Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ин пас дар Покистон таҷовузгарони ҷинсиро ахта мекунанд


Тазоҳуроти занон ба зидди таҷовузи ҷинсӣ дар моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Карочӣ пас аз таҷовузи як модари покистонӣ дар пеши чашми тифлонаш.
Тазоҳуроти занон ба зидди таҷовузи ҷинсӣ дар моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Карочӣ пас аз таҷовузи як модари покистонӣ дар пеши чашми тифлонаш.

Вакилони порлумони Покистон қонунеро қабул карданд, ки иҷоза медиҳад, таҷовузгарони ҷинсӣ ахта карда шаванд ва сабабаш чанд мавриди таҷовуз ва аз ҷумла сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон дар кишвар аст.

Дар санаде, ки ҳарду палатаи порлумони Покистон рӯзи 17-уми ноябр қабул карданд, омадааст, афроде, ки ба таҷовузҳои батакрор гунаҳкор дониста шудаанд, бояд аз роҳи кимиёвӣ ахта карда шаванд. Ҳукумат ҳам бояд додгоҳи махсусе ташкил кунад, то парвандаҳои таҷовуз ва сӯистифодаи ҷинсӣ “босуръат ва дар муддати на бештар аз чаҳор моҳ” баррасӣ карда шаванд.

Қонуни мазкур акнун бояд барои имзо ба Ориф Алвӣ раиси ҷумҳури Покистон фиристода шавад. Ахта кардан аз роҳи кимиёвӣ ва ё тиббӣ чунин аст, ки бо истифода аз дору ва ё ҳормон, иштиёқи мард ба алоқаи ҷинсиро фӯру менишонад.

Имрон Хон нахуствазири Покистон соли 2020 эълон кард, ки ҳукуматаш тарҳи қонунеро таҳия дорад, ки ҷазои сахтеро барои таҷовузгарони ҷинсӣ пешбинӣ мекунад. Сабаб ҳам таҷовузи гуруҳии як модари покистонӣ дар пеши чашми фарзандонаш ва дар яке аз шоҳроҳҳои бузурги кишвар буд. Ин ҳодиса хашми мардумро барангехт ва сабаби тазоҳуроти саросарӣ шуд ва ҳукуматро зери фишори ҷомеа қарор дод, то чорае барои пешгирӣ аз ин ҷинояти сахту зишт биандешад.

Аввали имсол дар Покистон ду мардеро барои таҷовузи ҷинсӣ ба қатл маҳкум карданд ва ин муҳокима баҳсҳоро дар бораи расидагӣ ба ҳазорон парвандаи таҷовуз ва сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон доман зад. Дар Покистони умдатан мусулмоннишин ва хонаи 220 миллион нафар солона ҳазорон парвандаҳои зиёди таҷовузи ҷинсӣ пинҳон мемонад.

Созмони ғайриҳукуматии Ҷанг Муқобили Таҷовуз, ки дар шаҳри Карочӣ қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки аз парвандаҳои таҷовузи ҷинсӣ фақат 3 дар сади омилони он ҷазо мегиранд ва бақия беҷазо мемонанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ислоҳот дар пулис ва додгоҳҳои Покистон, боло бурдани огаҳӣ дар байни волидону кӯдакону ҷомеа, яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирӣ аз сӯистифодаи ҷинсӣ ва таҷовуз аст.

Созмони Авфи Байналмилал моҳи декабри соли 2020 ахтаи беиҷозаро ҷазои “золимона ва ғайриинсонӣ “ номид. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт: “Ба ҷойи ба дигар тараф кашидани диққати ҷомеа, мақомоти Покистон бояд ба масъалаи муҳими ислоҳот тамаркуз кунанд, ки ба решаҳои ҷиноятҳои ҷинсӣ расидашӣ мекунад ва барои ҷабрдидагон адолатеро барқарор мекунад, ки сазовораш ҳастанд.”

Ахтаи кимиёвӣ як ҷазои қонунӣ барои таҷовузгарони ҷинсӣ дар кишварҳое ба мисли Русия, Чехия, Куриёи Ҷанубӣ ва баъзе аёлатҳои Амрикост.Дар Тоҷикистон ҳам чанде пеш баъди таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостори сахттар кардани ҷазо ва аз ҷумла ахтаи таҷовузгарони ҷинсӣ шуданд. Додгоҳ рӯзи 19-уми октябр Раҳматулло Гадоеви 30-соларо барои таҷовуз ва қатли бераҳмонаи тифли 8-сола ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.

Назари шумо чист? Ахта роҳи пешгирии таҷовузи ҷинсӣ метавонад бошад, ё решаҳои ҷиноятро бояд аз байн бурд? Зери ҳамин гузориш нависед, ё дар видео сабт кунеду ба ин шумора бифристед: +420 607 900 808

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG