Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибулло Абдураззоқовро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. ВИДЕО, САДО


Ҳабибулло Абдураззоқов

Ҳабибулло Абдураззоқов,ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ чанд сол боз бемор буд ва рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ҳамкоронаш фавти ҳунарманди шинохтаро барои соҳаи фарҳанги Тоҷикистон талафоти ҷиддӣ номиданд. Қурбони Собир, ҳунарпешаи тоҷик, ки дар чанд филму намоишҳои театрӣ якҷо бо Ҳабибулло Абдураззоқов нақш офаридааст, мегӯяд, ӯ пеш аз ҳама ба кори худу дигарон сахтгир буд, чизе, ки ҳоло камтар дида мешавад.

"Ҳабибулло Абдураззоқов аз он ҳунармандоне нест, ки варақ занем, аз куҷое пайдояш кунем. Бойгонии "Тоҷикфилм"-ро бинед, дар ҳамаи филмҳои хеле хуб дар иҷрои нақшҳои аввал Ҳабибулло Абдураззоқов буд. Ҳайф, ки аз миёни мо рафт", -- гуфт Қурбони Собир.

Маросими видоъ бо Ҳабибулло Абдурразоқов. Наворро бинед:

Маросими видоъ бо Ҳабибулло Абдураззоқов дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

"Аз вазъи театру синамо норозӣ буд"

Ҳабибулло Абдураззоқов чанд соли охир бемор буд ва дар пардаи синамо ва театр зоҳир намешуд, аммо ба қавли пайвандону ҳамкоронаш аз вазъи театру синамо огоҳӣ дошт "ва аз вазъи пешомада афсӯс мехӯрд".

Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди тоҷик, мегӯяд, "Абдураззоқов аз он афсӯс мехӯрд, ки театрҳо ба монанди мисли солҳои 70-80-ум нестанд."

Ҳабибулло Абдураззоқов чаҳор сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ низ ба ин мавзуъ дахл карда, чунин гуфта буд: "Дар солҳои Шӯравӣ ҳар як намоиш мисли як "сенсатсия" буд. Тамоми донишҷӯён мехостанд, онро бубинанд. Ҳоло донишҷӯ 5 сол мехонад, театрро аслан надидааст. Он замон сиёсат ҳамин хел буд, ки ҳама - сар карда аз котиби якуми Ҳизби коммунист омада, намоишро тамошо мекарданд. Ҳатто ҳангоми интихоб ба мансаб ҳам аз ӯ пурсида мешуд, ки кадом театрро дидааст, назараш ба фалон намоиш чӣ аст."

Як орзуи Ҳабибулло Абдураззоқов ин будааст, ки филмҳои тоҷикӣ ба сатҳи филмҳои ҷаҳоние ба монанди Филиннӣ ва Антониони расад. Ҳарчанд Абдураззоқов дар суҳбати чаҳор соли пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ба он дараҷае, ки мехостам нақшҳои аҷоибро бозӣ кунам, нашуд. Задану куштану парондан не, фалсафӣ бошад. Афсӯс, ки ба ин хел чизҳо нарасидем."

Ҳамкоронаш марги Ҳабибулло Абдураззоқовро талафоти ҷиддӣ номиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

"Ҷони ман ва Лоиқу Бозор дар хатар буд"

Ҳабибулло Абдураззоқов дар охири солҳои 80 ва оғози 90-уми асри гузашта аз он фарҳангиёне буд, ки ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятӣ пардохт. Узви Ҳизби демократ шуд ва як муборизи ҷомеаи маданӣ гардид. Ҳамкоронаш зиёд моил нестанд, ки ҳоло дар бораи ин паҳлӯи зиндагии Абдураззоқов суҳбат кунанд. Ҳарчанд худи ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ба ҷараёнҳои демократӣ пайвастанаш барои ӯ мушкилҳои зиёде эҷод кард.

"Ҷони ҳамаи мо, ҳам Бозору ҳам Лоиқ, дар хатар буд. Фарзандҳоямонро таҳдид мекарданд. Чанд бор ба хона бо автомат даромаданд. Фармон шудааст, ки кушед. Як бор даромаданд ва маро аз филмҳо шинохтанд ва "ассалом, Шумоед?" гуфтанду пас гашта рафтанд. Худо ва ҳунарам ҷони маро харид", -- гуфта буд Ҳабибулло Абдураззоқов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар соли 2017.

"Дар тарбияи фарзандон ман озодӣ медодам"

Як фахри Ҳабибулло Абдураззоқов аз фарзандонаш буд. Ӯ падари коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов аст. Абдураззоқови калонӣ дар суҳбатҳои пешинааш гуфта буд, аз он ки фарзандонаш дар роҳи интихобкардаи худ комёбанд, хушҳол аст, аммо таҳаммули дурии онҳо сахт аст.

Исфандиёри Ғулом, ҳунарманди театру синамо, аз ҷавонӣ ба манзили Ҳабибулло Абдураззоқов равуо доштааст. Ғуломов мегӯяд, ҳарчанд Абдураззоқов бо хоҳари ӯ, Фотима Ғуломова, издивоҷ карда, баъдан ҷудо шуд, фарзандонаш ҳамеша ба диданаш мерафтанд ва аз ӯ маслиҳат мепурсиданд.

Барзу Абдураззоқов дар берун аз Тоҷикистон аст. Шаҳбоз Абдураззоқов ҳафтаҳои охир дар назди падараш дар Душанбе буд.

Навори суҳбат бо Ҳабибулло Абдураззоқов аз бойгонии Озодӣ:

Ҳунарманди театр Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов 80-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:10 0:00

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG