Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси як ноҳия ва зердастонаш пайвандони худро ба артиш фиристодаанд. Самимист ё намоишкорӣ? ВИДЕО


Гусели ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Гусели ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (ҳаммарз бо Афғонистон) ва чанд зердасти ӯ пайвандони худро ба артиш фиристода, аз мардум низ хостаанд, ки монеи ба сарбозӣ рафтани фарзандон нашаванд. Пештар сокинон шикоят доштанд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, аммо фарзандони шахсони доро ва мансабдор ҷалб намешаванд.

Хешовандони раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Зафар Гулзода, гуфтанд, ӯ бародарзодааш Хайрандеши Бурҳонро, ки тобистони имсол Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард, ба сарбозӣ фиристод.

"Раис гуфт, ки писарат ба хидмат меравад ва ӯ ҳам қабул кард. Мо ҳама хурсанд будем. Замоне ки писарам дар мошин нишаст, зиқ шудам. Ҳоло дар Душанбе аст, дар Горди миллӣ", -- нақл кард Гулсумбӣ Ҳошимова, модари Хайрандеш.

Олим Одиназода, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва раиси кумисюни даъват ба артиш, рӯзи 19-уми октябр писарашро ба хидмат гусел кард. "Фарзанди дуюмам, Сабзаалии Олим, бо хоҳиши худаш ариза навишта, мехоҳад, дар сафи Қувваҳои мусалаҳ хидмат кунад", -- гуфт ӯ.

Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Аскаршоҳ Мирзомадзода, ҳам гуфт, "фарзандам, Муҳаммадбашири Аскаршоҳ, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел карда истодаам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар баробари фиристодани писарони мансабдорон ба ҳар даъватшаванда шаҳодатномаи ронандагӣ додааст. Бештари наваскарон дар даъвати тирамоҳии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хатмкардаҳои донишгоҳҳо ҳастанд.

Ҳарчанд сокинон аз ташаббуси раиси ноҳияи Шамсиддиини Шоҳин ситоиш мекунанд, бархе онро як намоишкорӣ меноманд. Дар гузашта низ баъзе аз мансабдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон пайвандони худро ба артиш фиристода буданд, вале он саросарӣ нест.

Илова ба ин, тасмимҳои охир дар ҳоле эълон мешаванд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, фарзандони мансабдорон, аз аъзои ҳукумат гирифта то вакилони порлумон ва раисони шаҳру ноҳияҳо, бояд пеш аз ҳама ба хидмат дар артиш ҷалб шаванд.

Имсол дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш ҷавонони соли таваллудашон 1994-2003-ро ба хидмати сарбозӣ мефиристанд. Ин маърака 1-уми октябр оғоз ёфт ва то 30-юми ноябр идома мекунад.

Вакилони порлумон ним сол пеш қонунро дар бораи хидмати ҳарбӣ тағйир доданд. Бар асоси он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ҳақ доранд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Ба бовари мақомот, ин навъи хидмат барои аз байн бурдани "сарбозшикор" муосидат мекунад. Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар рӯзҳои аввали даъват ба артиш шоҳиди "облава"-и ҷавонон шудаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, “дедовшина” ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ то як сол поин овардани замони хидматро яке аз роҳҳои ҳал медонанд. Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷа, "гузаштан ба артиши касбӣ"-ро пешниҳод дорад.

XS
SM
MD
LG