Дар чанд ҷумла
Марде, ки ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакашро ёфтанд, ба зиндон маҳкум шуд
Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакент, ки баъд аз ёфтани ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир шуда буд, ба панҷ сол зиндон маҳкум гардидааст.
Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент охири моҳи сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷӯразодаро барои ба "худкушӣ расондан" гунаҳкор донистанд, вале тафсилоти парвандаро ошкор накард.
Пайвандони зан ба ҳукм вокуниш накардаанд. Зуҳуриддин Шарофов, вакили мудофеи Лазиз Ҷӯразода, ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи зерҳимояаш "дар доираи қонун баррасӣ шуда, қисман ба қонуни афв шомил мешавад".
Ҷасади овехтаи Шаҳло Шарифоваи 31-сола ва се кӯдакаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро даҳуми апрели имсол дар деҳаи Некноти Панҷакент пайдо карданд. Падари хонавода, Лазиз Ҷӯразода, 11-уми апрел дастгир шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон бо нашри изҳороте гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи моҷаро дар оила рух додааст, аммо то ин дам нагуфтанд, ки ҷанҷол бар сари чӣ сар зада.
Чанде аз сокинони Некнот ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, зан зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.
Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Додгоҳи Ҳисор падари хонавода Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.
Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт.
Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.
Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп аз Би-би-сӣ то $5 млрд товон мехоҳад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кардааст, ки барои ҳифзи обрӯи худ ва талаби товон то панҷ миллиард доллар аз Би-би-сӣ, иқдоми қонунӣ мекунад.
Раисҷумҳури Амрико шаби гузашта ба хабарнигорон гуфт, "мо аз онҳо байни як то панҷ миллиард доллар товон талаб хоҳем кард. Эҳтимолан ҳафтаи оянда. Мо маҷбурем ин корро анҷом диҳем".
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Би-би-сӣ аз раисҷумҳури Амрико Трамп бахшиш пурсид, аммо дархости ӯ барои пардохти товони як миллиард долларро напазируфт.
Би-би-сӣ муттаҳам аст, ки суханронии 6-уми январи соли 2021-и Трампро ба тавре нашр кардааст, ки нишон диҳад ӯ мардумро мустақиман ба хушунат фаро хондааст.
Би-би-сӣ дар ин маврид иштибоҳи худро пазируфта ва ба ҳамин далел, мудири умумии ин расонаи давлатии Бритониё ва мудири бахши хабари он истеъфо доданд.
Пеш аз ин вакилони дифои Трамп то рӯзи ҷумъа ба Би-би-сӣ фурсат дода буданд, ки расман узрхоҳӣ кунад ва товони муносиб бипардозад.
Бо ин ҳол, Би-би-сӣ танҳо узрхоҳии расмӣ карда, дархости Трамп барои пардохти товони якмиллиарддоллариро қабул накардааст.
Афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ. Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафар кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 ноябр барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна, ба Тошканд сафар кард.
Дафтари матуботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна рӯзҳои 15-16 ноябр бо мизбонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев доир мешавад.
Қарор аст дар он президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок кунанд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соли савум аст, ки ба унвони меҳмони фахрӣ дар ин ҳамоиш иштирок мекунад.
Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, дастури кори ин нишаст, афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва иҷрои тарҳҳои калони муштарак мебошад.
Раҳбарони минтақа ҳамчунин дар бораи масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.
Қарор аст, ки дар поёни ин вохӯрӣ, бастае аз санадҳои чандҷониба имзо шавад.
Тоҷикистон барои Гурҷистон коргар меҷӯяд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як хабар шаҳрвандони кишварро барои кор дар Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ ё "доставка", даъват кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки музди кор дар як соат беш аз 6 доллар ё ҳудуди 58 сомонӣ аст. Аммо хариди билет, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи коргар пардохт карда мешавад.
Хоҳишмандон дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба муддати як сол дар ин кишвар фаъолият карда метавонанд. Талабот барои корҷӯён чунин аст: сину сол аз 18 то 45, надоштани доғи судӣ ва доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В).
Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир талош доранд, ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад.
Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо зиёд нест.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Киев сафорати Озарбойҷон осеб дидааст
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина, чандин тан кушта ва даҳҳо тани дигар, аз ҷумла, як зани обистан захмӣ шудаанд. Нерӯҳои русӣ дар ҳамлаҳои 14 ноябр аз 430 ҳавопаймои бесарнишин ва 18 мушак истифода кардаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабакаи "Телеграм" гуфтааст, ки ҳамлаҳои рӯзи дар рӯзи 14 ноябр яке аз бузургтарин ҳамлаҳои Русия дар моҳҳои ахир аст. Зеленский дар идома гуфтааст, ки шаҳрҳои Суми, Одесса ва Харков ҳам ҳадаф қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи Зеленский, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина 405 бесарнишин ва 14 мушак, аз ҷумла, ду мушаки баллистикии навъи "Кинжал"-ро раҳгирӣ карданд.
Зеленский афзудааст, ки даҳҳо бинои баландошёна, бемористонҳо ва Сафорати Озарбойҷон дар ин ҳамлаҳо осеб дидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон низ гуфтааст, ки дар ҳамла бахше аз девори сафорати ин кишвар дар шаҳри Киев тахриб шуда ва хисороти қобили таваҷҷуҳе ба ин бинои дипломатӣ ворид шудааст.
Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ шаҳракҳои истиқоматиро дар саросари пойтахти Украина ҳадаф қарор додааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев низ гуфтааст, ки ҳудуди 30 бино тахриб шудааст.
Тимир Ткаченко, раиси идораи низомии Киев гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо шаш нафар дар пойтахт кушта шуда, дастикам 35 тани дигар захм бардоштаанд, ки ду тани онҳо кӯдакон буданд.
Русия ҳамеша инкор кардааст, ки зербиноҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор медиҳад.
Писари дигари Гул Шералӣ консули Тоҷикистон дар Санкт-Петергбург шуд
Хуршед Шерализода, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таъин шудааст.
Бародари ӯ, Ашраф Гулов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр навиштааст, ки "бо розигии президент" дар шаҳру вилоятҳои Русия "аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд."
Исми афроди нав расман эълон нашудааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хуршед Шерализода, ки ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд, ба кори наваш дар Санкт-Петербург оғоз кардааст.
Бар асоси маълумотҳои дарёфтӣ, Заррина Исмоилзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Россия шудааст. Ӯ нахустин зани дипломат аст, ки консули Тоҷикистон дар яке аз вилоятҳои бузурги Русия таъин мешавад.
Бар асоси тағйироти ахир, Холназар Ғоиб, консулии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Файзуллозода Фаридун, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия муқаррар шудаанд.
Муродзода Фирӯз, консулии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъин гаштааст.
Дар шаҳрҳои Русия, ки консулҳои Тоҷикистон дигар шудаанд, теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик кору фаъолият мекунанд.
Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз озору азият ва нақзи ҳуқуқашон дар Русия шикоят мекунанд ва намояндагиҳои Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ба додашон намерасанд.
Созиши Толибон бо Узбекистон барои содироти мева ва сабзавоти Афғонистон
Тибқи созиш миёни Узбекистон ва ҳукумати Толибон, маҳсулоти кишоварзии Афғонистон аз тариқи фурудгоҳҳои Узбекистон ба кишварҳои дигар содир мешавад.
Сухангӯи раиси вилояти Балхи Афғонистон рӯзи 13 ноябр дар сафҳаи Х навишт, ки бар асоси тафоҳумномаи имзошуда бо Узбекистон, мева ва сабзавоти Афғонистон аз тариқи фурудгоҳҳои Узбекистон ба бозорҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо содир мешавад.
Аз тақрибан як моҳ ба ин тараф Покистон роҳҳои заминии худро бо Афғонистон бастааст, ки дар натиҷаи он тоҷирони афғон зарари зиёд дидаанд.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон рӯзи 12 нобяр аз тоҷирони афғон хостааст, ки масирҳои дигари тиҷоратиро бар ивази Покистон ҷустуҷӯ кунанд.
Шуморе аз тоҷирони афғон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин шояд барои онҳо осон набошад, ки ба зудӣ масирҳои дигаре бар ивази роҳҳои Покистон барои худ пайдо кунанд, зеро Покистон бозори калон ва наздик барои мева ва сабзавоти Афғонистон мебошад.
Пулиси Душанбе дар 10 моҳ 1312 волидайнро муҷозот кардааст
Дар шаҳри Душанбе ҳазору 312 падару модарро барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандонашон ҷазо додаанд. Ин омор давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Пулиси Душанбе дар ин бора хабар дода навиштааст, ки онҳо бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне иҷро накардани ӯҳдадории таълиму тарбияи кӯдак, ҷазо гирифтаанд.
Ин банди қонунгузорӣ аз 750 сомонӣ ҷарима то 10 рӯз ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Пулиси пойтахт бо нашри ин омор, гуфтааст, ки дар аксари мавридҳо маҳз аз беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон истифода бурда, даст ба кирдорҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунанда ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин мезананд.
Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки чанд рӯз қабл дар пайи кордкашии мактаббачагон дар шаҳри Душанбе як хонанда ҷон бохта, навраси дигар маҷрӯҳ шуд.
Покистон гуфт, омодаи ҷанг дар ду ҷабҳа бо Ҳинд ва Афғонистон аст
Вазири дифои Покистон мегӯяд, ки кишвараш омодаи ҷанг дар ду ҷабҳа бо Афғонистон ва Ҳинд аст. Хоҷа Осиф ин матлабро рӯзи 13 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод баён кард.
Пеш аз ин Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии Покистон ба порлумони ин кишвар гуфта буд, ки ду ҳамлаи интиҳорӣ дар ин кишвар дар ин ҳафта, аз сӯи афғонҳо анҷом шудааст.
Дар яке аз ин ҳамлаҳо дар рӯзи 11 ноябр дар Исломобод 12 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, таркиши дигаре рӯзи 10 ноябр дар наздикии дарвозаи як мактаби ҳарбӣ дар Вазиристони ҷанубӣ рух дод ва боиси кушта шудани се нафар шуд.
Вазири дифои Покистон ҳамчунин Кобулро ба таъмини молии терроризм ва Ҳинро ба ҳимоят аз он барои пешгирӣ аз сулҳ дар Покистон, муттаҳам кард.
Покистон пеш аз ин низ чунин иддао карда буд ва ҳукуматҳои Ҳинд ва Толибон дар Афғонистон онро рад карда буданд.
"Таътили маҷбурии ҳукумат" дар Амрико поён ёфт
Доналд Трамп, президенти ИМА тарҳи буҷаи муваққатро шоми 12-уми ноябр имзо гузошт ва ба "таътили ҳукумат" ё "шатдаун" дар Амрико поён дод.
Пеш аз имзои президент, вакилони Маҷлиси Намояндагони ИМА низ ин лоиҳаро тасвиб карданд.
"Қатъи кори ҳукумат", ки 43 рӯз давом кард, дарозтарин "шатдаун" дар таърихи ИМА будааст.
Ин тарҳро дар ибтидо вакилони Сенати ИМА пас аз баҳсҳои тӯлонӣ имзо карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон фиристоданд. Пас аз имзои президент ин тарҳ амалӣ мешавад.
Аз замони қатъи кори ҳукумат тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор коргари давлатӣ ба рухсатии бемузд фиристода шуда буд, ки ҳоло дубора сари кор бармегарданд.
Бар асоси ин тарҳи муваққат, кори ниҳодҳои давлатӣ то 30-юми январи соли 2026 мисли соли пеш маблағгузорӣ мешавад. То охири моҳи январ бояд вакилони Сенат тарҳи солонаи буҷаро қабул кунанд.
Дар Амрико соли молӣ аз рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт, вале то ин муддат Конгресс натавонист, ягон қарори ҳатто муваққатӣ ҳам дар бораи маблағгузории буҷаи ҳукумати марказӣ қабул кунад. Вакилони ду ҳизб сари нуктаҳои буҷа ихтилофи назар доштанд, аз ин рӯ, маблағгузории қисме аз идораҳои ҳукумати марказӣ қатъ шуда буд.
Барои қабули қонун дар бораи маблағгузории буҷаи Амрико бояд на камтар аз 60 вакили Сенат раъй диҳад, аммо Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Сенат фақат 53 раъй дошт, ки барои қабули санад кофӣ набуд. Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи 8-нафарии вакилони Ҳизби Демократ бо раҳбарони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва намояндагони ҳукумати Амрико ба созиш расиданд, ки роҳро барои тасвиби буҷаи муваққат боз кард.
Дар иваз вакилони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки омодаи баррасии хостаи демократҳо, яъне идомаи кумак барои бимаи тиббии мардуми камбизоат дар Амрико ҳастанд. Як талаби асосии демократҳо барои қабули буҷа ҳамин аст.
Дарозтарин "шатдаун" боиси бекор мондани ҳазорон корманди давлатӣ, лағв шудани парвозҳо ба ИМА ва лағви кумакҳо ба мардуми камбизоат шуда буд. Агар ин вазъ то моҳи дигар давом мекард, низомиёни амрикоӣ низ бекор мемонданд.
Мақомот сӯхтори бозори Панҷакентро шарҳ додаанд
Дар натиҷаи сӯхтор дар бозори “Гулистони ”-и шаҳри Панҷакент 280 нуқтаи фурӯши савдо ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор зарар дидаанд.
Дар ин бора рӯзи 13-уми ноябр Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар саҳифаааш дар Инстаграм хабар додааст.
Ба ҳисоби ниҳоди мазкур, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба маблағи 27 миллион сомонӣ молу амволи бозор ва манзилҳои истиқоматиро аз коми оташ наҷот додаанд.
Сӯхторе, ки шаби 12-уми ноябри имсол дар бозори "Гулистон" сар зад, ба мағозаҳо ва манзилҳои истиқоматии ҳамшафат паҳн гардида, дар маҷмӯъ 792 метри мураббаро фаро гирифтааст.
Кормандони оташнишонӣ танҳо баъди чаҳор соати талош алангаи оташро хомӯш кардаанд.
Сабабҳои сӯхтор аз сӯи мақомот таҳқиқ мешавад.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби ин ҳодисаҳо шудааст.
Тоҷироне, ки дар чунин сӯхторҳо дар гузашта осеб дида буданд, борҳо шикоят карданд, ки ҳеч ниҳоде зарари расидаро ҷуброн накард ва тиҷораташон муфлис шуд.
Мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон бо як генерали олирутбаи Покистон
Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо генерал Шамшод Мирзо, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, мулоқот кардааст.
Ба иттилои Радиои Покистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Равалпиндӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар мавриди робитаҳои дуҷониба, ба вижа фазои амниятии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, сӯҳбат кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин иқдомотеро баррасӣ карданд, ки ба густариши минбаъдаи сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишвар нигаронида шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, генерал Шамшод Мирзо гуфтааст, ки ҳар ду кишвар манофеи минтақаии муштарак доранд ва ба ҳамкорӣ ва тақвияти низомии худ идома медиҳанд.
Генерали покистонӣ ба ӯҳдадории кишвараш ба тақвияти сулҳ, субот ва ҳамкорӣ дар саросари минтақа, ба вижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъкид кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, вазири дифои Тоҷикистон аз касбият ва дастовардҳои нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дар мубориза бо терроризм ситоиш кардааст.
Пеш аз ин Тоҷикистон мизбони размоиши муштараки зиддитеррористии "Дӯстӣ-2025" буд, ки нерӯҳои вижаи Покистон дар он иштирок доштанд. Ин размоишҳо дар тамрингоҳи Вазорати дифои Тоҷикистон дар Фахробод баргузор шуда буд ва 100 нафар аз низомиён аз ҳар ду кишвар иштирок карданд.
Шаҳрдори Маскав қарори боло бурдани нархи "патент"-ро имзо кард
Тибқи қарори шаҳрдории Маскав, арзиши "патент" ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди пойтахти Русия боло бурда шуд. Қарор аз ҷониби шаҳрдори Маскав Сергей Собянин имзо шудааст.
Бар пояи ин қарор, сар аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл, ба буҷаи ин кишвар ҳар моҳ 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.
Ҳанӯз охири моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии маҷлиси вакилони Маскав тарҳи қонун барои боло бурдани арзиши "патент" барои шаҳрвандони хориҷиро омода ва баррасӣ карда буд.
Айн замон, Маскав ягона минтақае нест, ки сар аз соли 2026 нархи патент ё иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон қимат мешавад.
Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд ва аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар хоҳад буд.
Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск, 37 дарсадаш тоҷикистониҳо ҳастанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт-Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рубли русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.
Дар Тоҷикистон "Ориз" ҷойи "Вотсап" ва "Телеграм"-ро мегирад?
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод, ки имкон дорад дар оянда ҷойгузини "Вотсапп" ва "Телеграм" бошад.
Дар як паём ё "смс"-е, ки аксар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар телефони ҳамроҳи худ дарёфт карданд, омадааст, ки бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад.
Хадамоти алоқа дар шарҳи фаъол шудани он навиштааст, ки чанд соли охир, дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардидааст ва дар Русия дар ҳоле, ки "Телеграм" ва "Вотсап" маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ORIZ дар шароити суръати пасти интернет ҳам метавонад кор кунад. Хадамот иқрор шудааст, ки ин бартарӣ пеш аз ҳама барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд.
Маълум нест, ки то кадом андоза ин паёмрасон метавонад ҷойи дигар барномаҳоро гирад ва мардум аз он истифода кунанд, вале Хадамоти алоқа мегӯяд, барномаи нав имкон медиҳад, ки маълумоти корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд.
Дар тобистони имсол идораи "Роскомнадзор"-и Русия занг задан аз тариқи паёмрасонҳои "Вотсап" ва "Телеграм" дар он кишварро маҳдуд кард.
Бозори "Гулистон"-и Панҷакент ба коми оташ рафт
Шаби гузашта соатҳои тахминан 22:10 дар бозори "Гулистон"-и шаҳри Панҷакент сӯхтор сар задааст.
Ба иттилои Хадамоти оташнишонии шаҳр, сӯхтор тақрибан 600 метри мураббаъро фаро гирифта, то соати 02:30-и субҳ пурра хомӯш карда шуд.
Яке аз соҳибкорон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозор асосан матоъҳову таҷҳизоти техникӣ ба коми оташ рафтааст .
Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки қисмати зиёди бозор оташ гирифтааст ва фурӯшандагон талош доранд молҳои худро берун бароранд.
Сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот ҳанӯз эълон нашудааст. Мақомот гуфтаанд, ки иллати ин ҳодиса ва ҳаҷми зарар ҳисоб карда мешавад.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон нав нест ва солҳои ахир сӯхтор дар бозорҳо зуд-зуд рух медиҳад.
Садҳо тоҷир ҳам баъди ин ҷуброне намегиранд ва варшикаставу муфлис мешаванду ба сафи муҳоҷирони корӣ мепайванданд.
Нерӯҳои Украина ба як коргоҳ дар Русия зарба задаанд
Артиши Украина рӯзи 12-уми ноябр эълон кард, ки нерӯҳояш ба як корхонаи кимиёвӣ дар Ставрополи Русия зарба задаанд.
Ба иттилои Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ин коргоҳ ба ширкати "Лукойл" тааллуқ дорад ва артиши Русияро бо маводи зарурӣ таъмин мекунад.
Маҳсулоти ин ширкат дар таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин низ истифода мешудааст.
Мақомот дар Русия сӯхторро эътироф ва иддао карданд, ки он дар пайи афтодани пораҳои паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин сар зад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки чаҳор ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фазои Ставропол аз байн бурд.
Ба ҷуз ин, ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳор дошт, ки артиши Украина ба анбори лавозимоти ҷангии Русия дар деҳаи Новий Мир дар бахши ишғолшудаи вилояти Донетск зарба задааст.
Гуфтугӯ