Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаҳими Даштиро дар Панҷшер чӣ гуна куштанд? Ҳамсараш гуфт, медонад. ВИДЕО


Фаҳими Даштӣ
Фаҳими Даштӣ

Сайёра Даштӣ, ҳамсари Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз ёрони Аҳмад Масъуд, мегӯяд, дар бораи шеваи қатли шавҳараш ба дасти Толибон иттилои дақиқ дорад, вале бартарӣ медиҳад, ки онро баъдан дар ихтиёри расонаҳо бигузорад.

Фаҳими Даштӣ хабарнигори маъруф, ки дар Тоҷикистон ҳам ӯро мешинохтанд, моҳи сентябри соли 2021, ҳангоми ҳамлаи Толибон ба вилояти Панҷшер, кушта шуд.

Сайёра Даштӣ ҳоло бо се фарзандаш дар Албания зиндагӣ мекунад ва қарор аст, дар Канада паноҳанда шавад. Ӯ пас аз 22 соли зиндагӣ, соли гузашта ҳамсараш Фаҳим Даштӣ ва бародараш генерал Абдулвадуд Зарраро дар ҷанг бо Толибон аз даст дод.

“Аз замоне ки Толибон Кобулро гирифта буданд, шаш рӯз гузашта буд. Ман ҳамроҳаш ба Панҷшер рафтам. Ҳамроҳи бародарам ва Фаҳимҷон. Онҳоро ман ба Панҷшер расондам, чун мавзуъ ин буд, ки агар дар мошин хонум мебуд, мамониат набуд. Толибон талошӣ (кофтуков) намекарданд. Барои ҳамин, онҳо вақти охир тасмим гирифтанд, ки мо ба Панҷшер равем. Ман гуфтам, ки ҳамроҳатон меравам. Ҳарду мамониат накарданд, гуфтанд, биравем,” – нақл кард ӯ.

Ҳамсари Фаҳими Даштӣ мегӯяд, шуморе аз ниҳодҳову сиёсатмадорони хориҷӣ ва ҳукумати Фаронса дар таҳқиқи шеваи қатли шавҳару бародараш ҳамкорӣ кардаанд, ҳарчанд гуфтаи ӯ, аз тарафи ниҳодҳои мустақил ва ё ҳукумати Фаронса тасдиқ нашудааст.

Сайёра Даштӣ мегӯяд, фурсати он нарасидааст, ки иттилои комилро дар бораи марги ҳамсараш дар ихтиёри расонаҳо гузорад: "Ривоятҳои гуногун вуҷуд дошт ва мувассақтаринаш, ки дар бораи боздошту шаҳодаташон ба мо расид, тарҷеҳ медиҳам, баъдан ҳамроҳи расонаҳо шарик кунам, беҳтар аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Фаҳими Даштиро чӣ гуна куштанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Дар бораи қатли Фаҳими Даштӣ дар нахустин рӯзҳои ҳамлаи Толибон ба Панҷшер ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад.

Сиддиқулло Тавҳидӣ, ки яке аз хешони наздик ва ҳамкорони ӯст, яке аз ин ривоятҳоро мегӯяд: “Покистониҳо дар либоси Толибон ва дар канори Толибон буданд. Инҳо ба як хона мунтақил мешаванд, чанд соат пайваста мавриди бозҷӯӣ қарор мегиранд. Дар ҷараёни бозҷӯӣ бо туфанг ба як пойи Фаҳими Даштӣ шиллик мекунанд (тир мезананд). Бо дастмоле, ки ҳамеша бо худаш дошт, пояшро мебандад. Баъд инҳоро меоранд, канори дарёи Панҷшер, пушти як ресторани баҳорӣ, бо номи Дарёбод ва дар ақиби ин ресторан дар фосилаи 100-150 метрӣ тирборон мекунанд.”

Толибон ин иддаоро рад мекунанд. Сухангӯяшон Забеҳулло Муҳоҷид дар паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иддао арзиши посух доданро надорад.

Дар айни ҳол худи Забеҳулло Муҳоҷид пас аз қатли Фаҳими Даштӣ гуфта буд, ки ӯ дар ҷараёни даргирӣ байни фармондеҳони нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат кушта шудааст. Иддаое, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ онро беасос хонда, рад кардааст.

Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигор ва таҳлилгари сиёсӣ, ки ба Тоҷикистон ҳам равуои зиёд дошт ва муддате раиси Иттиҳодияи Хабарнигорони Афғонистон буд, 5-уми сентябри соли гузашта кушта шуд. Баъди бозгашти Толибон, ӯ ба Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пайваст.

Фаҳими Даштӣ дар аҳди Толибон дар солҳои 90-ум низ аз чеҳраҳои фаъол дар Ҷабҳаи муқовимат ва зидди Толибон буд. Ӯ дар ҳамлаи аъзои Ал-Қоида дар сентябри соли 2001, ки дар натиҷаи он Аҳмадшоҳ Масъуд ба қатл расид, сахт захмӣ шуда буд. Ҳоло ҳамсару се фарзандаш дар Албания муҳоҷир ҳастанд ва қарор аст, ба Канада бираванд.

XS
SM
MD
LG