Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз автобус то таксӣ. Роҳкиро дар Душанбе қимат шуд. ИНФОГРАФИКА. ВИДЕО


Мусофирон аз болоравии роҳкиро нигаронӣ доранд, аммо ронандагон мегӯянд, ин зарурист
Мусофирон аз болоравии роҳкиро нигаронӣ доранд, аммо ронандагон мегӯянд, ин зарурист

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки нархи роҳкиро дар ҳама намуд нақлиёти ҷамъиятии пойтахт боло меравад.

Бино ба тасмими идораи "Душанбенақлиёт", аз 10-уми ноябри имсол нархи сафар дар автобусҳо 1,80 сомонӣ мешавад. Ин роҳкиро ҳоло 1,20 сомонӣ аст.

Арзиши ҳаракат дар шаҳр бо троллейбусҳо аз 1 сомонӣ то 1,5 сомонӣ боло меравад.

Инчунин сафар дар дохили шаҳр дар микроавтобусҳо як моҳ баъд 2,5 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нарх 1,6 сомонӣ аст.

Таксиҳо ҳам аз болоравии нарх канор намемонанд. Агар ҳоло мусофирон барои ҳар километри ҳаракат дар таксӣ 2,5 сомонӣ мепардозанд, пас аз 10-уми ноябр ин нарх 3 сомонӣ мешавад.

Шаҳрдории Душанбе далели боло бурдани роҳкироро ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ пайванд додааст. Дар ду моҳи ахир роҳкиро дар Тоҷикистон ба таври чашмрас боло рафт ва ронандаҳои мусофиркашҳо гуфтанд, агар чунин нашавад, кори онҳо аз ҷиҳати молӣ зараровар хоҳад буд. Вале аз сӯи дигар мусофирон мегӯянд, боло рафтани роҳкиро ба буҷаи бе ин ҳам начандон устувори хонаводаҳо зарба мезанад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе нархи роҳкиро боло меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Аввал озуқа қимат шуд, баъд сӯзишворӣ ва ҳоло роҳкиро

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши чашмраси нархи маводи ниёзи аввалия ва бештар шудани харҷҳои дигар, баъзе сокинон тасмими боло бурдани нархи роҳкироро нигаронкунанда номиданд.

Кароматулло Собиров, як сокини Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши мегирифтаашон бе ин ҳам барои зиндагӣ намерасад, акнун роҳкиро қимат шавад, чӣ кор мекунанд?

"Аз куҷо мерасад? Бозор медароӣ, аз он тараф қарздор шуда мебароӣ. Нарху навои озуқа ва сӯзишворӣ ҳама қиммат аст. Аввал нархи озуқа ва сӯзишворӣ арзон шавад, роҳкиро арзон мешудагист"-гуфт ӯ.

Бархе дигар бар инанд, ки бо вуҷуди боло рафтани нархи роҳкиро чорае ҷуз истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро надоранд.

"Ин роҳкиро хароҷоти моро намепӯшонад"

Агар аз як сӯ сокинон аз болоравии роҳкиро шикоят доранд, аз сӯи дигар ронандагон инро кори дуруст мехонанд. Ба гуфтаи ронандагон, бо нархҳои феълӣ наметавонанд харҷҳои худро пӯшонанд.

Саломатшо Ниёзов, ронандаи автобуси хатсайри 3 мегӯяд, "солярка ҳозир як литраш 9 сомонию 20 дирам аст. Ин роҳкиро хароҷотҳои моро намепӯшонад."

Чанде аз ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ гуфтанд, маоши онҳо аз рӯи нақшаи корияшон аст ва аз ҳисоботи роҳкирои сокинон ҳар қадаре, ки дар поёни рӯз ба корхона пули бештар супоранд, маоши зиёд мегиранд.

"Барои ҳамин, агар роҳкиро, ки боло рафт, аз ин ҳисоб шояд кори мо ҳам беҳтар шавад"-гуфт, Рустам, яке аз ронандагони ҳамсӯҳбати мо.

Интиқодҳо аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе

Вазъи хидматрасонии нақлиёти мусофирбар борҳо мавриди интиқоду нигаронии мусофирон шудааст. Рӯзи 15-уми октябр Наҷмиддин Набизода, сокини шаҳри Ваҳдат пас аз фаромадан аз микроавтобусе ба он ишора карда гуфт, пас аз боло бурдани нарх, бояд сатҳу сифати хидматрасониҳо низ беҳтар шавад:

"Андаке нарх қимат шаваду ҳамин 60-70 нафарро бор накунанд, шуд,"-мегӯяд Набизода.

Аз рӯи ҷадвали пешбинишуда ҳаракат накардани нақлиёт, аз меъёр зиёд бор кардани мусофирон, аз ҳад зиёд истодан дар истгоҳҳо ва бо садои баланд даъват намудани мусофирону гоҳҳо дағалгуфтории ронандаву пулчинҳо, аз мушкилиҳое мебошад, ки сокинонро нороҳат мекунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гоҳе нашри наворҳо аз дағалгуфтории ронандагону сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро дидан мумкин. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Душанбе барои ҳалли мушкили мусофиркашонӣ аз хориҷа даҳҳо автобус ворид намуд, ки ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ба иттилои ҳукумати шаҳри Душанбе, нархи роҳкирои автобусу тролейбусҳоро бори охир соли 2011 боло бурдаанд. Аммо дар ин миён нархи хидматрасонии микроавтобусҳо гарон шуда буд.

XS
SM
MD
LG