода, мудири ҳамакнун собиқи Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби барканориашро шарҳ надод. Абдуллозода охири соли 2020 ба ин симмат интихоб гардида буд.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин тағйироти кадриро дар ниҳоди зертобеаш тасдиқ кард, вале сабаби барканор шудани зудҳангоми мудири собиқ ва рабт доштанаш бо суҳбаташ дар бораи гумонбарони гирифтор ба бемории ҳамагирро нагуфт.

Аз замони пайдоиши КОВИД-19, моҳи марти соли 2020, ин бори сеюм аст, ки мудири Маркази назоратию санитарӣ дар вилояти Суғдро иваз мекунанд. Тахмина Усмонова 4-умин раҳбари Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии вилоят дар як соли ахир будааст.

Он ҳам пас аз он ки сару садои дигарбора паҳн шудани ин беморӣ дар маркази вилояти Суғд ва Душанбе боло шудааст.

Намояндагони Идораи тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19-уми май тасдиқ карданд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро дар робита бо коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат доранд. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас "мушкили шуш" доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагир таъйид (тасдиқ) нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 тасдиқ нашудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон шубҳа доранд.

Натиҷаи ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳо (лаборатория) рост ба Вазорати тандурустӣ меравад ва аз ин рӯ тасдиқи дурустии ин ки чанд ҳолати гирифторӣ ҳаст, мушкил аст.

Мақомот мегӯянд, то ин дам сирояти 13 ҳазору 308 кас ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, аммо омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. То кунун беш аз 70 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG