Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар беназмиҳои Хоруғ 3 кас кушта ва чандин нафар захмӣ шудаанд


Шаҳри Хоруғ. Акс аз корбарон
Шаҳри Хоруғ. Акс аз корбарон

Ба иттилои дарёфтӣ, дар ҳодисаҳои ду рӯзи охир дар Хоруғ "се кас ҷон бохтаанд". Мақомот хабар доданд, ки дар беназмиҳо дар маркази вилояти Бадахшон панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ захмӣ шудаанд, аммо дар бораи ҳалокшудаҳо чизе намегӯянд. Норозиён рӯзи 25-уми ноябр бо як тобут ва рӯзи 26-уми ноябр бо ду тобут дар маркази шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд.

Субҳи 26-уми ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва атрофи он эътирози худро дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома доданд. Онҳо ҳамоно боздошт ва муҷозоти омилони қатли сокини 29-солаи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбековро талаб доранд. Додситонии вилояти Бадахшон рӯзи панҷшанбе гуфт, Зиёбеков ҳангоми амалиёти боздошт захмӣ шудааст, вале дар бораи кушта шудани ӯ иттилоъ надод.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони шаҳри Хоруғ гуфтанд, рӯзи 25-уми ноябр миёни нерӯҳои интизомӣ ва эътирозгарон даргирӣ ба амал омадааст. Манбаъҳо дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "аз эътирозгароне, ки рӯзи панҷшанбе захмӣ шуданд, ду нафар дар бемористони вилоятӣ фавтидаанд. Онҳо аз ҷонбохтагон Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ном мебаранд. Тадсиқи он аз манобеи расмӣ феълан имкон надодааст.

Раёсати Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон хабар дод, ки рӯзи 25-уми ноябр дар ҷараёни бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғ панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ захмӣ шудаанд. Се нафари онҳо кормандони Раёсати амнияти вилоят, як пулис ва як корманди додситонӣ будаанд. Мақомот аз сокинон хостаанд, “дар амалҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд", вале дар бораи ҳалокшудаҳо чиҳе нагуфтанд.

Мардум чӣ мегӯянд, мақомот чӣ?

Рӯзи 25-уми ноябр даҳҳо сокини Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тазоҳурот карданд. Онҳо аз мақомот хостанд, ки сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбековро боздошт ва муҷозот кунанд. Онҳо мегӯянд, Зиёбеков нимарӯзи 25-уми ноябр дар ҳоле кушта шудааст, ки гуруҳи низомиён барои боздошташ ба хонаи ӯ рафта буданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ӯ бо туфангчаи Макаров ба кормандони давлатӣ оташ кушодааст. Наздикони Зиёбеков инро рад мекунанд. Ниҳодҳои қудратӣ баргузории амалиёти боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд, вале танҳо захмӣ шудани ӯро зикр намуданд.

Ба иттилои расмӣ, Зиёебеков ба "гаравгонгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. дар рӯзи 1-уми феврали соли 2020" гумонбар будааст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Зиёбеков ва чанд нафари дигар ин корманди додситониро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ танбеҳ дода буданд ва раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов моҷароро ҳал карда буд. Прокурор низ дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд. Ин навор дирӯз аз нав пахш карда шудааст.

Эътирозгарон дар як муроҷиатнома рӯйдодҳои охири Хоруғро натиҷаи зӯроварии ниҳодҳои қудратӣ номида, гуфтаанд, аз такрор шудани вазъи соли 2012 дар он ҷо нигаронанд. Нӯҳ сол пеш дар ин минтақа амалиёти густардаи мақомот баргузор шуда буд.

Дар Маскав чӣ гузашт?

25-уми ноябр ҳамчунин садҳо бадахшонии муқими Русия ба нишони эътироз дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд. Сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода бо гуруҳе аз онҳо мулоқот кард, ваъда додааст, ки талабашонро ба ҳукумати Тоҷикистон мерасонад. Талаб аз он он иборат аст, ки омилони қатли Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, ба ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ роҳ дода нашавад.

Ораз Вазирбеков, яке аз зодагони Бадахшон ва фаъолони ВМКБ дар шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, дар суҳбати онҳо бо сафири Тоҷикистон, ки тақрибан ду соат давом дошт, ҷавоби мушаххасе дарёфт нашуд. "Тақозои аслии мо инҳо буданд: ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони қатли ду сокини ғайринизомӣ; дур кардани посгоҳҳои мавҷуд, ки ба идомаи онҳо зарурат намондааст; барқарор кардани ҳама гуна тамос бо минтақа. Мо ба сафир итминон додем, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳо мо ба эътирозамон идома медиҳем”,-гуфт Вазирбеков.

Аз ҷониби эътирозгарон дар суҳбати сафир Амидхон Гулзорхонов, Амриддин Аловатшоев, Ораз Вазирбеков ва Мамадёр Мамадёров ширкат доштанд. Сафорати Тоҷикистон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод.

XS
SM
MD
LG