Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2021-cоле, ки одамони маҳбуби Тоҷикистонро бурд.ВИДЕО


Талафоти соли 2021

Дар соли дуввуми хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 фарҳанги Тоҷикистон ба мисли як соли қабл талафоти бузург дид. Як зумра ҳунармандону коргардонҳо ва адибони машҳур дунёи фониро падруд гуфтанд, ки ба эътиқоди соҳибназарон барои фарҳанги кишвар ҷуброннопазир аст.

Соли 2021 милодӣ ва моҳи январ бо фавти Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохтаи Тоҷикистон оғоз ёфт. Бемориҳову пирӣ ва коронавирус баъдан коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешагон Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Қиёмиддин Чақалов, шоиру коргардони синамо Сафарбеки Солеҳ, адибон ба монанди Салимшо Ҳалимшо, Саидалӣ Маъмур, Шавкат Ниёзӣ ва Ҳаёт Неъмати Самарқандиро аз Тоҷикистон гирифт.

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, ин талафоти ҷуброннопазир барои фарҳанги Тоҷикистон аст: “Ин пандемия ё ҳамагир мегӯем, дар солҳои 2020-2021 мардони ҳунарманд, чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик ва чеҳраҳое, ки фарҳанги моро дар ҷаҳон намояндагӣ мекарданд аз байн бурд.”

Яке аз талафоти ҷуброннопазир дар миёни фарҳангиёни тоҷик даргузашти ҳунарпешагон Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳамсараш Фотима Ғуломова дониста мешавад.

2021 - соле, ки одамони маҳбуби Тоҷикистонро бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:49 0:00

Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик ва фарзанди онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз даст додани волидайн барояш сангин буд: "Вақте падру модар зинда аст, ту ҳамеша кӯдакӣ, новобаста аз синну сол, сари сафед ва ожангҳои рӯят. Вақте ки падару модар рафтанд, ҳамон замон худатро пир ҳис мекунӣ. Медонӣ, ки ту дигар шудаӣ, он нозу он назди падар рафтану назди модар рафтану шикоят кардан аз зиндагӣ дигар нест. Ҳарчанд худам низ бобо ҳастам, вале набудани падару модар бароям сангин аст.»

Дар соли 2021 саҳафоти китоби зиндагии Сафарбеки Солеҳ, коргардони хушном ва Назирмад Мусоев, ҳунарманди саршиноси синамои тоҷик ба поён расид. Ба гуфтаи Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, ба хусус, Назирмад Мусоев, ки ҳангоми кор ва дар студиё ҷон дод.

Сафар Ҳақдод аз Сафарбеки Солеҳ чунин ёд кард: "Сафарбек тавонист, бо он филмҳое, ки сохт дар бойгонии ин миллат, бойгонии синамои ин миллат ҷой гирад. Ин филмҳо ҳеч гоҳ арзишашонро гум намекунанд. Филмҳое ҳастанд, ки дар он ҷо пажуҳиш аст, илм аст, як андеша ҳаст. Кору пайкор ва он нақшаҳое, ки мисли Сафарбек, мисли устод Раҳмондӯст, мисли устод Убайдулло Раҷабов ва дигарон, мисли худораҳматии Назирмад Мусоев доштанд, мондагор аст.”

Дар феҳрасти фавтидагони намояндаҳои фарҳангу илму адаби тоҷик дар соли 2021 ҳамчунин исми ҳунарпешагону овозхонҳо Носир Ҳасанов, Шералӣ Абдулқайсов, Асалбегим Саодатова, Озодамоҳ Муҳтарамова, Бобоҷон Азизов, Мунаввар Мансурхоҷаев ва даҳҳо нафарони машҳури дигар низ ҳастанд, ки соҳибназарон ҳамаи онҳоро талафоти ҷуброннопазир медонанд.

XS
SM
MD
LG