Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон мулоқотро бо кӯдакони баргашта аз Ироқ манъ кардаанд. ВИДЕО


Ҳангоми овардани кӯдакони тоҷик аз Ироқ. Фурудгоҳи Душанбе, 30-юми апрели 2019

Дар Тоҷикистон мулоқоти пайвандонро бо кӯдаконе, ки ду сол пеш аз Ироқ оварда буданд, "муваққатан" манъ кардаанд. Наздикони наврасон мегӯянд, беҳтар аст, онҳоро ба ихтиёрашон диҳанд. Мақомот афзал медонанд, ки наврасон зери назорат бошанд.

"Дар парваришгоҳҳо ҳастанд"

Дар бораи муваққатан манъ шудани дидорбинӣ бо ин гуруҳи наврасон Миҷгона Бобоҷонзода, омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, хабар дод. Ӯ рӯзи 15-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 84 кӯдаку наврасе, ки аз Ироқ оварда шуданд, феълан дар мактаб-интернатҳо ба сар мебаранд.

Вале Бобоҷонзода ба суоли хешовандони наврасон, ки кай онҳоро ҷавоб медиҳанд, посухи рӯшан надод. “Вазорату идораҳои дахлдор дар мавриди ин масъала кор карда истодаанд. Ҳангоми ба як хулосаи дақиқ омадан, ваколатдор омода аст, ба шумо маълумоти бештар пешниҳод кунад.”

Умед Бобозода
Умед Бобозода

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пурсид, ки мушкили асосӣ барои супурдани кӯдакон ба дасти хешовандонаш чист? Миҷгона Бобоҷонзода аз посух ба ин суол худдорӣ кард, вале Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, “ҳукумат феълан лозим медонад, ки ин гуруҳи кӯдакону наврасон таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор дошта бошанд.”

“Баъзеаш хурдсол аст, дар минтақаи ҷангзада меравад худатон дарк кунед, ки вай чӣ гуна кӯдак мешавад. Ҳатто забони модариашро фаромӯш мекунад. Дар чандин ҷаласаҳо ин масъала матраҳ шуд ва ман бовар дорам, ки ҳалли худро меёбад”, -- афзуд ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозгардони занону кӯдакони тоҷик аз Сурияву Ироқ мутаваққиф шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Асолатмо дар интизори дидани наберааш

Бо гузашти ду сол аз овардани 84 кӯдаку наврас аз Ироқу Сурия хабарнигорон имкони суҳбат бо онҳоро пайдо накардаанд. Маълум нест, рӯҳияи ин наврасон чӣ гуна аст.

Ду набераи Асолатмо Тиллоева аз ҷумлаи кӯдаконе ҳастанд, ки моҳи апрели соли 2019 ба Тоҷикистон оварда шуданд. Як набераи ӯ 8-сола шуда, соли гузашта ба синфи якум рафт. Набераи дувумаш 6-сола аст.

Асолатмо Тиллоева, сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, набераи калониаш дар Кӯлоб ва дувумӣ дар пойтахт дар мактаб-интернатҳои ҷудогона ҳастанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳар моҳ ба дидани наберагонаш мерафт ва наврасон аз бибиашон мехоҳанд, онҳоро ба хона барад.

"Шароиташон хуб аст, аммо мегӯянд, ки моро ба хона баред. Ин кори давлат аст, кадом вақте иҷозат диҳад. Аммо ҳанӯз ҳам дар хотираҳояшон аст. Тарсида-тарсида мегӯянд, ки очам дар куҷо аст? Гапҳои хубаш мегӯем, ки дигар ҳамон ҷойҳоро аз хотираш барорад”, -- афзуд ин сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ҳоло ба Асолатмо Тиллоева ваъда додаанд, ки баъд аз истиқлол масъалаи бозгардондани наврасонро дубора мебинанд.

Бо волидон рафтаанд ё дар онҷо таваллуд шудаанд

84 кӯдаку наврасе, ки тақдири ояндаашон феълан норӯшан аст, фарзандони онҳое ҳастанд, ки дар сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҷангида, кушта шудаанд ва модаронашон дар Ироқ зиндонианд. Бештари онҳо баъд аз соли 2014 ҳамроҳи волидон ба Ховари Миёна рафта ё дар онҷо таваллуд шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2019 фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ оварданд, вале даҳҳо кӯдаки дигар дар Сурия ҳастанд. Маълум нест, онҳоро кай ба ватан меоранд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сафари охираш ба Исфара ваъда дода буд, ки кӯдакону занони тоҷикро аз кишварҳои ҷангзада бармегардонанд.

Хилофати худхондаи ДОИШ, ки моҳи июни соли 2014 аз таъсиси худ хабар дод, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламравҳои Сурия ва Ироқ ба худ ҷалб кард. Ин хилофат соли 2019 пурра шикаст хӯрд. Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ироқу Сурия бо ҳадафи шомил шудан ба ин созмон рафта буданд, куштаву дастгир ё нопадид шуданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG