Дар чанд ҷумла
“Элбаси” дар куҷост? Сухангӯяш иддао дорад, ки “дар Қазоқистон аст”
Айдос Укибой, сухангӯйи президенти пешини Қазоқистон, дар Твиттер навишт, ки Нурсултон Назарбоев “Қазоқистонро тарк накардааст” ва “ҳоло дар пойтахт қарор дорад”.
Укибой иддао дорад, ки Назарбоев “як қатор мулоқоти машваратӣ гузаронда, бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мустақим тамос дорад.”
"Элбаси дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нурсултон, аст. Лутфан, маълумоти бардурӯғ ва тахминиро паҳн накунед," – навиштааст Укибой. Ӯ изофа кардааст, ки Нурсултон Назарбоев "бо сарони кишварҳои дӯсти Қазоқистон чанд дафъа гуфтугӯи телефонӣ кардааст", вале аз ҳеч касу кишваре ном набурдааст.
Чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ аз тамоси раҳбаронашон бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хабар доданд, аммо аз Назарбоев чизе нагуфтанд.
"Элбаси аз ҳама даъват мекунад, ки барои рафъи буҳрон ва таъмини якпорчагии кишвар дар гирди президенти Қазоқистон муттаҳид шаванд," – хулоса кардааст Айдос Укибой.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Нурсултон Назарбоев мақоми раиси Шӯрои амниятро, ки бояд якумрӣ раҳбарӣ мекард, тарк карда, ваколатҳоро ба президент Тоқаев вогузор кардааст. Ҳамчунин, маълумоте набуд, ки ӯ ҳангоми эътирозҳо дар куҷо буд.
Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 7-уми январ хабар доданд, ки ду ҳавопаймои шахсии марбут ба хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек фуруд омадааст.
Раҳпаймоие, ки рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон шуруъ шуд, дар минтақаҳои дигар ҳамовозӣ ёфт ва баъдан ба хушунат печид.
Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни беназмиҳо 18 низомӣ кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд. Дар бораи кушта шудани даҳҳо эътирозгар, ки мақомоти Қазоқистон онҳоро “бандит” ва “террорист” мехонанд, гузоришҳо расидаанд. Беш аз 4 ҳазор кас дастгир шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Номзади пешин ба мансаби президенти Тоҷикистон даргузашт
Мироҷ Абдуллоев, раиси 78-солаи Ҳизби коммунист ва номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон дар соли 2020, даргузаштааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ки маросими видоъ ва дафни ӯ 8-уми апрел дар Кӯлоб баргузор мешавад.
Абдуллоев дар гузашта дар мақомоти умури дохилӣ, Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва идораҳои дигари ҳукуматӣ кор карда, қариб нуҳ сол пеш раёсати Ҳизби коммунистро бар дӯш гирифт.
Шарҳи ҳолаш бозгӯйи он аст, ки ӯ то соли 2017 таҷрибаи кор дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро надошт. Соли 2017 раҳбари созмони иҷтимоии "Ҳомиёни ватан", як иттиҳоди бознишастаҳои мақомоти интизомӣ буд.
Ҳизби коммунист, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷилави ҳукуматро ба даст дошт, пас аз пош хӯрдани он қудратро аз даст дод ва ба гуфтаи баъзе аз коршиносон ба “як созмони куҳансолони сарсупурдаи идеологияи коммунистӣ” табдил ёфт.
Мироҷ Абдуллоев як муддат узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд.
Дар интихоботи президентии соли 2020 вориди рақобат шуд, аммо бо дарёфти каме бештар аз як дарсад раъй шикаст хӯрд.
"Як тамаддун аз байн хоҳад рафт." Таҳдиди Трамп ва ҳушдори Сипоҳ
Раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш аз поёни муҳлате, ки ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз дода буд, дар паёми наве таҳдид кард, ки “имшаб як тамаддуни комил аз байн хоҳад рафт”.
Доналд Трамп 7-уми апрел дар шабакаи Truth Social навишт, “намехоҳам чунин иттифоқе биуфтад, аммо эҳтимол рух хоҳад дод.”
Вай ҳамзамон афзуд: “Акнун ки тағйири комили режим рух дода ва андешаҳои дигаргун, ҳушмандтар ва камтар ифротӣ ғолиб шудаанд, шояд чизи шигифтангезе ба тарзи инқилобӣ иттифоқ биуфтад. Имшаб хоҳем фаҳмид. Яке аз лаҳзаҳои муҳимтарин дар таърихи тӯлонӣ ва печидаи ҷаҳон. 47 соли тамаъҷӯӣ, фасод ва эъдом дар ниҳоят ба поён хоҳад расид.”
Президенти Амрико шарҳ надод, аммо дар поёни паёми худ навишт: “Худо мардуми бузурги Эронро нигаҳ дорад.”
БЕШТАР БИХОНЕД: ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?
Ин изҳорот дар идомаи ҳушдорҳои тунди Доналд Трамп дар нишасти хабарии 6-уми апрел дар Кохи Сафед аст. Ӯ дар он нишаст таҳдид карда буд, ки дар сурати ба созиш нарасидан барои поёни ҷанг ва бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз, Иёлоти Муттаҳида метавонад нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳушдор дод, ки посухаш ба иқдоми эҳтимолии Амрико “фаротар аз минтақа” хоҳад буд.
Сипоҳ дар баёнияе 7-уми апрел бо лаҳни тунд ба кишварҳои “шарики Амрико” дар минтақа ҳушдор дод, ки бо зерсохтҳояшон коре хоҳад кард, ки “Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш солҳо аз нафт ва гази минтақа маҳрум шаванд”.
Зарбулаҷали таъйиншуда барои ҳукумати Эрон бомдоди 8-уми апрел ба поён мерасад.
То кунун хабарҳои тасдиқношуда аз ҷараён доштани гуфтшуниди маҳрамона миёни ду тараф бо миёнравии ниҳодҳои амниятии баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон нашр шуд.
Ҳамзамон ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба ҳадафҳои гуногун дар гӯшаҳои мухталифи Эрон ҳамчунон бо шиддат идома дорад.
Тирпаронӣ дар назди консулгарии Исроил дар Истанбул
Дар тирпаронӣ дар назди консулгарии Исроил дар Туркия ду кас кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи 7-уми апрел дар шаҳри Истанбул рӯй дод.
Нашрияи "Ҳуррият" навишт, се нафар бо силоҳ ба биное ҳамла кардаанд, ки дар яке аз ошёнаҳояш консулгарии Исроил ҷойгир буд.
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Туркия ду ҳамлагарро кушта ва нафари севумро дастгир кардаанд. Ӯ сахт захмист.
Дар ин ҳодиса ду корманди пулис низ ҷароҳат бардоштанд.
Як манбаъ дар ҷомеаи яҳудиёни Истанбул ба нашрияи "The Jerusalem Post" гуфтааст, консулгарӣ беш аз ду сол боз баста буд ва эҳтимол ҳангоми ҳодиса дар он ҷо дипломатҳо ҳузур надоштанд.
Мақомоти Туркия ҷузъиётро дар бораи сабаб ё ангезаи тирпаронӣ нашр накардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Исроил низ иттилоъро дар бораи ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор додааст.
Селу обхезӣ дар Доғистон ҳазорон касро бехонаву дар кард
Бар асари обхезӣ ва сел дар Доғистони Русия, дастикам чаҳор нафар ба ҳалокат расида, беш аз чаҳор ҳазор нафар аз маҳалҳои зисташон кӯчонида шудаанд.
Шоми 5-уми апрел дар пайи фурӯ рехтани пуле дар шоҳроҳи "Кавказ", як зани ҳомила бо духтари 12-сола ҷон бохтааст.
Наҷотбахшон онҳоро аз дарё берун оварда, ба бемористон интиқол доданд, вале талоши пизишкон барои наҷоти онҳо натиҷа надод.
Телеграм канали Shot бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратӣ аз марги як духтарчаи 5-сола дар шаҳраки Мамедкала хабар додааст. Ҷасади ӯро 6-уми апрел пайдо кардаанд.
Бино ба гузориши хабаргузории "Интерфакс" як кӯдаки дигар ҳам дар Доғистон фавтидааст.
Дар як моҳи ахир ин дувумин обхезии калон дар Доғистон аст. Як рӯз пеш дар Махачқалъа як бинои баландошёна фурӯ рехт.
Сокинони атрофи онро кучониданд ва дар ҳоли ҳозир се баландошёнаи ҳам дар вазъи хатарнок қарор доранд.
Ба навиштаи ТАСС, дар се минтақаи аҳолинишини Доғистон беш аз ду ҳазор манзил зери об мондааст.
Як таҳқиқот дар Русия даромади муҳоҷирони ҷавонро то $1500 гуфт
Ширкати DBS Group даромади моҳонаи муҳоҷирони ҷавонро дар Русия то 120 ҳазор рубл ҳисоб кардааст.
Хабаргузории давлатии "РИА Новости" аз қавли муаллифони таҳқиқот навиштааст, ки муҳоҷирони аз 18 то 35-сола бештар дар бахши хидматрасонӣ, мисли савдои чакана, дастраскунандагони ғизо ё курер ё дар тарабхонаву меҳмонхона ва нақлиёт кор мекунанд.
Даромади миёнаи онҳо вобаста ба соҳа ва соати корӣ аз 80 000 то 120 000 рубл, муодили тақрибан 1500 доллар будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, бахши аъзами муҳоҷирони ҷавон, бавижа донишҷӯён дар баробари таҳсил, дар Русия кор мекунанд.
Бо ин роҳ, ба қавли муаллифон онҳо, ҳам ба тадриҷ ба бозори меҳнат ворид мешаванд ва ҳамзамон соҳиби маълумоти олӣ мешаванд.
Ҳар сол ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ барои кор ба хориҷ, махсусан ба Русия мераванд, ки аксари онҳо ҷавонон ҳастанд.
Дидори Муттақӣ бо дипломатҳо аз Осиёи Марказӣ дар Кобул
Дипломатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати "Толибон" дидору гуфтугӯ кардаанд.
Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистону Туркманистон, ин мулоқот рӯзи 5-уми апрел бо ҳузури намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон баргузор шудаааст.
Ин нахустин ҳамоиш баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021 будааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Толибон ва дипломатҳои минтақа роҳҳои афзоиши додугирифти тиҷоратиро яке аз авлавиятҳои муҳими ҳамкориҳои худ хондаанд.
Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон гуфтааст, Кобул қасд дорад, ҳаҷми тиҷорат бо кишварҳои минтақаро ба 10 миллиард доллар расонад.
Амирхон Муттақӣ дар ин нишаст гуфтааст, соли 2025 мизони тиҷорати Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 2,7 миллиард доллар расид.
Ин дидору гуфтугуҳо дар ҳолест, ки кишварҳои минтақа ҳукумати Толибонро, то ҳанӯз расман эътироф накардаанд.
Як маҳкумшудаи ҳамла ба “Крокус” дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст
Ба гузориши расонаҳои Русия, Ёқубҷон Юсуфзода аз Тоҷикистон ва яке аз маҳкумшудаҳои ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст. Додгоҳи ҳарбии Русия тақрибан як моҳ пеш ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.
Хабаргузории расмии "Интерфакс" аз қавли Идораи зиндонҳо навишт, ки ҷасади Ёқубҷон Юсуфзодаро 6-уми апрел дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳ ёфтанд. Дар ин ниҳод гуфтаанд, "ӯ худкушӣ кард".
Ба иттилои манбаъ, "пизишкон зуд ба ҷойи ҳодиса расида, аммо натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Дар робита ба ин воқеа санҷиш идома дорад."
Тасдиқи мустақилони хабар аз манбаъҳои дигар имконпазир нест.
Ёқубҷон Юсуфзода дар охири моҳи марти соли 2024 ҳангоми амалиёти “Нелегал” дар Русия дастгир шуд ва мақомот сипас гуфтанд, ки робитаи ӯ бо ҳамлаварон ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ошкор гашт. Мақомоти Русия ӯро ба он муттаҳам карданд, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини ҳамлаварон бо ҷой “ба як шарикаш пул фиристодааст”.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Ёқубҷон Юсуфзода 26 сол дошта, соҳиби се фарзанд аст. Дар сохтмон кор мекардааст.
Додгоҳи ҳарбии Маскав моҳи марти имсол 15 гумонбари ҳамла ба толори "Крокус"-ро ба зиндони якумрӣ ва чаҳор тани дигарро аз 19 то 22 сол зиндон маҳкум кард. Шонздаҳ маҳкумшуда аз Тоҷикистон, як нафар аз Қирғизистон ва дуи дигар аз Ингушистон ҳастанд.
Азбаски мурофиаи онҳо паси дарҳои баста гузашт, мавқеашон ба айбнома ва ҳукм маълум нест. Пештар ҳомиёни ҳуқуқ латукӯб ва шиканҷаи баъзе аз гумонбарони ҳамла ба толори “Крокус”-ро танқид карда, дурустии иқрори онҳоро зери суол бурда буданд.
Дар ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд. Гурӯҳи ДОИШ ҳамларо кори дасти пайравонаш номид, вале далели возеҳе пешниҳод накард.
Мақомоти Русия бо баҳонаи ҳамла ба "Крокус" фишору азияти муҳоҷирон ва махсусан зодагони Тоҷикистонро ба маротиб афзоиш доданд. Садҳо муҳоҷири тоҷик бо шеваи таҳқиромез боздошту азият ва сипас ба ватан фиристода шуданд.
Бо гузашти ду сол аз ҳодиса ва эълони ҳукми гумонбарон, ин парванда ҳамчунон норӯшанӣ ва суолҳои зиёде дорад, ки дар шароити ҷомеаи бастаи Русия ба онҳо посух ёфтан мушкил аст.
Як эътирозгари дигарро дар Эрон қатл карданд
Эрон як эътирозгареро, ки дар ҷараёни намоишҳои зиддиҳукуматии моҳи январ боздошт шуда буд, қатл кардааст.
Дар ин бора ҲРАНА, гурӯҳи ҳуқуқи башар бо такя ба "Мизон", нашрияи Додгоҳи Олии Эрон хабар додааст.
Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки Алӣ Фаҳим рӯзи 6-уми апрел, пас аз таъйиди ҳукмаш аз ҷониби зинаи болоии додгоҳ, ба дор кашида шуд.
Ӯро ба он муттаҳам карда буданд, ки гӯиё дар ҷараёни эътирозҳо як пойгоҳи нерӯҳои Басиҷро оташ задааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар ин иддаоро бепоя меноманд.
Алӣ Фаҳим нафари чорум аст, ки дар чанд рӯзи охир эъдом мешаванд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, эҳтимол чанд боздоштшудаи дигар, рӯзҳои оянда ба қатл маҳкум шаванд.
Ба гуфтаи ин созмонҳо, мақомоти Эрон боздоштшудаҳоро маҷбур мекунанд, то гуноҳеро эътироф кунанд ва баъдан додгоҳҳо ноодилона нисбат ба онҳо ҳукми қатл содир мекунанд.
Эрон ва Исроил аз талафоту харобиҳо хабар доданд
Расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки рӯзи 6-уми апрел дар ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба ин кишвар 19 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории давлатии ИРНА бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ноҳияи Шаҳриёр ва Баҳористон ба ду бинои истиқоматӣ ҳамла шудааст.
Наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо чанд ҷасадро берун кардаанд.
Тасним, хабаргузории наздик ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ навиштааст, ки дар миёни кушташудагон 6 кӯдаки аз даҳсола поён низ ҳаст.
Тасдиқи мустақилонаи иддаои мақомоти Эрон дар шароити кунунӣ имконнопазир аст.
Аз сӯи дигар, расонаҳои Исроил рӯзи 6-уми апрел гузориш доданд, ки Эрон дар ҳамлаи мушакӣ ба Телавив аз бомби хӯшаӣ истифода кардааст. Бино ба иттилои хабаргузории “Ynet”, тақрибан дар 20 минтақа бархӯрди мушакҳо сабт шудааст.
Дар ин ҳамлаҳо чанд нафар ҷароҳат бардоштааст, ки вазъи яке аз онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Як мактаб низ дар Исроил дар ҳамлаи рӯзи 6-уми апрел осеб дидааст.
Дар шаҳри Ҳайфаи Исроил дар ҳамлаҳои Эрон ду нафар кушта шуда, чанд воситаи нақлиёт оташ гирифтаанд.
Сардори як раёсати Сипоҳи посдорони Эрон кушта шуд
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 6-уми апрел эълон кард, ки Маҷиди Ходимӣ, раиси созмони иттилоот ё "разведка"-и ин нерӯи низомӣ дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил кушта шудааст.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ӯро шахсе номбар кардаанд, ки "ҳудуди ним қарн инқилоб, низом ва меҳани исломиро содиқона ва шуҷоона пос дошт".
Вазири дифои Исроил соате баъд аз эълони хабар гуфт, дар ҷараёни як ҷаласаи арзёбӣ бо раиси Ситоди артиш аз ин ҳамла хабардор шудааст.
Исроил Катс афзуд, "раҳбарони Эрон бо эҳсоси таъқиб ва таҳдид зиндагӣ мекунанд. Мо пайгирии ҳар яке аз онҳоро идома хоҳем дод."
Маҷид Ходимӣ дар тобистони порсол ва дар пайи кушта шудани Муҳаммад Козимӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон ба раёсати созмони иттилооти Сипоҳ расид.
Вазорати хазонадории Амрико соли гузашта ӯро дар феҳрасти шахсони зери таҳрим қарор дод.
Мансабдорони Амрико созмони иттилооти Сипоҳро "сутуни корзори хушунати густарда, боздоштҳои худсарона ва иръоб (шантаж)" номиданд. Корзоре, ки бо ҳадафи аз байн бурдани мавҷи эътирозҳо дар Эрон анҷом шудааст.
ИМА аз оғози ҷанг бо Эрон 7 ҳавопаймои ҷангиро аз даст додааст
Аз оғози ҷанг бо Эрон дастикам 7 ҳавопаймои ҷангии Амрико сарнагун шудааст.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии CNN, яке аз охирин ҳавопаймоҳои нобудшудаи ҷангӣ F-15E Strike Eagle аст, ки рӯзи 3-юми апрел аз ҷониби нерӯҳои Эрон сарнагун карда шуд.
Ҳавопаймои навъи А-10 Thunderbolt II ҳам, ки дар амалиёти наҷоти халабонҳои ҷангандаи F-15 ширкат мекард, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Бино ба навиштаи CNN, рӯзи дуюми март се ҳавопаймои ҷангии навъи F-15 аз сӯйи нерӯҳои Кувайт нобуд карда шуд ва 12-уми март ҳавопаймои КС-135 дар Ироқ суқут карда, сабаби марги 6 нафар шуд.
Ҳамин тавр, рӯзи 27-уми март дар пайи ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арабистони Саудӣ, ҳавопаймои дигари низомии Амрико, E-3 Sentry сарнагун шуд.
Рӯзи якшанбе хабар дода шуд, ки наҷотдиҳандагони амрикоӣ халабони дувуми ҳавопаймои сарнагуншудаи F-15-ро дар Эрон пайдо карданд. Телевизионии CBS News навиштааст, дар ҷарраёни амалиёти наҷот ИМА ду ҳавопаймои худро нобуд кард, то ба дасти нерӯҳои Эрон наафтанд.
Ҷустуҷӯйи тило дар Фондарё бо марги як нафар анҷом ёфт
Ҳангоми ҷустуҷӯйи тило дар Фондарё як сокини ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Зарафшон гуфт, ҳодиса субҳи панҷуми апрел дар мавзеи оби Хуиҷи ҳамин ноҳия рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ду сокини деҳаи Вотаи Урметан бо ҳадафи дарёфти тило ба мавзеи хатарноки дарё ворид шуда, яке аз онҳо ғарқ гардидааст.
Мақомот “риоя нагардидани қоидаҳои бехатариро ҳангоми убури дарё” сабаби ҳодиса номиданд.
Нафари дувумро, ки дар тарафи дигари дарё дармонда буд, наҷот додаанд.
Аз нафари фавтида ном бурда нашудааст ва ҷустуҷӯйи ӯ аз сӯйи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дорад.
Ғолибони мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ муайян шуданд
Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе», ки 5-уми апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ба поён расид.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори ҳафтум сурат гирифт, варзишгарон аз 25 кишвар дар вазнҳои -65 кг, -78 кг, -86 кг, +86 кг байни мардон ва дар вазни то 70- килограмм миёни занон рақобат карданд.
Дар сабқати мардон дар ду вазн паҳлавонони тоҷик –Ёсин Бобокалонов (-65 кг) ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-78 кг) - ғолиб шуданд. Бобокалонов дар финал паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуровро мағлуб кард. Наҷмиддинов бошад, дар финал бар паҳлавони узбекистонӣ Умед Эсанов дастболо шуд.
Ҳамин тариқ, дар вазни то 65 кило Ёсин Бобокалонов медали тило, Сарвар Абдушукуров медали нуқра, Дилшод Буриев ва Артём Штурбабин, ҳарду аз Узбекистон, медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар вазни то 78 кило Маҳмадшариф Наҷмиддинов бо медали тило, Умед Эсанов бо медали нуқра, Қоим Шукронов аз Тоҷикистон ва Адилет Ахметгалӣ аз Қазоқистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дар ду вазни дигар байни мардон гуштигирони Узбекистон Аҳрор Зиёдуллоев ва Шоҳруххон Бахтиёров бар намояндагони Тоҷикистон ғалаба карданд. Зиёдуллоев дар финали вазни то 86 кило бар Ҳақназар Назаров пирӯз шуд. Бахтиёров бошад, дар финали вазни +86 кило Шарифҷон Назриевро шикаст дод.
Дар вазни то 86 кило Аҳрор Зиёдуллоев бо медали тило, Ҳақназар Назаров бо медали нуқра, Ёқубҷон Назиров аз Русия ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар вазни беш аз 86 кило Шоҳруххон Бахтиёров медали тило, Шарифҷон Назриев медали нуқра, Бекмурод Олтибоев аз Узбекистон ва Ҳусейн Холмурзаев аз Русия медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни занон дар вазни то 70 кило Камила Бадурова бар ҳамватани худ Алёна Прокопенко пирӯзӣ ба даст оварда, бо медали тило сарфароз гашт. Прокопенко бо медали нуқра, Алина Молдоқулова аз Қирғизистон ва Юлия Гребеножко аз Украина бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» - мақоми байнулмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардид.
"Гулӯгоҳро боз кунед, вагарна..." Ҳушдори дигарбораи Трамп ба Эрон
Доналд Трамп, президенти Амрико дигарбора ҳушдор дод, ки агар Теҳрон гулӯгоҳи Ҳурмузро боз накунад, ба зерсохторҳои ин кишвар зарбаи сахт хоҳад зад.
Ин изҳороти шадиди ӯ чанд соат пас аз эълони хабари наҷоти охирин халабони ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуд, садо дод.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" бо лаҳни бисёр шадид ва дурушт навишт: "Рӯзи сешанбе дар Эрон "Рӯзи неругоҳҳо" ва "Рӯзи пулҳо" хоҳад буд. Чизе шабеҳи онро то ҳол надидаед!!! гулӯгоҳи лаънатиро боз кунед, вагарна дар дӯзах зиндагӣ хоҳед кард"- гуфтааст Трамп.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "The Wall Street Journal" рӯзи 5-уми апрел, вай гуфт, ки Эрон бояд ин оброҳаро дар давоми ду рӯз боз кунад, вагарна “онҳо ҳама неругоҳҳои барқӣ ва ҳар корхонаи дигареро, ки дар саросари кишвар доранд, аз даст хоҳанд дод".
Ӯ дар як паём "Сешанбе, соати 20:00"-ро мӯҳлати охирин эълон кард, аммо тафсилоти бештаре надод. Раисҷумҳури Амрико пештар таҳдид карда буд, ки агар дар 48 соат гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз боз нашавад, нерӯгоҳҳои Эронро “торумор” мекунад.
Бо вуҷуди таҳдидҳо, Трамп дар мусоҳиба бо "Fox News" гуфт, ки Теҳрон “ҳоло дар ҳоли гуфтушунид аст" ва ӯ бовар дорад, ки дар 24 соати оянда "имкони хубе" барои расидан ба созиш вуҷуд дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои ин кишвар ба нерӯгоҳҳо дар минтақа ҳамла хоҳад кард. Раиси Парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, дар як вокуниши тунд, рӯзи 5-уми апрел гуфт, Вашингтон бояд “ба ин бозии хатарнок” ва ҷанг хотима диҳад.
Вай Амрикоро ба "иқдомҳои бемулоҳиза" муттаҳам кард ва гуфт, ки “тамоми минтақа хоҳад сухт”
Эълони ташхиси ройгони тиббӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки сокинони кишвар метавонанд ин ҳафта бепул ё ройгон аз ташхиси тиббӣ ва муоинаи пизишкон гузаранд.
Ба иттилои расмӣ, дар доираи иқдоми ҳафтаи саломатӣ ва рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, аз 6 то 10-уми апрел "мутахассисон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир" сокинонро ройгон ташхис мекунанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, рӯзи аввали чорабинӣ дар беморхонаи маъруф ба Клиникаи Мансуров мегузарад ва сокинон аз субҳ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси ройгон ва гирифтани машварати тиббӣ ба ин дармонгоҳ муроҷиат кунанд.
Рӯзи 7-уми апрел бошандагони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси бепул ба дармонгоҳи ҷойи зисташон раванд.
Барои сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ин иқдом рӯзи 8-уми апрел баргузор мешудааст.
Солҳои гузашта низ сокинон ройгон аз ташхиси пизишкон мегузаштанд. Ин иқдом боис мешуд, ки одамони зиёде барои бепул супоридани ташхис дар назди беморхонаҳои давлатӣ ҷамъ шаванд.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Онҳое, ки тавони пардохтро надоранд дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо шитофтаанд.