Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардеро, ки қаблан афв карданд, бо гуноҳи таҷовуз ба номус зиндонӣ шуд. ВИДЕО


Як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисорро, ки аз ӯ Ҳ.А. ном бурда мешавад, бо гуноҳи таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора пайвандони духтар рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтанд, аз ҳукм розиянд. Ба қавли онҳо, ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар авали моҳи ноябр содир шудааст. Мавқеи наздикони мард дастрас нест.

Масъулони Бунёди Ташаббуси Ҳуқуқӣ рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “тафтишот ҳолати таҷовуз ба номусро исбот кард”. Вакилони ин созмон аз ҳаққи хонаводаи духтар дар додгоҳ ҳимоят кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Ҳисор соле пеш Ҳ.А.-ро ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас, бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дода буд. Танҳо дар пайи танқидҳои зиёд ва фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукмро бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристод.

Хайриддин Зарифов, падари духтар, мегӯяд, ҳукми охир пас аз ду соли талошу муроҷиатҳо ба даст омад ва аз он розӣ аст.

“Дар ин муддат чанд дафъа ба мақомот ва созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудем, то ба қазия расидагӣ кунанд ва таҷовузгар ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Бо гузашти қариб ду сол ахиран додгоҳ ҳукми одилона содир кард”, -- гуфт Хайриддин Зарифов дар суҳбати телефонӣ рӯзи 25-уми ноябр.

Маълум нест, ҷониби дигари баҳс дар бораи ҳукми Ҳ.А. чӣ назар доранд. Аммо дар гузашта пайвандонаш иттиҳоми таҷовуз ба номусро "туҳмат" хонда, аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Муҷозоти масъули таҷовуз ба номуси ноболиғ дар ноҳияи Ҳисор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Қазияи таҷовузи духтари ноболиғро дар Ҳисор соли 2019 Раҳматулло Зойиров, раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, расонаӣ карда буд. Ӯ дар як муроҷиати ошкоро ба Додситонии кулли Тоҷикистон тавассути саҳифааш дар Фейсбук гуфт, мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Ҳисор мехоҳанд, ин ҳодисаро пинҳон доранд. Он замон духтар 8-моҳа ҳомила буд.

Ин ҳодиса вокунишҳои тундеро дар ҷомеа ба бор овард. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз раиси ҷумҳурӣ ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб карданд, ки ҷазоро барои гунаҳкорони бадрафторӣ бо ноболиғон сахттар намоянд

Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд, вале омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест.

Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон расман шикоят мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG