Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқистонӣ баъди ду ҳафта пайдо шуд


Рӯзноманигори қазоқистонӣ Махамбет Абжан, ки ҳаводиси ибтидои моҳи январро дар Қазоқистон инъикос мекард, баъди ду ҳафтаи бедаракӣ пайдо шуд.

Абжан рӯзи 20 январ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар шаҳри дигар пинҳон буд ва айни замон дар озодӣ аст.

Абжан афзуд, пулис парвандаеро таҳқиқ мекунад, ки рӯзноманигор дар доираи он ба ҳайси шоҳид ширкат дорад ва мумкин аст, ӯро гумонбар кунанд. Рӯзноманигор гуфт, санади ошкор накардани сирри тафтишотро имзо кардааст ва биноан, наметавонад, иттилои зиёд диҳад.

Рӯзноманигор Махамбет Абжан, ки дар авҷи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон бедарак гашта буд. Наздикони рӯзноманигор пештар гуфта буданд, ки ӯ аз 6-уми январи имсол ба ин сӯ беному нишон гаштааст.

"Вакили дифоъ ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон муроҷиат кард. Дар онҷо гуфтанд, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд. Мо мехоҳем, дар ин бора расман посух диҳанд. Қадамҳои минбаъдаи мо низ аз он чи дар посух гуфта мешавад, вобастааст," - изҳор дошт ҳамсари рӯзноманигор Гулзира Дуйсембоева.

Ба гуфтаи Дуйсембоева, як рӯз пеш аз бедаракшавии шавҳараш, кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хонаи онҳо омада, талаб карданд, ки дарро кушоянд. Рӯзноманигор дарро накушодааст. Кормандони пулис гуфтаанд, ҳамсояҳо шикоят кардаанд, ки гуё аз хонаи рӯзноманигор сарусадои баланд шунида мешавад.

Абжан эътирозҳои оммавии 4-уми январ дар пойтахти Қазоқистонро бозтоб медод ва субҳи 6-уми январ аз хона берун ва бедарак шуда буд.

XS
SM
MD
LG