Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди муттаҳам ба қатли Руфайдаи 8-сола "ба ҳабси абад маҳкум шуд"


Руфайда Иноятова севуним моҳ пеш кушта шуд
Руфайда Иноятова севуним моҳ пеш кушта шуд

Волидони Руфайда Иноятоваи 8-сола гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар қатли фарзанди онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳи олӣ то ҳол дар ин бора расман хабар надодааст. Шарҳи пайвандон ва вакили мудофеи Гадоев низ дастрас нест. Маълум нест, онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд ё не.

Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 19-уми октябр эълон шуд. Вай гуфт, ҳақ надорад, дар бораи мурофиаи додгоҳӣ ҷузъиёт диҳад, вале ҳамзамон афзуд: "Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ҳукми додгоҳ розием. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад."

Назари ҷониби дигар то ин дам дастрас нест. Ба сабаби пӯшида будани мурофиаи додгоҳӣ хабарнигоронро роҳ надоданд ва, аз ин рӯ, маълум нест, Раҳматулло Гадоев ва вакили мудофеаш дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.

Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон расман шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG