Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саги кӯча соҳиб дорад, мо не." Додхоҳии як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Яке аз муҳоҷирони норозӣ
Яке аз муҳоҷирони норозӣ

Беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дод ва ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон, ба гуфтаи худашон, се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд , вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс, қарздор шуданд. Корфармо ва сафорати Тоҷикистон ҳанӯз мавзуъро шарҳ надодаанд.

Дар миёни ин муҳоҷирони тоҷик, 12 зан низ ҳастанд, ки охири моҳи июл аз Тоҷикистон ба шаҳри Воронеж бурда шуданд.

Ҷамила, яке аз занони муҳоҷир, мегӯяд, нафаре, ки онҳоро ба ин шаҳр овард, тоҷик аст, "вале худаш низ фиреб хӯрдааст". Ӯ гуфт, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд.

"Сару либоси дуруст надорем. Либосҳои кӯҳнаи русҳоро мепӯшем. Моро дастгирӣ кунед. Аз пеши фиребгарҳо баред. Се моҳ шуд, ки даҳ ҳазор рубл доданд. Аз бонкҳо қарздорем. Кӯдаконамон гурусна", -- шикоят кард Ҷамила рӯзи 14-уми октябр.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сарсон кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Яке муҳоҷири дигар аз ин гуруҳ гуфт, "чор моҳ шуд, ки асирем. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Саги кӯча соҳиб дораду мо не."

Муҳоҷирони норозӣ 13-уми октябр дар назди идораи пулиси ноҳияи Астрогорский додхоҳӣ карданд. Онҳо мегӯянд, санадҳояшонро корфармо кашида гирифтааст ва ба ҷое рафта наметавонанд.

Дар Идораи пулиси маҳаллӣ 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шикояти муҳоҷиронро таҳқиқ мекунанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора ба Радиои Озодӣ посух надоданд. Корфармоён низ зангҳои моро бепосух гузоштанд.

Муҳоҷирон аз мақомот мехоҳанд, ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд
Муҳоҷирон аз мақомот мехоҳанд, ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон муҳим хонда мешавад, вале муҳоҷирони тоҷик борҳо аз беҳуқуқӣ дар Русия шикоят кардаанд.

Муҳоҷирон борҳо мақомоти тоҷикро барои ҳифз накардани ҳуқуқи онҳо дар Русия низ танқид кардаанд. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, то ҳадди имкон ба муҳоҷирон кумак мерасонанд ва маҳз бо дахолати онҳо чанд дафъа пули муҳоҷирон аз корфармоён рӯёнда шуд.

XS
SM
MD
LG