Дар чанд ҷумла
Санаи референдуми тамдиди қудрати Лукашенко таъин шуд
Дар Беларус рӯзи 27-уми феврал референдум ё ҳамапурсӣ барои тағйир додани конститутсияи кишвар барпо мешавад. Ҳадафи асосии тағйироти қонуни асосӣ соли 2035 дароз кардани мӯҳлати раҳбарии Александр Лукашенкои худкома мебошад. Дар бораи санаи баргузории ҳамапурсӣ рӯзи 20 январ дафтари президенти Беларус хабар дод. Дар ҳампурсӣ ба сокинон як суол медиҳанд: “Шумо тағйироту иловаҳо ба конститутсияи Ҷумҳурии Беларусро қабул мекунед?” Лукашенкои 67-сола баъди он аз зарурати тағйир додани конститутсияи кишвар гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи президентии августи соли 2020, ки Лукашенкоро пирӯз эълон кард, бо норизоияти шадид ва мухолифати мардум рӯбарӯ шуд. Лукашенко бо бераҳмтарин шева эътирозҳои мардумиро саркӯб кард. Эътирозгарон гуфтанд, даври шашуми раёсатҷумҳурии Лукашенко бо роҳи тақаллуб ба даст омадааст.
Мухолифони Лукашенко баргузории референдумро ба боди танқид кашида гуфтанд, ки дар пасманзари таҳримҳои ғарбу инзивои байналмилалӣ Лукашенко талош дорад, ки ҳузури худро дар қудрат тақвият диҳад. Дар сурати қабули конститутсия, Лукашенко аз пайгард озод мешавад ва мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар бо ду мӯҳлати панҷсола маҳдуд хоҳад шуд. Вале то он замон Лукашенко метавонад то 81-солагӣ дар сари қудрат бимонад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Интиқоли Наргис Муҳаммадӣ аз зиндон ба бемористон
Дар пайи интиқоли Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел аз зиндони Занҷон ба бемористоне дар ҳамин шаҳр, Бунёди Наргис Муҳаммадӣ эълон кард, ки вазъи саломатии ӯ "бад" аст.
Ҳамидризо Муҳаммадӣ, бародари Наргис, рӯзи 2 май ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз интиқоли хоҳараш ба бахши назорати вижаи қалбӣ дар бемористони Занҷон, хонаводааш тавонистаанд ӯро бубинанд ва афзуд, ҳоли ӯ "вахим" аст ва бо истифода аз дастгоҳ нафас мекашад.
Ҳамидризо Муҳаммад, ки дар Норвегия зиндагӣ мекунад, ҳамчунин мегӯяд, шаш нафар аз табибон тайи як моҳи ахир, ки вазъи саломатии хоҳараш дар зиндон бад шудааст, иҷозат додаанд , ки ӯ бояд дастикам як моҳ дур аз шароити зиндон бошад.
Бунёди Наргис Муҳаммадӣ рӯзи 1 май хабар дод, ин фаъоли ҳуқуқи башар ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел бинобар бад шудани вазъи саломатиаш ба таври фаврӣ ба бемористоне дар Зиндон интиқол дода шудааст.
Бар асоси эълони ин бунёд, ӯ ду бор дучори аз даст додани ҳушёрӣ ва як бӯҳрони сахти қалбӣ шуда, вазъияташ "ниҳоят бад" аст.
Мустафо Нилӣ, вакили Наргис Муҳаммадӣ пештар дар шабакаи Х навишта буд, ки ӯ рӯзи ҷумъа бар асари ногаҳон поин шудани фишори хун беҳуш шуд ва табибон тавсия доданд, ки ба бемористон интиқол дода шавад.
Наргис Муҳаммадӣ дар моҳи декабри соли гузашта дар маросими хоксупории Хусрав Аликурдӣ, як вакили Вазорати адлияи Эрон, дар шаҳри Машҳад боздошт ва сипас дар Додгоҳи инқилоби Машҳад ба зиндон маҳкум шуд.
Вакили дифои ӯ баъдан эълон кард, ки Наргис Муҳаммадӣ ба ҳафтуним сол зиндон ва ҳамчунин манъи хуруҷ аз кишвар ва табъид, маҳкум шудааст.
Ин ҳукм бо вокуниши сахти ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ рӯбарӯ шуд.
ИМА аз хуруҷи 5 ҳазор нерӯяш аз Олмон дар як соли оянда хабар дод
Пентагон хабар дод, ки Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико рӯзи 1 май дастур додааст, ҳудуди панҷ ҳазор нерӯи низомии ин кишвар давоми як соли оянда аз Олмон берун шаванд.
Ин тасмим дар ҳоле эълон мешавад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ хабар додааст, тарофа ё боҷҳо бар худравҳо ва мошинҳои воридотӣ аз Иттиҳоди Аврупо аз ҳафтаи оянда ба 25 дарсад афзоиш меёбад.
Ӯ Иттиҳоди Аврупоро муттаҳам кард, ки ба созиши тиҷории имзошуда дар тобистони гузашта пойбанд набудааст.
Трамп ҳамчунин бори дигар аз Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон интиқод кард. Интиқод аз Мертс пас аз он оғоз шуд, ки ӯ рӯзи 27 апрел дар як суханронӣ гуфт, ки Эрон дар сари мизи музокирот, Вашингтонро "таҳқир" кардааст.
Мертс дар ин суханронӣ ҳамчунин мақомҳои ҳукумати Трампро муттаҳам кард, ки "бе як стратегияи рӯшан" вориди ҷанг шудаанд.
Трамп дар вокуниш гуфт, Мертс "фикр мекунад, доштани силоҳи ҳастаӣ барои Эрон мушкиле надорад, ӯ намедонад дар бораи чӣ гап мезанад".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 29 апрел эълон карда буд, ки Вашингтон дар ҳоли "баррасӣ ва арзёбии коҳиши эҳтимолӣ"-и нерӯҳои худ дар Олмон аст ва дар "муддате кутоҳе" тасмими ниҳоиро хоҳанд гирифт.
Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон дар баёнияе рӯзи 1 май гуфт, интизор меравад ин хуруҷи нерӯҳо тайи шаш то дувоздаҳ моҳ такмил шавад.
Ӯ афзуд, ин тасмим пас аз "бозбиниии комил ороиши нерӯҳои Вазорати дифоъ дар Аврупо" ва бо дарназар гирифтани шароити майдонӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Дар ҳамлаи Русия ба мусофирбар дар Херсон ду кас кушта шуд
Дар ҳамлаи паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як мусофирбар дар шаҳри Херсон ду нафар ҷон бохтааст. Ин ҳамла субҳи шанбеи 2-юми май рух додааст.
Ярослав Шанко, волии Херсон гуфтааст, яке аз кушташудаҳо корманди идораи комуналӣ ва дуввумӣ зане буд, ки шахсияташ маълум нест. Ҳамчунин ҳафт мусофир, аз ҷумла чор корманди идораи комуналӣ захмӣ шудаанд.
Мақомоти украинӣ ҳамчунин аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба як баландошёна дар вилояти Херсон хабар доданд. Як марди 23 сола дар ин ҳамла осеб бардоштааст.
Ҳамчунин Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина аз ҳамлаи паҳподҳои русӣ ба маҳаллае дар Харков хабар додааст. Дар ин ҳамла шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шуданд.
Ба ҳисоби Неруҳои мудофиаи ҳавоии Украина, шаби гузашта Русия бо 163 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст, ки 142 ададаи он нобуд шуданд.
Номи беш аз 216 ҳазор низомии кушташудаи русро маълум кардаанд
Хабарнигорони бахши русиии "Би-би-си" ва "Медиазона" номи беш аз 216 ҳазор низомии Русияро маълум кардаанд, ки дар ҷанг зидди Украина кушта шудаанд.
Хабарнигорон танҳо давоми ду ҳафтаи ахир номи зиёда аз 4600 низомии кушташудаи Русияро аниқ кардаанд.
Дар таҳқиқоти журналистӣ омадааст, талафоти воқеии Русия дар ҷанг метавонад бештар аз ин бошад. Рӯзноманигорон ба хулосае омадаанд, ки ҳудуди 40 дарсад аз кушташудагон онҳое ҳастанд, ки баъди оғози ҷанг бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Бештари онҳо сокинони шаҳрҳои хурд ва рустоҳо будаанд.
Русия талафоти низомиёнаш дар ҷанг зидди Украинаро фош намекунад.
Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.
Трамп мегӯяд, ҷанг бо Эрон тамом шудааст
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар номае ба раҳбарони Конгресс навиштааст, ҷанг бо Эрон "ба поён расидааст".
Тибқи қонун дар Амрико, раиси ҷумҳур метавонад дар посух ба "таҳдиди зудҳангом" аз артиш истифода барад, аммо давоми 60 рӯз ё тасдиқи Конгресро гирад ё сарбозонро ба хона баргардонад.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг 40 рӯз давом кард. Барои идомаи ин ҷанг, Доналд Трамп бояд розигии Конгресро ба даст орад.
Аммо раиси ҷумҳури Амрико 1-уми май дар номааш ба қонунгузорон навиштааст, дигар ниёзе ба гирифтани розигии онҳо нест, чун ҷанг бо Эрон тамом шудааст.
Доналд Трамп навиштааст, "аз рӯзи 7 апрели 2026 миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон табодули оташ рух надодааст. Ҷанге, ки рӯзи 28 феврали оғоз шуд, ба поён расидааст".
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанг ба хотири гуфтугӯ ва расидан ба як созиш ИМА оташбас эълон кард. Ҳанӯз ҳеч нишонае аз гуфтугӯ ва созиш миёни ду кишвар дида намешавад.
Ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Гузоришҳо аз ҳалокати як нафар
Дар пайи боридани борони сахт шоми 1-уми май ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, маҳаллаҳои асосии шаҳр зери об монданд ва дастикам як нафар ба ҳалокат расидааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса ва фавти ин сокин расман хабар надодаанд.
"Ин сокин зери девор монда, ба ҳалокат расидааст", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.
Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ дида мешавад, ки ба ғайр аз роҳҳои калон сел ба ҳавлии сокинон даромадааст.
Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд. Аз ҷумла ба таҳхонаи чандин манзил дар Душанбе об даромада, сокинон аз барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Бозгардони ду тифли тоҷики бесаробон аз Русия ба Душанбе
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ду тифлеро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба Душанбе фиристодаанд.
Дар баёнияи сафорат омадааст, шаҳрвандони ноболиғи кишварро рӯзи 29-уми апрел ба Тоҷикистон фиристоданд.
Интиқоли кӯдакони тоҷики дар Русия бесаробонмонда дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифтааст.
Соли гузашта аз ин кишвар, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, на камтар аз 6 тифли тоҷикро, ки аз волидайн, ё парастор маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон фиристода буданд.
Соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон 54 тифли бесаробонмонда интиқол дода шуд.
Дар Тоҷикистон нахустин хадамоти расмии табодули криптоасъор роҳандозӣ шуд
Дар Тоҷикистон Bitcom.tj - нахустин пойгоҳи табдили пули рақамӣ ё криптоасъор ба кор шурӯъ кард.
Дар ин бора дар намояндагии ширкат хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, ин пойгоҳ хариду фурӯши криптоасъорро бар асоси қонун иҷоза медиҳад ва ин фаъолияти онҳо ба қонунгузории Тоҷикистон ҳам мутобиқат мекунад
Хадамоти табодули криптоасъор имкон медиҳад, ки шахс бо пули миллии Сомонӣ криптоасъор харида ваё чунин арзашаро бифурӯшад.
Дар ин пойгоҳ имкони муомила бо чунин навъҳои пули рақамии мисли Bitcoin, USDT ва Ethereum имконпазир мебошад.
Дар сомона гуфта шудааст, ки онҳо дафтари корие дар Душанбе доранд ва он ҷо бо забонҳои тоҷикиву русӣ хидматрасонӣ сурат мегирад. Муассиси ин хадамот - "Провайдери литсензиашудаи хизматрасониҳо дар соҳаи муомилаи активҳои рақамӣ — резиденти IT Park Душанбе" мебошад.
Ба навиштаи Бонки миллии Тоҷикистон, криптоасъор як шакли дороии рақамӣ буда, ба технологияи блокчейн асос ёфтааст. Криптоасъор дар шабакаи ғайримарказонидашуда бе иштироки мақомоти давлатӣ ё бонки марказӣ (миллӣ) сохта ва идора карда мешавад.
Русия ҳузури муваққатии ронандагони мошинҳои борбар аз Осиёи Марказиро дароз кард
Ҳукумати Русия мӯҳлати муваққатии дар қаламрави ин кишвар истодани ронандагони касбии машғули кор дар интиқолҳои байналмилалиро аз 90 ба 180 рӯз тамдид кард.
Қарор дар ин замина рӯзи 30 июн ба иҷро медарояд.
Ин қарор ба шаҳрвандони кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд ё СНГ, инчунин, шаҳрвандони Гурҷистон рабт дорад, ки ба хоки Русия бидуни виза ворид шуда, дар соҳаи интиқолҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, қоидаҳои нав ба ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт мегирад.
Бино ба ин санад, ронандагон ҳақ доранд дар хоки Русия дар давоми як сол дар маҷмӯъ то 180 рӯз қарор дошта бошанд. Барои ворид шудан ва як муддат дар хоки Русия истодани онҳо бояд ариза дода шавад.
Мақомот мегӯянд, ки қарори мазкур барои коҳиши маҳдудиятҳои маъмурӣ, халал нарасонидан ба интиқоли борҳо ва содда кардани корҳои ташкилӣ дар ин соҳа равона шудааст.
Интиқолҳои байналмилалӣ муҳимтарин шабакаи таъминони бору маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли машрубот кам шудааст
Истеҳсоли арақ ва маҳсулоти дигари алкоҳолӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 дар муқоиса бо соли 2025 беш аз 17 дарсад кам шудааст.
Дар ин бора бо такя ба Оҷонси омор хабаргузории русии Интерфакс хабар додааст. Хабар мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 9,3 ҳазор декалитр машрубот истеҳсол шудааст ва ин 19 ҳазор литр камтар назар ба соли гузашта будааст.
Як далелашро дар камтар шудани талабот дар ин ҷумҳурии асосан мусалмоннишин арзёбӣ карда мегӯянд, ки ин ба як тамоюл табдил шудааст.
Сабаби дигараш дар тағйирот дар соҳаи истеҳсоли машрубот дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Иди Қурбон имсол 27 май фаро мерасад
Муфтии Тоҷикистон санаи эҳтимолии фарорасии Иди Қурбонро эълон кардааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "тибқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд".
Ба гуфтаи муфтии кишвар, ин сана ҳанӯз ниҳоӣ нест ва Шӯрои уламо як ҳафта қабл аз фарорасии ид, рӯзи Иди Қурбонро эълон мекунад.
Мутобиқи таълимоти дини Ислом, иди Қурбон ҳамасола санаи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷри қамарӣ фаро мерасад.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.
Оҷонсӣ: ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон камтар шудааст
Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 6336 ҷиноят сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад камтар мебошад.
Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, имсол куштор ва сӯиқасд ба он 51 дарсад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18, дуздӣ қариб 4 дарсад, қаллобӣ 4,5 ва авбошӣ 3 дарсад коҳиш ёфтаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ низ 3,7 дарсад камтар сабт шудааст.
Аммо дар моҳҳои январ-марти имсол ғоратгарӣ 26 дарсад, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36 ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5 дарсад зиёд шудааст.
Мақомоти қудратӣ ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабабҳои кам шудани содиршавии баъзе ҷиноятҳо чист.
"Ба таҳхона ва ҳавлиҳо об даромад". Оқибати борони сахт дар Душанбе
Дар пайи боридани борони сел ва жолаи сахт, ба таҳхонаи чанд бино дар шаҳри Душанбе об даромадааст ва корҳои бартарафсозӣ идома доранд. Дар ин бора аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе 1-уми май ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳодисаи рӯзи гузашта ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, зарари расида аз ин офати табииро ҳисоб доранд.
Баъзе аз сокинон, махсусан аз ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки таҳхонаи бинои зист ва ҳавлиашон зери об мондааст.
Рӯзи 30-юми апрел борони сел ва жолаи сахт зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард. Баъзе аз роҳҳо, аз ҷумла роҳҳо дар ноҳияи Сино зери об монданд ва ҳаракати нақлиёт як муддат дар онҳо номумкин шуд. Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Трамп гуфт, теъдоди сарбозони Амрикоро дар Олмон кам мекунанд
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико коҳиши нерӯҳои низомиаш дар Олмонро баррасӣ дорад.
Доналд Трамп, президенти ИМА дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки "дар ояндаи наздик бояд тасмим гирифта шавад".
Пеш аз ин, президенти Амрико Фридирх Мертс, садри аъзами Олмонро барои назараш дар мавриди ҷанги ИМА бо Эрон танқид карда буд.
Садри аъзами Олмон гуфта буд, ки зоҳиран ИМА ҳеч нақшаи дақиқе барои ҷанг дар Эрон надошт.
Олмон ва ИМА кишварҳои муҳими узви созмони низомии НАТО ҳастанд.
ИМА дар пойгоҳи низомиаш дар Олмон 39 ҳазор низомӣ дорад.
Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо кам хоҳанд шуд.
Маъмурияти Трамп борҳо гуфтаанд, ки ҳузурашон дар созмони низомии НАТО-ро бозбинӣ хоҳанд кард.
Борону жола ҳаракати нақлиёт ва зиндагӣ дар Душанберо сахт кард
Борони сел ва жолаи сахт имрӯз, 30-юми апрел, зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард.
Дар видеоҳо аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр дида мешавад, ки баъзе аз роҳҳо зери об мондаанд ва ҳаракати нақлиёт дар онҳо номумкин шудааст. Дар дигар видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Мақомот барои боз кардани ҷӯйҳои обгузари шаҳр, мошин ва дигар нақлиётро сафарбар кардаанд, вале зоҳиран имкони рафъи паёмадҳои селобро надоранд.
Наворро инҷо бинед:
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки аз имрӯз то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст. Ҳар сол дар натиҷаи селу обхезӣ ва тармаву дигар офатҳо мардум даҳҳо миллион доллар зиён мебинанд. Ҳолатҳои талафоти ҷонӣ ҳам дида мешавад.