Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастҳо аз пушт баста буданд." Кашфи гӯри дастҷамъӣ дар Панҷшер


Нерӯҳои "Толибон" дар ноҳияи Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021
Нерӯҳои "Толибон" дар ноҳияи Бозораки Панҷшер, 15-уми сентябри 2021

Дар вилояти Панҷшери Афғонистон як гӯри дастҷамъии размандагони Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон"-ро ёфтаанд.

Мавлавӣ Оғомир, масъули истихбороти "Толибон" дар Панҷшер, 8-уми октябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, "гуруҳе аз афрод, ки дар ҷараёни набард кушта ва аз сӯи сокинон зери хок шуда буданд, акнун пайдо шуданд."

Ба гуфтаи манобеи "Толибон", ин гӯри дастҷамъӣ дар деҳаи Бахшихели ноҳияи Рухаи вилояти Панҷшер кашф шуда, аз он се ҷасадро берун оварданд.

Аммо сокинони маҳаллӣ гуфтанд, дар гӯри дастҷамъӣ ҳашт ҷасад ёфт шуд ва ҳамаашон бошандагони Панҷшер ҳастанд. Ба гуфтаи мардум, "дасти ҷасадҳо аз пушт баста шуда буд".

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар Фейсбук кашфи гӯри дастҷамъии нерӯҳои ин ҷабҳаро тасдиқ карда, ин хабарро "ваҳшатнок" донистааст.

Гуруҳи "Толибон" дар оғози моҳи сентябри имсол иддао кард, ки вилояти Панҷшерро зери назорат даровардааст. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао дорад, Панҷшер пурра вожгун нашудааст ва мубориза байни размандагони онҳо ва нерӯҳои "Толибон" ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG