Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи Хоруғ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ хост, истифодаи яроқ фавран қатъ карда шавад


Эътироз дар Хоруғ чор рӯз боз идома дорад.
Эътироз дар Хоруғ чор рӯз боз идома дорад.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як муроҷиат ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз фавт ва захмӣ шудани чанд сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар рӯзҳои ахир нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи қатъӣ дар ин замина шудаанд.

Фаъолон аз президент хостаанд, “муқобили аҳолии шаҳри Хоруғ, ВМКБ аз ҳад зиёд истифода бурдани қувва ва яроқи оташфишон фавран қатъ карда шавад.” Мақомот ба ин изҳорот вокуниш накарданд, вале рӯзи гузашта додситонӣ баръакс эътирозгаронро ба авбошӣ ва ҳамла ба вакили порлумон муттаҳам карда буд.

Муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 28-уми ноябр нашр шуда, зери он 9 ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷумла "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", "Дунёи ҳуқуқ", "Ташаббуси ҳуқуқӣ", "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон", "Нотабене", "Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ", "Маркази ҳуқуқи инсон", "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" ва "Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир" имзо гузоштаанд.

Дар муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ омадааст, дар ҳодисаҳои ахир дар ВМКБ 3 сокини мулкӣ фавтида, зиёда аз 16 нафар сокинон ва кормандони мақомот захмӣ шудаанд. Фаъолон аз пеш омадани чунин ҳолат нигаронӣ кардаанд.

"Мо аз таъсиси гурӯҳи махсуси корӣ бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳқиқи марги Зиёбеков Гулбиддин ва дигарон, инчунин кафолати тафтишоти ошкоро истиқбол мекунем. Мо аз мақомоти кишвар даъват менамоем, ки дар ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд ва барои ҳалли мусолиматомези низоъ ва пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳанд,"-навиштаанд фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба президент.

Фаъолон ҳамчунин аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, то "ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шахс барои баргузор намудани ҷамъомади осоишта"-ро таъмин карда, аз таъқиби шахсони ширкатдошта дар эътирозҳои ахир, пешгирӣ намоянд. Ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостори барқарори кардани ҳама намуд алоқа ба ВМКБ шудаанд.

Вокуниши мақомот ба изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ маълум нест. Вале масъулин истифодаи зӯр алайҳи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро рад карда гуфтаанд, баръакс сокинон буданд, ки рӯзи 27-уми ноябр ба вакили порлумон Азиз Гиёзода ҳамла карданд. Додситонии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар изҳороте гуфт, вакил баъди ин ҳодиса захмӣ шудааст.

Рӯзи 28-уми ноябр ҳамчунин Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз талошҳои давлат барои обод кардани ВМКБ ёд кардааст. ИЖТ аз рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дархост кардааст аз "тафриқаандозӣ" худдорӣ карда, баръакс "каломи тақдирсози худро бештар кунанд."

Ҳаводиси чаҳор рӯзи ахир дар шаҳри Хоруғ нигарониҳои зиёдро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овардааст. Мақомот гуфтанд, талош доранд аз роҳи гуфтугӯ бо намояндагони эътирозгарон масъаларо ҳал кунанд. Тазоҳуркунандагон хостори таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорони ин ҳодиса мебошанд.

XS
SM
MD
LG