Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони ду деҳаи Вахш шиква доранд, ки "хеши президент" онҳоро бе об гузошт. Мавқеи ҷониби дигар дастрас нест. ВИДЕО


Лӯлаи об дар деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш
Лӯлаи об дар деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш

Як гурӯҳ сокинони деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш шикоят карданд, ки ду ҳафта боз оби ошомиданӣ надоранд, чун Муҳибуллои Тошрободӣ, ки ба гуфтаи онҳо, яке аз хешони президенти Тоҷикистон аст, лӯлаи оби бозмонда аз Шӯравиро канда, "ба тарафи хоҷагии чорводорияш дар ҷамоати Машъали ноҳия бурданист".

Сокинон аз тарс ва ба гуфтаи онҳо, вобастагии мавзуъ ба наздикони шахси аввали ҷумҳурӣ аз гуфтани номи худ парҳез мекунанд. Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи Тошрободӣ дар ин мавзуъ то ин дам бенатиҷа буд. Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Вахш гуфт, "ҳоло кандани лӯлаҳои обро манъ кардаанд".

“Асосан занонро фиристодем”

Дар деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш беш аз 300 оила зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои мақомоти ноҳия, хатти обро ба онҷо ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ аз дарёи Вахш оварда буданд ва 13 километр дарозӣ дорад. Як бахши лӯлаи об ба бемористони ноҳия низ кашида шудааст.

Дар ҳоле ки мақомот расман дар бораи сабабҳои кандани лӯла чизе намегӯянд, сокинон шикоят доранд, ки ду ҳафта инҷониб аз ҷӯйбори канори деҳа об мегиранд.

Яке аз онҳо рӯзи 12-уми август гуфт, барои дубора барқарор кардани лӯла ба ҳукумати ноҳияи Вахш муроҷиат карданд, "вале ба ҷойи ҳалли масъала кандани қубур идома дорад".

"Аз бими таъқиб нашудани мардони деҳа асосан занонро ба ҳукумати ноҳия фиристода будем. Рӯзи шанбе, 7-уми август, раиси ҳукумати Вахш – Қурбоналӣ Юсупов – ба ҳарфҳо гӯш дода, гуфтааст, аз ин кор хабар надорад. Вай гуфтааст, ки лӯлаи об моликияти давлатӣ аст ва ҳеч кас ҳақ надорад онро канад", -- нақл кард мусоҳиби мо.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Оби деҳа ба ферма. Соҳибкоре хати оби сокинони ду деҳаро ба фермаи худ бурданист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

“Манъ шуд”, “не, идома дорад”

Як намояндаи ҳукумати Вахш, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ дидори раиси ноҳияро бо мардум тасдиқ кард. Вай гуфт: “Ҳамон рӯз намояндаҳои ҳукумати ноҳия ҳамроҳи раиси ҷамоатҳо ва кормандони умури дохилӣ ба деҳаи Рӯдакӣ рафтанд ва кандани қубурро манъ карданд.”

Аммо сокинони ду деҳа мегӯянд, 11-уми август як трактор бо коргарони кироя боз ба кандани қубури об идома додааст. Дар наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, трактор заминро шикофта, лӯлаҳои обро берун меорад ва қисме дигар аз қубур рахнаву шикофтаанд.

Ба тамос Муҳибуллои Тошрободӣ, мудири фермаи гӯсфандпарварӣ дар ҷамоати "Машъал", ки сокинон ӯро яке аз хешовандони раиси ҷумҳурӣ ва масъули кандани лӯлаҳои об медонанд, муваффақ нашудем. То ҳол назару мавқеи ӯ дар мавриди барчидани лӯлаҳо ва гуё ба тарафи фермаи молпарварияш бурдани қубури об дастрас нашудааст.

"Дар чарогоҳҳои маҳаллаи Тошробод хешовандони президент гову гӯсфанд доранд ва молҳояшон аз беобӣ танқисӣ мекашанд”, -- гуфт як сокини деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш.

Ҳамсуҳбатони мо дар деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии ноҳияи Вахш мегӯянд, вақте монеи кори ронандаи трактор ва коргарони кироя шуданд, дар посух “фармон аз боло аст”-ро шуниданд. “Онҳо гуфтанд, бояд ин қубурро канда, бурда дар деҳаи Тошрободи ҷамоати "Машъал" ва барои бо об таъмин намудани фермаи хешовандони президент васл кунем”, -- нақл кард сокини дигари деҳаи Рӯдакӣ.

То ҳоло тасдиқи дурустии ин иддао аз манобеи дигар ба мо даст надод. Мақомот ҳам даст доштани хешованди раиси ҷумҳуриро дар ин қазия тасдиқ ё рад накардаанд.

“Як хатти обро мемонанд, дигареро мебаранд”

Дар ҳамин ҳол, як корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Вахш, ки нахост номаш зикр шавад, 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “намоянда аз Идораи оби ноҳия омад ва гуфт, ба ҷамоати Рӯдакӣ ду хатти об гузаронида шудааст. Якеашро нигоҳ медоранд ва дувумашро ба ҷойи дигар мебаранд.”

Солҳои охир, ба сабаби гарм шудани ҳаво, дастрасӣ ба об дар аксар гӯшаҳои Тоҷикистон мушкил шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, сокинони деҳаҳои Рӯдакӣ ва Дӯстии Вахш мегӯянд, дар оянда вазъи онҳо бадтар хоҳад шуд ва бинобар ин мехоҳанд, ҳоло аз пурра кандани лӯлаҳои тайёри об пешгирӣ кунанд.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон аз дарёфти имтиёз ва суистифодаи наздикони раиси ҷумҳурӣ шикоят мекунанд.

Ҳафт сол пеш Санавбар Абдуллоева, аз моликони бозори “Ином”-и Шаҳритуси вилояти Хатлон, аз додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ба матубот шикоят карда буд, ки бо истифода аз нуфузаш соҳиби бозор шуданист. Дар ниҳоят, Бурҳон Абдуллоев – раиси собиқи бозори “Ином” ва ҳамсари Санавбар Абдуллоева – пас аз баҳси дусола бо ҷурми “қаллобӣ” боздошт ва ба се сол зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG