Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакил гуфт, "ғайриқонунист" ВИДЕО


Иззат Амон моҳи марти имсол датсгир шуд

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро, ки баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакили мудофеъ, Саидбурҳон Шарифов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри 19-уми октябр эълон шуд, вале онро "ғайриқонунӣ" донист.

Пештар намояндаи додситонӣ ба Иззат Амон нӯҳ сол ҳабс талаб карда буд. Вакилони мудофеаш бовар доштанд, қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ мешавад. Пайвандонаш низ гуфта буданд, пули даъвогаронро супурдаанд.

"Мо ҳайронем, ки чаро афв накарданд. Барои ҳамин, шикоят мекунем. Ҳукм ғайриқонунӣ аст ва ба ягон қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рост намеояд. Мо шикоят мекунем. Аллакай ҳамин рӯз шикоятро бурда месупорам," -- афзуд вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов ба Радиои Озодӣ.

Садояшро дар инҷо бишнавед:

Вакили Иззат Амон гуфт, "ҳукм ғайриқонунист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00
Линки мустақим

Назари додгоҳ феълан дастрас нест. Масъулони Додгоҳи Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, ба афв шомил мешавад.

Писари Иззат Амон: Суоли мо беҷавоб монд

Пайвандони Иззат Амон ҳам ҳукми додгоҳро "ноодилона" хонда, мегӯянд, додситон ва додрас қонуни афвро ба назар нагирифтанд. Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, суоли асосии онҳо дар додгоҳ беҷавоб монд.

"Суоли мо ин буд, ки чаро қонуни афв татбиқ нашуд? Ҳамаи зарарҳо барқарор шуда буд, ягон парвандаи дигар нест, барои чӣ қонуни афв татбиқ нашуд? Аз ин ноадаолатии суд дар ҳайрат мондем", -- гуфт писари Иззат Амон.

Холов ҳамчунин гуфт, падараш ҳангоми сухани охир дар додгоҳ гуфтааст, то ҳадди имкон ба муҳоҷирон кумак кардааст ва мехоҳад, ӯро озод кунанд. Ба нақли писари Иззат Амон, аҳволи падараш пеш аз эълони ҳукм хуб буд, "вале вақте додрас 9 сол ҷазо таъин кард, худашро гум кард ва ҳайратзада шуд."

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба зиндон маҳкум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро супурданд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард.

Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.

Шарҳҳоро бинед (29)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG