Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳифаҳои Алия Назарбоеваро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд


Алия Назарбаева, духтари Нурсултон Назарбоев.

Саҳифаҳои Алия Назарбоева, духтари хурдии Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон аз "Фейсбук" ва "Инстаграм" пок шудаанд. Дастнорас шудани саҳифаҳои Назарбоева баъди чанд соати нашри изҳороташ дар бораи эътирозҳои Қазоқистон сурат гирифт. Поёни навиштаи Назарбоева шарҳҳои манфӣ хеле зиёд навишта шуд.

Рӯзи 13-уми январ Назарбоева ҳаводиси ибтидои моҳи ҷориро дар кишвараш "фоҷеа" унвон кард ва ба хонаводаи кушташудаҳо ҳамдардӣ баён намуд. Расонаҳо навиштанд, ки Алия Назарбоева аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди интернет шудааст.

Эътирозҳои мардумӣ дар Қазоқистон рӯзи 2 январ шуруъ шуданд ва сокинон бо шиори "Пирамард, бирав!", ки зоҳиран манзурашон Нурсултон Назарбоеви 81-сола буд, ба кӯча бароманд. Назарбоев баъди канор рафтан аз курсии президентӣ раиси Шӯрои амнияти кишвараш боқӣ мондаву давлатро назорат мекард.

XS
SM
MD
LG