Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Р.Эмомалӣ аз "интернети сусти ширкатҳои мобилӣ". Мунаққидон: сабаб дар дахолати давлат ба соҳа аст


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз кори ширкатҳои мобилӣ танқид кардааст. Шаҳрдории Душанбе навишт, дар рафти ҷаласаи ҳисоботии ин сохтор, ки 12-уми январ барпо шуд, аз фаъолияти панҷсолааш ба хадамоти ширкатҳои мобилӣ дахл карда, аз сифат ва суръати “бениҳоят сусти интернет” интиқод намудааст. Ӯ ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ мӯҳлат ва дастур додааст, ки дар фурсати наздик “барои ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифати алоқаву интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чора андешанд”. Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки чандин сол аст дар Тоҷикистон огоҳони умур баръакс худи мақомотро барои маҳдуд кардани имкониятҳои рушди интернет танқид мекунанд. Интернет ва алоқаи мобилие, ки ҳанӯз оғози солҳои 2000-ум бо суръату сифат ва нархи муносибаш фарогир буду ситоиш мешуд, чандин соли охир маҳдуд шуда рукуд кардааст. Аксарияти сокинони Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд ки пули зиёдро барои дастрасӣ ба интернет медиҳанд, вале сифату суръати он ва гуфтугӯ бо телефони мобилӣ қаноатбахш нест. Як муассисаи таҳқиқотӣ моҳи июни соли гузашта гуфта буд, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабашро ба дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет рабт дод. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Аз соли 2018 бозори Интернет зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" гузашт.

XS
SM
MD
LG