Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арон Атобек, шоир ва мухолифи қазоқ, дар бемористон даргузашт


Арон Атобек
Арон Атобек

Шоир ва мухолифи қазоқ, Арон Эдигеев, машҳур бо тахаллуси адабии Арон Атобек, дар 68-солагӣ дар Алмато даргузашт.

Хоҳараш Розия Нутушева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дили шоир шоми 24-уми ноябр дар яке аз бемористонҳо аз тапидан монд. Ӯро 20-уми октябри имсол, пас аз тақрибан се ҳафтаи раҳоӣ аз зиндон, ба бемористон бурданд. Дар ҳолати кома буд.

Арон Атобек бо гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ 15 соли умри худро дар зиндон гузаронд, вале ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вайро зиндонии сиёсӣ меномиданд. Якуми октябри имсол аз маҳбас озод шуд.

Атобек гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа, латукӯб ва шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндон саломатияшро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG