Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон ҳашт шаҳрванди хориҷиро ба ҷавобгарӣ кашидаанд


Кишоварзони чинӣ дар Хатлон, акс аз соли 2013
Кишоварзони чинӣ дар Хатлон, акс аз соли 2013

Мақомот дар минтақаи Хатлон 8 шаҳрванди хориҷиро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ин афрод, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон кору зиндагӣ мекарданд, барои қонуншиканӣ дар як соли ахир ҷарима шудаанд.

Дилшод Одинаев, як масъули Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми амалиёт ошкор шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ қоидаи будубошро вайрон кардаанд. Онҳоро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.

Дар як соли охир Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ба 200 шаҳрванди хориҷӣ барои кор дар қаламрави Хатлон иҷозатномаи кор додааст, ки 170 нафари онҳо аз Чин ҳастанд.

Дар Хатлон дар 39 корхонаву ширкатҳо 636 шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG