Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти гуреза Ашраф Ғанӣ аз мардуми Афғонистон бахшиш пурсид 


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Президенти барканоршудаи Афғонистон, Ашраф Ғанӣ, талош кард, фирори ногаҳонии худро аз Кобул, ки сабаби ба дасти ҷангҷӯёни “Толиб” гузаштани пойтахти Афғонистон дар рӯзи 15-уми август шуд, шарҳ диҳад.

Ғанӣ гуфт, ки ҳаргиз нияти фирор надошт, аммо хост, Кобулро аз хунрезии ваҳшатноки "шабеҳ ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум” наҷот диҳад. Ин дар ҳолест, ки ӯро ба бозие барои додани қудрат ба дасти ҳамқавмонаш гунаҳкор мекунанд. Ғанӣ дар изҳороташ худро “мо” меномад: “мо фикр мекунем, як шарҳе барои мардуми худ бояд бидиҳем”. Вай хабарҳоеро, ки 169 миллион доллари давлатро бо худ бурдааст, рад кард ва гуфт, омодааст, дар таҳқиқи ин масъала ҳамкорӣ кунад.

Гурехтани Ашраф Ғанӣ Афғонистонро ба дасти "Толибон" дод ва ҳама гуна имконияти интиқол ё тақсими қудратро аз байн бурд ва ҳампаймонҳои байнулмилалии ӯро дар шароити сахт ва шитобзадагии беназир қарор дод.

Дар натиҷа «Толибон» ҳукумати худро бо сарварии собиқадорони гурӯҳи тундрави исломӣ бо номи "Аморати исломии Афғонистон" эълон карданд ва сабабгори эътирози шаҳрвандон зидди зӯроварӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадид дар озодӣ ва ҳуқуқи занон шудаанд. Бисёре аз ҳукуматҳои ҷаҳон ба фарқ аз соли 1996 ин бор зидди «Толибон» ҳарф намезананд, ҳарчанд он дар феҳристҳои байнулмилалии созмонҳои террористӣ ҷой дорад ва амалкардҳояш нишон медиҳанд, ки назар ба гузашта тағйир накардааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин кишварҳост, ки ошкоро гуфтааст, ҳукумати ҷанҷӯёни толибро эътироф нахоҳад кард ва дар ин кишвар бояд ҳукумати "ҳамашумул” таъсис ёфта, ҳуқуқи ақаллиятҳо эҳтиром шавад.

Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ (ҶММ) Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури муҷоҳидон Аҳмадшоҳи Масъуд, маъруф ба "Шери Панҷшер" савганд хӯрд, ки бо ёрии ҳазорон ҷанговари фидокораш ба ҳукумати «Толибон» сар хам нахоҳад кард.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден фурӯпошии ҳукумати Ғаниро ба хоҳиши ҷанг надоштани артиши Афғонистон рабт дод ва гуфт, Ғанӣ зидди пештар баровардани хориҷиён аз кишвараш буд. Пас аз поёни хуруҷи беназми ҳарбиёни Амрико, Байден гуфт, умедвор буд, ҳукумати Ғанӣ боз муддате пойдор мемонад, вале чунин нашуд.

Байден гуфт, ки "мардуми Афғонистон фурӯпошии ҳукумати худро медиданд ва шоҳиди он шуданд, ки президент дар авҷи фасод ва сарпечӣ гурехта, кишварро ба душмани худ, «Толибон», месупорад ва хатарро ба афроди мо ва ҳампаймонҳоямон ҷиддан афзоиш медиҳад."

Дар изҳороти 8-уми сентябр, Ғанӣ гуфт, ки "ҳоло вақти арзёбии тӯлонӣ ба рӯйдодҳои пеш аз рафтани ман нест" ва қавл додааст, ки "дар ояндаи наздик онҳоро ба таври муфассал баён хоҳад кард."

Ғанӣ дар соли 1949 дар Афғонистон таваллуд шуда, дар як барномаи табодула мактаби миёнаро дар Амрико хонд ва пас аз таҳсил дар Донишгоҳи амрикоии Бейрут ва Донишгоҳи Колумбия ва ҳангоми ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон дар Иёлоти Муттаҳида бо кори илмӣ машғул гашт. Вай дар моҳи декабри соли 2001 ба Афғонистон баргашт ва мушовири президенти вақт Карзай шуд.

Дар соли 2009 аз шаҳрвандии ИМА даст кашид, то номзади президентии Афғонистон шавад, аммо танҳо ҷойи чаҳорумро гирифт. Вай соли 2014 аз нав худро номзад кард ва дар ҳоле ки рақибаш Абдулло Абдулло 1 миллион бештар овоз гирифта буд, Ғанӣ пирӯз эълон гашт ва ду номзад бо миёнравии вазири корҳои хориҷии онвақти Амрико Ҷон Керрӣ мусолиҳа карданд. Зиддияти ду раҳбар ҳамеша идома кард, дар ҳоле ки «Толибон» аз нав нерӯ гирифта, омодаи шӯриш буданд.

Ғанӣ зидди созиши сулҳи феврали 2020 бо «Толибон» ва аз маҳбас раҳо шудани 5000 толиб буд. Бо афзоиши ихтилофи байни ӯ ва Абдулло дар моҳи июни соли 2020 ба пешниҳоди истеъфо барои таъсиси ҳукумати давраи гузор Ғанӣ гуфт, раёсатро ба ӯ мардуми Афғонистон додааст ва “ин курсӣ моли ӯ не, балки моли мардуми Афғонистон аст ва ба касе дода хоҳад шуд, ки “ пас аз ӯ мардум интихоб хоҳанд кард.

Дар дидор бо Байден дар Кохи Сафед моҳи июни соли 2021 Ғанӣ эҳтимоли ҳамлаи густардаи «Толибон»-ро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳукумат ин ҳамларо шикаст хоҳад дод. Ӯ худро ба президенти Амрико Линколн дар соли 1861 монанд кард, ки бояд “дар дифоъ аз ҷумҳурӣ ҳамин гуна қатъият нишон диҳад”.

Ба навиштаи Washington Post, вақте ки ҷангҳо дар наздикии маркази вилоятҳо авҷ гирифт, Ғанӣ гуфт, “мо дар он ҷо меҷангем, то дар ин ҷо [Кобул] наҷангем”.

23-юми июл Reuters суҳбати телефонии Байден ва Ғаниро нашр кард, ки дар он президенти Амрико ҳушдор додааст, ки шиддати ҷангҳо хатарнок шудааст ва ҷанг зидди «Толибон» ба дараҷаи даркорӣ ҷараён намегирад. Ғанӣ дар посух мегӯяд: "Мо бо як ҳамлаи густардаи таҳиякардаи «Толибон» рӯбарӯем, ки пурра аз тарафи Покистон тарҳрезӣ шуда, бо дастгирии моддию техникӣ ва ҳадди ақал [10,000] то 15,000 террористи байналмилалӣ, аксаран покистониҳо дар он сафарбар шудаанд."

2-юми август Ғанӣ гуфт, кишвараш бо вазъи ғайричашмдошти се моҳи охир гирифтор гаштааст ва сабаби он бурунрафти нерӯҳои Амрикост. Ду ҳафта баъдаш ӯ аз кишвар фирор кард ва дар Имороти Муттаҳидаи Араб паноҳанда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтонӣ Блинкен мегӯяд, як рӯз пеш аз фирори Ғанӣ бо ӯ телефонӣ суҳбат дошт ва президенти Афғонистон барояш гуфт: “то нафаси охирин хоҳад ҷангид”. Рӯзи дигараш гурехт.

XS
SM
MD
LG